arzon replenishment
Ғуломи хола
5049


Ҷавонмарг
Вақте, ки Мунисаи нозанинамро рӯи дастонам бардошта ба таваллудхона бурдам, хурсандиам ҳадду канор надошт, чунки аз рӯи ташхиси духтурон занам бояд писарчаи дуюмашро таваллуд мекард. Соате пас хабари вазнин шудани ҳолати ҳамсарамро шунида ба наздаш даромадам. Хунаш бе ист мерафту дигар аз ӯ бӯи умед набуд. Ба сари табибон дод задам, беморхонаро ба сарам бардоштам, вале на аз дасти ман коре омаду на аз дасти духтуру момодояҳои таваллудгоҳ. Мунисаи меҳрубонам бо тифлаки батнаш аз олам чашм пӯшид. Рӯзи дафнаш писарчаи панҷсолаамро, ки ҳанӯз аз бӯи модар сер нашуда буд, ба сари қабри модараш бурдам. Писарам хурд буду ҳанӯз эҳсос намекард, ки чи мусибати бузурге ба сараш омадааст…

Ҳукми хушдоман
Маросими чили ҳамсарамро гузаронидан пас хушдоману қайсингилҳоям ҷамъ шуда, маслиҳат карданд, ки Зафарҷонро ба апаи бефарзанди Муниса медиҳанд, то дар дасти моиндар хору зор нашавад. Гапи хушдоманам барои ҳама қонун буд, аз ҳамин сабаб чизе нагуфта натавонистам. Ҷигарбандамро хешони занам аз мани бадбахт кашида гирифтанд.

Зиндаҷудо
Дилам барояш гум мезаду тез-тез писарчаамро хабаргирӣ мерафтам «Маро ҳам баред» гӯён, аз пасам гиря мекард Зафарҷони хурдакак.

Исён
Бори охири ба хабаргириаш рафтанам аллакай мактабхон шуда буд Зафарҷон, вале намедонам аз чи бошад, ки ҳатто саломамро алек нагирифт. Савғотиҳои бурдаамро рӯи замин пош дода бо тамоми овоз дод зад:
-Дигар пешам набиё! Ту очаҷони маро куштӣ!
Ҳайрон шуда пурсидам, ки ин гапро аз кӣ шунидааст.
-Бибиам гуфт, ки сабабгори марги модарам ту ҳастӣ,-инро гуфта Зафарҷон рӯяшро гардонда рафт.
Дилам яку якбора ба замин зад, чунки аз ҷигарбандам чунин суханҳоро мунтазир набудам.

Бахти дубора
Баъди ин воқеа маҷбур шудам, ки хонаи вайронаамро дубора обод созам. Зани навам инсони хуб бошад ҳам, ҷойи Мунисаро дар дили ман гирифта наметавонист. Бо гузашти солҳо соҳиби се духтар гаштам. Дар тӯли ин солҳо чанд маротибаи дигар барои дидани Зафарҷон рафтам, аммо писарам ба пешвозам намебаромад. Ба мактаб мерафтам, рӯяшро метофт, гӯё барояш бегона бошам. Рафтораш ғазабамро оварду дигар ба суроғи фарзанди бемеҳрам нарафтам.

Ғуломи хола
Солҳо турнасон мегузаштанду ёди фарзанд маро ором зистан намемонд. Қариб ҳар шаб Мунисаи раҳматӣ ба хобам медаромад. Аз қошу қавоқи гирифтааш аён буд, ки арвоҳаш барои писаракамон ноором аст. Рӯзе барои харид ба бозорчаи ноҳия рафтам. Гурусна будам, хостам ба яке аз ошхонаҳои сари роҳ даромада шикамамро сер кунам. Писарам Зафарҷонро дар ошхона дида, захмҳоям аз нав хуншор гаштанд. Зафарҷон ҳамроҳи холааш дар он ҷо кор мекардааст. Аллакай мард шуда буд писаракам. Чеҳрааш ба ман чунон шабоҳат дошт, ки дилам гум зада рафт. Хостам ӯро ба оғӯш бигирам, аммо маро дида рӯяшро гардонду бо қошу қавоқи овезон ғур-ғуркунон аз наздам дур шуд. Холааш чунон писарамро дашномҳои сахт медод, ки аз шуниданаш забонам дар комам часпид. «Сағера» гӯён писаракамро ғуломвор кор мефармуд апаи занам. Аз дидани ҳоли зори фарзандам ҷигарам хун шуд. Оби чашмам ба бари рухсораҳоям шорида аз ошхона баромадам. Бо димоғи сӯхта ба хона баргашта ҳодисаро ба занам нақл кардам.
-Садқаи бачаи хушрӯй шавад холаи золимаш! Чаро Зафарҷонро гирифта наовардӣ?-гуфт ҳамсарам.
Маслиҳат кардем, ки писарамро аз дасти холааш кашида мегирем, то бароҳат зиндагӣ кунад, вале ду рӯз пас ба ошхона рафта Зафарҷонро наёфтам. Куҷо буданашро аз пешхизмате пурсидам. «Зафарҷон дар дасти холааш ғуломи тайёр буд. Бечора ба зулму ҷабри ин занаки золим тоб наоварда аз хонаи онҳо гурехтааст»,- хабар дод ҳамкораш. Бо ҳамин ман боз писарамро гум кардам.

Бахти деромада
Духтарҳои калониамро ба шавҳар додам. Дар хона духтари хурдиам монда буду халос. Азбаски писар надоштем, бо занам маслиҳат кардем, ки ягон ҷавони хубро хонадомод бигирем, аммо боа мри такдир баъди 25 соли тӯлонӣ писарам Зафарҷон аз куҷое рақамҳои маро пайдо карда, занг зад. Хатои дар кӯдакӣ содиркардаашро фаҳмида аз ман бахшиш пурсид.
-Касе хола ба ҷои модар аст мегӯяд дурӯғ аст, ман аз ҷабру ситами хола рӯ ба ғурбат овардам. Ранҷу азобҳои зиёдеро ба шарофати холаам паси сар карда, марди ҳақиқӣ шудам. Акнун фаҳмидам, ки шумо гуноҳ надоштаед падарҷон. Бо шумо будан мехоҳам. Маро қабул мекунед ё не?-гуфтани Зафарҷон диламро обу адо кард. Аз ҳаяҷону аз шодӣ чи гуфтанамро намедонистам. Забонам дар комам мечаспид. Базӯр худро дошта гуфтам:
-Бо ҷону дил қабул мекунам писарам! Зудтар баргард, ки бе ту дар дунё ҳеҷам, бачаҷони хору зорам. Падаре, ки дар ҳақи писар солҳои сол сӯхта кабоб шудааст, ҳамеша роҳи туро нигарон аст!
Ниҳоят падару писар ба дидори ҳам расидем.
Духтари хурдиамро ба шавҳар дода Зафарҷонро хонадор кардем. Ҳамсарам ӯро мисли фарзандони худаш дӯст медорад. Шукри худо як оилаи хушбахтем. «Зафарҷон барои мо амонат аст, амонати Мунисаи нокомам. Амонатро бояд эҳтиёт кард» мегӯяд ҳамсарам. Шукрона мекунам, ки дер ҳам бошад, писарам аз ҷабри холаи золимаш халос шуда дар симои моиндараш модари ҳақиқиро пайдо кард.
Мурод


Муносибатҳои ошиқонаатонро чанд сол шудаасту хешу таборон дар интизории тӯйи арӯсии шумо чандин кафшу маҳсӣ дарронданд..

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД