Formula novemver 2024
Наргис, зани муҳоҷир: Шавҳарам дар Русия рӯзамро сиёҳ кард
6582

Шавҳарам Бобоҷон ба нею нестонам нигоҳ накарда маро наздаш ба Русия даъват намуд.

Фарзандонамро бо хушдоманам монда ба шаҳри Тюмен омадам. Дар иҷорахонаи шавҳарам корам рӯз то бегоҳ шустушӯй ва хӯрокпазӣ аст. Рӯзе банди кор будам, ки шавҳарам хаста аз дар даромад. Пурсидам, ки чӣ ҳодиса рӯй додааст. Дод зада гуфт, ки аз бозе ту омадӣ, баракати пулам парид. Пештар кордам болои равған буд, аммо ту бо қадами номуборакат баракати кисаамро паррондӣ. Гиря карда гуфтам, ки маро ту худат маро даъват кардӣ, бо хости худ наомадам-ку!

 


Муносибатҳои ошиқонаатонро чанд сол шудаасту хешу таборон дар интизории тӯйи арӯсии шумо чандин кафшу маҳсӣ дарронданд,

 


0F7nHYIqMQFpn9vrXNpXx76KyN4Ysq6yoOvLbQvu

Хуллас, аз ҳамон рӯз инҷониб рӯзам сиёҳ аст. Шавҳарам ҳар бегоҳ масту махмур ба хона омада маро мезад. Ҷонам ба лабам расида, гуфтам, ки маро ба Тоҷикистон гусел кунад. Шавҳари бадзабонам кавалерота ёд кардӣ ё буққаҳоят занг зада, зудтар баргард, ки оғӯшатро ёд кардем гуфтанд?!» гӯён, маро чунон бераҳмона зад, ки қариб мурда будам. Се рӯз аз зарби мушту лагади шавҳар маъюбу маслуқ хоб кардам. Хушдоманам занг заду гирёну нолон буду шуди гапро гуфтам. «Аз дасти писарат рӯзам сиёҳ аст, дигар дар ин ҷо зистан намехоҳам хола» гӯён, зорӣ кардам, ки ба писараш бигӯяд, то ки маро ба хона гусел кунад. Модаршӯям маро насиҳат кард, ки сабр кунам, меваи сабр ширин аст. Ба кор даромадам, то ки барои шавҳарам нонхӯри зиёдатӣ нашавам, аммо ҳолам бадтар шуду беҳтар не. Шавҳари бадмастам ҳар бегоҳ «чанд сум кор кардӣ? Кӣ дар роҳ гап партофт? Чанд мошин дар пешат истод?» гуфта ҷонамро ба лабам мерасонад. Намедонам рӯзамон то кай мисли сагу пишак мегузашта бошад! Илтимс, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам?

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД