new banner new years
Хобномаи исломӣ қисми-2
4838

Духтур
Дар хоб дидани духтур аз вохӯрӣ бо ягон олим ё мутахассиси варзидаву донишманд дарак медиҳад, ки аз муошират бо ин шахсият бояд барои худ фоида ба даст оварда тавонед. Агар дар хобатон духтуре кафан мефурӯхта бошад, аз ин қотил эҳтиёт шавед, ӯ ба касби худ хиёнат мекунад. Агар кафани фурӯхтаистодаи духтур печонида шуда бошад, пас ӯ дар фурӯши дору қаллобӣ мекунаду аксарият ба домаш афтидаанд. Рафту нафаре хоб бубинад, ки духтур касби чармгариро пеша намудааст, ин ба ҳунару кордонии ӯ ишора мекунад, агар чармҳои духтур пӯсида бошанд, ин духтур ҷоҳил ва қаллоб аст.

Ниқоби турӣ, рӯйҷо
Дар хоб дидани зане, ки рӯяшро бо тур пӯшонидааст, ба имон, покдоманиву боиффатии ӯ ишора мекунад. Агар зан аз рӯяш ниқобро бардорад, ҳаҷи умра ва ҳаҷи фарзӣ мекунад.

Шабушк
Дар хоб дидани шабушки бисёр нишонаи азобу машаққат, бемории вазнин, қашшоқиву бенавоӣ аст. Нобуд сохтани шабушк дар хоб аз мушкиливу ғаму ғуса раҳо ёфтан аст. Нафареро, ки дар хобаш шабушк мегазад, нафарони сустирода бо дашноми қабеҳ меранҷонанд. Агар дар хоб ягон узви бадани худро пур аз шабушк ё мор бинед, сарватманд мешавед.

Пистон
Пистони ширдеҳ дар хоб аз бадбахтиву изтироб хабар медиҳад.

Афтидани дандон
Афтидани дандон дар хоб нишонаи дарозумрӣ аст. Агар шахсе хоб бубинад, ки тамоми дандонҳояш рехтааст, умри дароз мебинад. Дар баъзе ҳолатҳо афтидани дандон дар хоб нишонаи марги яке аз пайвандони бемор аст. Рафту нафари қарздоре дар хоб дандонҳои худро рехта бубинад, қарзи худро бармегардонад. Агар дар хоб дандон ба кафи даст резад, шахси чунин хобдида боигарӣ ба даст меорад.

Мори афъӣ
Мори афъӣ аксаран ба муноқиша ва хусумату адоват бо нафаре аз наздикон, фарзандон ва ҳамсафари ҳаётӣ ишора мекунад. Дар баъзе ҳолатҳо мори афъӣ ифодакунандаи ҳамсояи зараррасон ва бахил аст.

Оҳу
Оҳу дар хоб ифодакунандаи кӯдакон ва духтари зебо аст. Ҳар нафаре, ки дар хобаш оҳу шикор мекунад ё ба ӯ оҳу туҳфа мекунанд ва ё оҳу харидорӣ менамояд, барои худ манбаи даромад пайдо мекунад ё оила бунёд менамояду соҳиби писар мегардад. Дар хоб қапидани оҳу некӣ дидан аст, сар задани оҳу ба духтари хубе издивоҷ кардан аст. Рафту оҳу дар хоб ба мард ҳуҷум намояд, пас зани ин мард ба ӯ итоат намекунад. Аз пайи оҳу рафтан маънои нерӯи бештар гирифтанро дорад. Пӯст кандани оҳу ба зино роҳ додан аст.

Мех
Дар хоб дидани мех ин нафаре аст, ки дигарон бо кӯмаки ӯ ба мақсад мерасанд.

Кафтор (гиена)
Кафтор дар хоб аз шиносоӣ бо зани пиронсолу бадахлоқ дарак медиҳад. Аз ин зан эҳтиёт шудан лозим аст, зеро ӯ метавонад занаки ҷодугар бошад. Рафту дар хоб кафторро бо санг ё бо чӯб занед, пас бо чунин зан наздикӣ пайдо мекунед.

Гаҷбанд (гипс)
Гаҷбанд ба қувваву мавқеи устувори инсон, саломатии хуби зану фарзандон, имони бақувват ва раҳоӣ аз бемориҳо ишора мекунад. Баъзе уламо бар онанд, ки дидани гаҷбанд дар хоб аз вохӯрӣ бо шахси дурӯя ҳушдор менамояд.

Гитор
Садои гитор дар хоб аз ғаму ғусса дарак медиҳад. Агар сарвар ё роҳбаре дар хоб садои гиторро шунавад, ин маънои онро дорад, ки ба ҳарфу маслиҳати шахси дурӯғгӯ гӯш медиҳад.

Чашм
Чашм дар хоб аз имони мустаҳкам хабар медиҳад. Агар инсон дар бадани худ чашмони зиёдеро бубинад, имонаш қавӣ ва парҳезгор мегардад. Агар нафаре хоб бубинад, ки чашмонаш аз оҳан гаштаанд, ӯро ташвиши зиёд интизор аст. Рафту нури чашм дар хоб беҳтар гардад, ақлу хирад беҳтар гардад. Ҳар нафаре, ки гули чашм хоб мебинад, аз шахси барояш азиз ҷудо гашта, дучори ғаму ғусса мегардад. Дар хоб нобино гаштан ба ҷазои Худованд гирифтор шудан, имони заиф ва бетақвоӣ аст. Аз як чашм маҳрум гаштан дар хоб маънои марги фарзандро дорад. Дар хоб ба касе каҷ нигоҳ кардан нишонаи бадбинӣ ба нафаре аст, ки айни замон мавриди таваҷҷуҳ қарор дорад. Чашми кабуд дар хоб аз дидани ягон чизи нав, чашми сабз ба дини дигар гаравидан аст, чашми сиёҳ нишонаи худопарастӣ, чашми осмонӣ аз бетақвоӣ дарак медиҳад.

Гил, лой
Дар хоб дидани лой, гил аз вохӯрӣ бо шахси тақводоре, ки ба амали нек даъват мекунад, дарак медиҳад.

Гӯшкар, гӯшвазнин
Агар нафаре дар хоб гӯши худро кар бубинад, бемор мегардад. Нафари дигарро кар хоб дидан нишонаи он аст, ки дар корҳои ин нафар мушкилӣ сар мезанад.

Соқи по
Соқи по дар хоб ин синну сол ва такягоҳи инсон аст. Агар нафаре хоб бубинад, ки соқи пояшро боло кардаасту пойҳояш ба ҳам печидаанд, ин маънои онро дорад, ки умраш ба охир мерасад ва ӯро корҳои муҳим аз пеш аст. Рафту зан соқи пояшро луч кунад, имонаш қавитар мегардад. Ними боигарии нафаре, ки дар хоб бо як пой мепарад, гум мешавад. Мард дар хоб соқи пойи худро луч бубинад, нишонаи аз намоз дур шуданашро дорад.

Сар, калла
Дар хоб дидани каллаи калон ишора ба болоравии обрӯву нуфуз асту каллаи хурд ба камшавӣ. Агар нафаре дар хоб худро дар назди дигарон бо сари хам бубинад, гуноҳе содир кардаасту пушаймон гаштааст. Нафаре, ки дар хоб сари худро ба сари хар мубаддалёфта мебинад, ин маънои онро дорад, ки дар масҷид пеш аз имом сари худро аз саҷда бардоштааст ва ҷоҳил аст.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД