Ҳамал (21 март-19 апрел)
Имрӯз дар масъалаҳои молиявӣ эҳтиёткор бошед, зеро шитобкорӣ метавонад ба хато оварда расонад. Дар қарорҳо шитоб накунед, аввал андеша, баъд амал гуфтаанд. Барои муҷаррадон имкони шиносоии ҷолиб ва муҳаббати нав вуҷуд дорад. Вақти муносиб барои ташхис ва нигоҳубини саломатист. Агар худро хаста эҳсос кунед, дам гиред ва бештар дар ҳавои тоза гаштугузор кунед.
Савр (20 апрел-20 май)
Рӯзи ором аст, ҳодисаи нохуш рӯй намедиҳад. Аммо қарз гирифтан ё қарз доданро тавсия намедиҳем. Имрӯз барои васеъ кардани ҷаҳонбинӣ ва суҳбати самимӣ бо шахси дӯстдошта мусоид аст. Дар бораи хабарҳое, ки мешунавед, овоза паҳн накунед. Аз шамолхӯрӣ эҳтиёт кунед, саломатиро дар ҷойи аввал гузоред ва аз ғизои сард дурӣ ҷӯед.
Ҷавзо (21 май-20 июн)
Дар ин рӯз ҳар суханатонро бодиққат бигӯед, як калимаи нодуруст метавонад ранҷ орад. Аз баҳсҳои беҳуда дурӣ ҷӯед ва асаби худро ором нигоҳ доред. Имкони ба даст овардани маблағи хурд вуҷуд дорад, агар дуруст амал кунед. Дар ҷодаи муҳаббат эҳтиёткор бошед, рашки беҳуда метавонад муносибатро вайрон кунад. Шомро дар оромӣ ва сукут сипарӣ кунед.
Саратон (21 июн-22 июл)
Имрӯз ҳангоми вохӯрӣ бо одамони нав эҳтиёт кунед, на ҳар шахс нияти нек дорад. Пеш аз гуфтани дарди дил ба бегонагон хуб андеша кунед. Бо шахси дӯстдошта баҳс накунед, беҳтараш бо меҳрубонӣ муносибат намоед. Яке аз наздикон метавонад аз шумо кумаки молиявӣ хоҳад. Вақти муносиб барои анҷоми корҳои хона аст.
Асад (23 июл-22 август)
Имрӯз баҳсу мунозира натиҷаи хуб намедиҳад. Агар шиноси наватон дили шуморо ба ҳаяҷон оварад, ӯ метавонад дар зиндагиятон нақши муҳим бозад. Дар масъалаҳои молиявӣ ноумед нашавед, ҳама мушкил мегузарад. Дарди дандон ё нороҳатии ҷисмонӣ эҳтимол дорад, танҳо табиби соҳибтаҷриба кумак карда метавонад. Ба оромӣ ва эътимод такя кунед.
Сунбула (23 август-22 сентябр)
Имрӯз эҳсосоти шумо зуд аланга мегирад, кӯшиш кунед худро идора намоед. Бо шахси дӯстдошта баҳс накунед, вагарна ранҷиш ба миён меояд. Корҳоятон хуб пеш меравад, вазъи молиявӣ низ устувор мемонад. Саломатӣ хуб аст, вале оромӣ зарур аст. Агар асабонӣ шавед, каме танҳо монед ё сайругашт кунед, ин ба шумо қувва мебахшад.
Мизон (23 сентябр-22 октябр)
Рӯз орому мусбат мегузарад. Имкони шиносоии ҷолиб ё мулоқоти ошиқона мавҷуд аст. Агар қарздор бошед, имрӯз маблағро баргардонидан беҳтар аст. Ба саломатии худ бодиққат бошед, фориғболӣ накунед. Сафар бо мошинро муваққатан ба таъхир андозед. Ба корҳои нав шуруъ кардан фоида меорад, вале бо мулоҳиза амал кунед. Шомро бо оромӣ гузаронед.
Ақраб (23 октябр-21 ноябр)
Ҳама корҳои имрӯзаатон бо муваффақият анҷом меёбанд. Аз баҳс бо роҳбар ё шахсони воломақом худдорӣ кунед, то мушкили молиявӣ пеш наояд. Маслиҳати шахси дӯстдоштаатонро ҷиддӣ қабул кунед, ӯ ба шумо некӣ мехоҳад. Душманро аз дӯст хеле хуб фарқ мекунед. Барои нигоҳ доштани оромии асаб машқи сабук ё истироҳат кумак мекунад.
Қавс (22 ноябр-21 декабр)
Имрӯз метавонед корҳои калон ва нақшаҳои ҷиддиро иҷро кунед, бахт ёратон мешавад. Агар вазъи молиявиятон хуб бошад, худро бо мулоқоти ошиқона шод созед. Рӯҳия ва табъи хуб ба саломатиятон фоида меорад. Дӯстон ба шумо нерӯи нав мебахшанд. Дар масъалаҳои муҳими зиндагӣ шитоб накунед, ҳама чизро бо оромӣ ҳал намоед.
Ҷаддӣ (22 декабр-19 январ)
Рӯзатон бо табъи хуш оғоз меёбад. Муносибат бо атрофиён гарм ва дӯстона хоҳад буд. Аз нафаре, ки умед надоштед, метавонад дар масъалаи молиявӣ кумак кунад. Эҳсоси шукргузорӣ ва некбинӣ шуморо болидатар мегардонад. Барои нигоҳ доштани саломатӣ бештар сайругашт кунед, ҳавои тозаро нафас гиред. Имрӯз рӯзи форам ва ором аст.
Далв (20 январ-18 феврал)
Агар кори пештара ноком анҷом ёфта бошад, дубора кӯшиш кунед, имкон ҳаст, ки ин дафъа муваффақ шавед. Имрӯз шонси гирифтани фоидаи молиявӣ зиёд аст. Таъриф ва дастгирии наздикон рӯҳбаландатон мекунад. Барои ором кардани асаб машқи ҷисмонӣ анҷом диҳед. Дар муҳаббат рашки беҳуда метавонад монеа гардад, ба ҳамдигар бештар эътимод кунед.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Барои ба даст овардани маблағ заҳмати зиёд кашиданатон лозим меояд, вале натиҷа хуб хоҳад буд. Дар роҳатон монеаҳои хурд пеш меоянд, аммо бо сабр онҳоро паси сар мекунед. Ба саломатии худ диққат диҳед, эҳтимоли суст шудани қувват вуҷуд дорад. Дастурҳои табибро риоя кунед ва аз одатҳои бад даст кашед. Дар ҷодаи муҳаббат як сирри пӯшида рӯшан мешавад.