Хирс
Хирс дар хоб душмани беақл ва дузд аст, дар баъзе ҳолатҳо хирс дар хоб зани бадафту баднамуд аст.
Мадинаи муқаддас
Мадинаи муқадас дар хоб шаш таъбир дорад: бехатарӣ, авфи гуноҳҳо, лутфу марҳамати Оллоҳ, наҷот аз бадӣ, раҳоӣ аз ташвишҳо ва зиндагии гуворо.
Маккаи мукаррама
Дар хоб вориди Маккаи мукаррама гаштан бехатарӣ, ҳаҷ кардан ва насибаи Оллоҳ аст.
Осиёб, санги осиёб
Осиёб дар хоб нишонаи раҳо ёфтан аз мушкилоти молиявӣ ё осудаҳолӣ баъди камбизоатӣ, ҳамзамон зан барои марди муҷаррад ва шавҳар барои зани танҳо аст. Дар хоб дидани он ки осибёи дастӣ дар маркази шаҳр ё дохили масҷид қарор дорад, ин шаҳр ба вайрона мубаддал мегардад, чунин хоб аз сар задани ҷанг шаҳодат медиҳад. Чарх задани санги осиёб дар хоб ин сурудхонӣ ва пешравӣ дар ҳама кор аст. Нафаре, ки дар хоб бо осиёб кор мекунад, дар бедорӣ мағозаи шахсии худро мекушояд. Осиёби шикастаро хоб дидан нишонаи аз ташвишҳо раҳо ёфтан ё марг аст.
Ҳайз
Зане, ки худро дар ҳоли ҳайз хоб мебинад, гунаҳкор асту корҳояш чигилу бенизом аст. Рафту дар хобаш зан оббозӣ кунад, тавбаву тазарруъ мекунаду ташвишҳояш рафъ мегарданд. Ҳайз дар хоб нишонаи заифии дину имон, рӯзаву намоз аст. Зани бе фарзанд агар худро дар ҳоли ҳайз хоб бинад, ҳомила ва соҳиби фарзандони зиёде мегардад.
Сарроф, банкир
Корманди банк дар хоб олими донишмандест, ки аз ӯ барои дин ва охират фоидае нест.
Мурда
Худро дар миёни мурдагон зинда хоб дидан маънои онро дорад, ки шахси чунин хобдида дар байни дурӯягоне умр ба сар мебарад, ки қалбҳояшон ҳарфи ҳақро дарк намекунад. Худро дар миёни мурдагон мурда хоб дидан маънои аз ягон навигарӣ фавтидан ё ба роҳи дуре баромадану барнагаштанро дорад. Дар хоб мурдаро қапидан қурбони амали нафратангезу разилона шудан аст. Мурдаро бардошта бурдан дар хоб ба боигарӣ расидан аст. Мурдаро ҳамроҳӣ кардан маънои ба роҳи дур баромадан ва он ҷо неъмат ба даст оварданро дорад.
Қассос, ҷазо
Қассос, ҷазо дар хоб нишонаи дарозумрӣ аст.
Мӯина
Мӯина пушидан дар хоб дар фасли зимистон нишонаи боигарӣ ва некӣ асту дар тобистон нишонаи андуҳ. Мӯина ва пӯсти ҳайвоноти ваҳширо хоб дидан нишонаи бо афроди золим робита кардан аст.
Либоси мӯинадор пушидан нишонаи ба одамон роҳбарӣ кардан аст. Либоси нави мӯинадорро дар хоб чаппа пушидан маънои онро дорад, ки шахси чунин хобдида дороии худро пинҳон кардан мехоҳад. Пӯст ва мӯинаи ҳайвоноти хонагӣ аз беҳбудии зиндагӣ дарак медиҳад.
Шамшер
Шамшер дар хоб ин ҳокимият ва писар аст. Нафаре, ки дар хоби худ шамшер мебарад, мавқеи масъул ва баландеро соҳиб мешавад. Марде, ки дар хобаш ба зани худ ё занаш ба ӯ шамшери тез медиҳад, соҳиби писар мешавад, рафту шамшерро бо ғилофаш тақдим намояд, духтардор мешавад. Баъзан шамшер дар хоб ошӯб ва ҷанг аст. Шамшери дар ғилоф шикаста нишонаи марги фарзанд дар батни модар аст, рафту танҳо ғилоф шиканад, пас модар мефавтаду тифл зинда мемонад. Шамшерро бо сабаби вазнинияш партофтан маънои аз даст додани нерӯ ва қудрат аст. Дар хоб шиноси худро бо шамшери луч хоб дидан ба ҳардамхаёлӣ ва тундмизоҷии ин нафар ишора мекунад. Тезӣ ва вазнинии шамшер ба маҳорати суханварии соҳибаш, ки дар баҳсу мунозираҳо бо душворӣ мағлуб мегардад, ишора мекунад. Дар хоб бе ягон сабаб бо шамшер ба чапу рост задан маънои гуфтори беандешаро дорад. Нафаре, ки дар хобаш дар як вақт ҳам шамшер меафшонаду ҳам гап мезанад, нафаре аст, ки ҳарфаш ҳақиқат дорад. Агар нафаре хоб бинад, ки аз ғилоф шамшер бароварда, онро дубора ба ғилоф ворид месозад, ба амалҳои хайр даъват карда, пеши роҳи бадиро мегирад ва мадҳу сано мешунавад.