Даричаи ошноӣ:
Ному насаб: Мурод Илдирим.
Санаи таваллуд: 13 апрели 1979.
Макони таваллуд: Коня, Туркия.
Мучал: Ҳамал.
Қад: 182.
Касб: Ҳунарпешаи кино, модел.
Вазъи оилавӣ: Оиладор.
Шоҳзодаи орзуҳо
Шуҳрату овозаи ҳунарпешаи турк Мурод Илдирим на танҳо дар саросари кишвараш, балки берун аз он низ паҳн гаштааст ва ин ягон ҷойи шакку шубҳа надорад. Чашмони сиёҳи ҷаззоб, пайкари қавӣ ва табассуми сеҳрноки ин ҷавони бомаҳорат ҳазорон хонумҳои ошиқи филмҳои туркиро дар арсаи олам моту маҳбут гардонидааст. Мурод ба даҳгонаи ҷаззобтарин мардони ҳунарпешаи турк дохил мешавад.
Писари деринтизор
Мурод 13-уми апрели соли 1979 дар шаҳраки хурди Коня, ки дар нимҷазираи Анатолия ҷойгир шудааст, дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Падараш аз адабиёт дарс мегуфт ва кружоки театриро пеш мебурд, модараш бошад, тарҷумони забони арабӣ буд. Дар ин оила ду духтарчаи дӯстрӯяк ба воя мерасиданд ва Мурод писари деринтизору эркаи волидон буд. Азизи дилу нури дидаи падару модар бошад ҳам, вай мисли дигар бачаҳои эрка танбалу дарсгурез набуд. Дар мактаб ҳамеша аъло мехонд ва ба илмҳои дақиқ, хусусан шоҳи фанҳо- математика таваҷҷуҳи зиёд дошт.
Пас аз хатми мактаби миёна Мурод ба Донишгоҳи технологии Истамбул дохил шуда, дипломи инженер –механикро гирифт, вале...
Ба як мард чил ҳунар кам
Замони дар донишгоҳ таҳсил намудан Мурод аз сари шавқу ҳавас баъзан дар вақтҳои холигиаш дар намоишҳои театрӣ нақш мебозид. Тӯли 3 соли дар театр кор кардан ин ҷавони боистеъдод дар байни аҳли ҳунар шинохта гашт ва соли 2003 яке аз сенаристони маркази продюсерӣ ин ҳунарманди ҷавонро қатори дигар довталабон ба кастинг даъват намуд. Мурод бо сари баланд аз озмун гузашта, дар филми “Ишқи намиранда” соҳиби нақш гашт. Образи дар ин филм офаридааш чандон бузург набошад ҳам, ҳамин шанси кӯчак кофӣ буд, ки Мурод худро ҳамчун ҳунарманди боистеъдод муаррифӣ намояд...
“Бӯрон”-и бахтовар
Соли 2006 Мурод дар филми “Бӯрон” нақши асосиро бозида, на танҳо дар саросари Туркия, балки берун аз марзҳои кишвараш низ машҳур гашт. Пас аз ин филм ӯро ба филми дигар бо унвони “Чистилише” даъват намуданд. Ин филм дар баробари шуҳрату маҳбубияти бузург дар байни мухлисон ба ин ҳунарпешаи ҷавон ва ҷӯянда ҷоизаи “Апелсини тиллоӣ” овард...
Овоза ва ҳақиқати ишқи ду ситора
Дар филми “Оси” Мурод нақши ҷавонмарди сарватманду бовиқор Дамирро мебозад. Дар филми мазкур ҳунарпешаи машҳуру зебо Туба Буйкустун нақши маҳбубаи Дамирро мебозид. Пас аз ба экран баромадани “Оси” овозаҳо вирди номи Туба ва Мурод зиёд шуданд. Ҳангоматалабон мегуфтанд, ки ин ду ситора на танҳо дар саҳна, балки дар ҳаёт низ ошиқи шайдои ҳамдигар ҳастанд, вале муносибатҳои ошиқона доштанашонро аз мухлисонашон пинҳон медоранд. Сару садоҳо хеле зиёд бошанд ҳам, худи ҳунармандон ин овозаҳоро тасдиқ накарда, қасам мехӯрданд, ки онҳо танҳо дар саҳна ошиқи ҳамдигар ҳастанд ва ба ҷуз дӯстӣ дигар ягон хел муносибат надоранд...
Новобаста ба ҳама овозаю ҳангомаҳо “Оси” дар фестивали Монте-Карло аз рӯйи номгӯйи “Лучшая милная опера”ғолиб баромада, Мурат ва Туба “Беҳтарин ҷуфти кинои турк дар солҳои 2007-2009” эътироф гаштанд. Филми мазкур бо чандин забонҳои олам тарҷума шуда, онро миллионҳо одамон бо шавқу ҳаваси зиёд тамошо карданд ва шумораи мухлисони ин ду ситора даҳҳо маротиба афзунтар гашт...
Арӯси бе тақдир
Мурод бо беҳтарин ва зеботарин ҳунарпешагони турк аз қабили Берен Соат, Нургул Эшилчой, Бурчин Терзиоглу нақш бозида бошад ҳам, дилаш ба ҳунарпешаи ҷавон Бурчин Терҳиоглу, ки дар филми “Бӯрон” нақши маъшуқаашро меофарид, кашол буд. Замони ба навор гирифтани ин филм ду ҳунарпешаи ҷавон дар як рӯз 15-16 соатро бо ҳам дар саҳна гузаронида, чунон ба образ даромаданд, ки чӣ тавр дар дилашон аланга гирифтани оташи ишқи ҳақиқиро худашон ҳам нафаҳмида монданд. Соли 2008 баъди ба охир расидани наворгирии филми навбатиаш Мурод расман бо Бурчин хонадор шуд, вале онҳо зану шавҳари қонунӣ бошанд ҳам, волидони домод келинро хуш накарданд. Падару модар ва хоҳарони Мурод бо арӯси интихобкардаи писарашон на гап задан мехостанд ва на ягон хел муносибат доштан. Ҷавон дар байни обу оташ монда, чӣ кор карданашро намедонист. Мурод барои оштӣ додани ҳамсар ва волидону пайвандонаш хеле кӯшиш карда бошад ҳам, дар тӯли шаш соли хонадорӣ Бурчин натавонист ягон бор остонаи дари хонаи падаршӯяшро зер кунад. Падару модари Мурод ду пояшонро ба як мӯза андохта, аз писарашон талаб мекарданд, ки ҷавоби занашро диҳад, вале...
Талоқ бо пора
Мурод намехост, ки асрори оилавиаш фош гашта, номаш дар байни мардум ба бадӣ барояд, аз ин рӯ, зоҳиран худро хушбахт вонамуд карда, дар суҳбат бо журналистон лоф мезад, ки занашро аз ҷонаш бештар дӯст медорад, вале...
Расонаҳо аз забони манбаи мӯътамад менавиштанд, ки бо гузашти чанд сол аз ишқи пурмоҷарояш ҳунарманди ҷавон аз носозгории волидону пайвандонаш бо ҳамсари ӯ хаста шудааст ва мехоҳад талоқи занашро дода, нафаси осуда кашад. Актёри машҳур дар ҳақиқат чанд бор кӯшиш кард, ки барои ҷудошавӣ ба суд ариза пешниҳод кунад, аммо зери таъсири волидайни қудратманди арӯс аризаи домоди ҳунарпешаашон аз ҷониби мақомот рад карда мешуд. Чораи дигар наёфта, Мурод ба адвокатҳо пули калон пора дод, то ки илоҷе ёфта ӯро аз занаш халос кунанд.
Билохира, соли 2014 пас аз талошҳои зиёд барои озодӣ бо қарори додгоҳ Мурод тавонист расман аз ҳамсараш ҷудо шавад.
Дурдонаи мулки араб
Ин ҷавони зебо ҳанӯз аз озодӣ сер нашуда, дилаш асири доми ишқи як бонуи дигар гашт. Модели ҷавони дилрабо аз Марокко Эман Эл Бани, ки чашмони кабуди обӣ ва мӯйҳои чун шаб сиёҳу дароз дорад, тавонист қалби Муродро асири хеш созад. Эл Бани дар баробари модел буданаш дар сериалҳо низ нақш меофарид. Вай духтари яке аз магнат-сарватмандони номдори Марокко буда, соли 2008 унвони “Хонуми Марокко” –ро соҳиб гашта буд.
Хостгории сарвазир
Эл Бани дар озмуни “Хонумҳои зеботарини дунёи араб” соҳиби тоҷи нуқрагин гашта, ба рӯйхати 50-зани зеботарини сарзамини араб дохил шуда буд ва талабгоронаш аз мӯйи сараш ҳам бисёр буданд. Кӯмаки сарвари Туркия Раҷаб Таиб Эрдуғон намебуд, ҳунарманди ҷавоне амсоли Мурод Илдирим наметавонист бар ҳазорон шайхҳои араб, ки дар ҳавзи пул оббозӣ мекунанд, ғолиб омада, ин дурдонаи мулки арабро аз они худ созад, вале...
Бо инояти Худованд соли 2016 Эрдуғон тавассути месенҷери интернетӣ FaceTime ин зебосанамро барои ин ҳунарпешаи боистеъдод ва шинохтаи Туркия хостгорӣ намуд. Табиист, ки падари арӯс марди сарватманд бошад ҳам, сухани сарвазири Туркияро дар замин монда наметавонист. Бо миёнаравии Эрдуғон ҳамон сол ин ҷуфти ошиқ бо ҳам фотеҳа шуда, моҳи декабр тӯйи арӯсиашон бо шукуҳу тантанаи гӯшношунид барпо гашт. Шумораи меҳмонони воломақом дар базми висоли Мурод Илдирим ва Эман Эл Бани аз 1000 нафар зиёд буд...
Машҳур, хушбахт ва ошиқ
Инак, қариб се сол мешавад, ки ин ҷуфти ошиқ лаҳзае аз ҳамдигар ҷудоӣ надоранд. Мурод ҳар рӯз аз лаҳзаҳои хуши ҳаёти оилавиаш дар саҳифаи шахсиаш дар инстаграм аксҳои ҷолибро гузошта, ба ҳаводорони бешумораш паём медиҳад, ки дили ӯ соҳиби абадии хешро пайдо намудааст...