arzon replenishment
Хол хислати инсонро фош месозад
4709

 

Солҳои пеш холҳои рӯю баданро тӯҳфаи парвардигор шумурда аз рӯйи ҷойгиршавӣ, андоза ва ранги хол оқилон саломатӣ ва тақдири минбаъдаи инсонро гуфта медоданд. Инак, хол дар бораи соҳибаш чӣ мегӯяд?

Хол дар пешонӣ

Хол дар мобайни пешонӣ бошад, ба меҳнатдӯст будани соҳибаш ишораи мекунад. Ин тоифаи одамон дар никоҳ хушбахт мешаванд.

Хол дар қисмати рости пешонӣ ё чаккаи сари одам бошад, меҳнатдӯст, муҳаббатҷӯ ва хушбахту батолеъ аст. Холи тарафи чапи пешонӣ низ ҳамин нишонаҳоро дорад, вале соҳиби чунин хол барои ба муваффақиятҳо ноил шудан бояд кӯшиши зиёд ба харҷ диҳад.

Хол дар абрӯ

Хол дар боло ё поёни абрӯ нишонаи шахси дилхуш, фаъол, ҷасур ва якрав аст. Чунин инсонро боигариву комёбӣ дар ҷодаи ишқу кор нигарон аст. Ҳамсафари хуби ҳаётӣ насибаш мегардад ва зиндагияшон хушу гуворо мегузарад. Нафароне, ки дар абрӯи чапашон хол доранд, танбалу асабӣ, буздилу сустирода, дӯстдори машрубот ва хеле кам шаҳватҷӯ мешаванд. Дар зиндагӣ ноумеданд.

Хол дар чашм

Хол дар кунҷи чашмон ба ростқавлӣ, поквиҷдонӣ ва мардонагӣ далолат менамояд. Холи дар чашм буда ҳамчунин ба ташнаи ишқварзӣ будани инсон ишора менамояд. Марги маҷбурӣ ва зиндагии пур аз пастиву баландиҳо чунин афродро гоҳе думболагир мешавад.

Хол дар бинӣ

Хол дар бинӣ чун қоида ба оташинӣ, боҳарорат будану майл ба воқеаҳои ошиқона доштани инсон ишора менамояд. Одами дар биниаш хол дошта дӯсти беҳтарин аст, вале зуд-зуд гирифтори оташи рашк мегардад. Муваффақияту никоҳи бобарор чунин афродро интизор аст.

Хол дар рухсора

Хол дар нимаи чап ё рости рухсора аз меҳнатдӯстиву некхоҳии одам шаҳодат медиҳад. Шахсе, ки дар рухсорааш хол дорад, соҳиби қаду қомати зебо ва ҷисман пурзӯр мешавад. Аз волидонаш доротар мешавад.

Хол дар гӯш

Холи ҳарду гӯш аз боигарӣ хабар медиҳад. Хол дар нармаки гӯш бошад, соҳибаш бояд аз дарёву кӯлу баҳр дурӣ биҷӯяд.

Хол дар лаб

Хол дар лаб нишонаи нозукист. Одаме, ки дар лабаш хол дорад, бояд тамоми умр ба саломатиаш диққат дода, парҳезро риоя намояд.

Хол дар зерманаҳ

Хол дар ин ҷойи рӯй аз оромиву меҳрубонии инсон дарак медиҳад. Шахсест ниҳоят дилкаш. Одамони дар зерманаҳашон хол дошта саёҳатро дӯст медоранд. Муваффақ мегарданд, ҳам дар кору ҳам дар дигар соҳаҳои ҳаётӣ чунин одам шарики боэътимод аст.

Хол дар гардан

Хол дар қисми пеши гардан бошад, хуб аст, вале хол дар қафои гардан аз бадбахтӣ дарак медиҳад. Хол дар як тарафи гардан бошад, бо мурури вақт ин шахс ниҳоят хӯрдагиру дурӯѓгӯ мешавад.

Хол дар китф

Хол дар китфи чапи нафаре мешавад, ки баҳсу мунозираро дӯст медорад. Ҳаёташ якрангу бемаънӣ мегузарад, вале кӯдаконаш зиёд мешаванд. Дар корҳои дигараш муваффақият хеле кам дида мешавад.

Хол дар китфи рост аз он далолат медиҳад, ки инсони хирадманд, эҳтиёткор ва дурандешу оқил аст. Меҳнатдӯст аст ва парвои ишқбозӣ надорад. Дар ҳама ҳолат шарики хуб аст.

Хол дар даст

Хол дар даст аз иродаи қавӣ, дилкушодӣ, бовафоӣ ва шукуфоии инсон дарак медиҳад. Хол дар дасти мард карераи бомуваффақияташро пешгӯӣ мекунад. Хол дар устухони даст бошад ба боигарӣ, меҳнатдӯстӣ, боѓайратӣ ишора менамояд. Холи ангушт фоли бад аст ва аз дузд будану ҳеҷ гоҳ соҳиби боигарӣ нашудани соҳибаш паём медиҳад.

Хол дар қафаси сина

Хол дар қисмати рости қафаси сина аз он мегӯяд, ки соҳибаш майл ба машруботу ишқварзӣ дорад. Ба зарбаҳои ногаҳонии тақдир гирифтор мешавад. Чунин одамон бояд аз хиёнати дӯстон эҳтиёт шаванд.

Хол дар қисми чапи қафаси сина ба меҳнатдӯстиву хулқу хӯи хирадмандона доштани инсон ишорат менамояд.

Хол дар зону

Ҷойгиршавии хол дар зонуи чап аз бадхашмиву исрофкорӣ, коргурезӣ ва беқавлии инсон дарак медиҳад. Хол дар зонуи рост аз ростқавливу меҳрубонӣ, дар муҳаббат комёб гардидану дӯстони зиёди хуб доштани инсон далолат менамояд.

Хол дар пой

Одаме, ки дар пояш хол дорад бо шахси сарватманде издивоҷ менамояд, вале хушбахтии кам насибаш мегардад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД