arzon replenishment
Домод хусурашро корд зад
2181

 

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти марди 27-сола, сокини шаҳри Ҳуҷанд, хабар дод, ки падарарӯсашро бо корд се зарба задааст

 Тибқи иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ҳодиса 6 сентябр тахминан соати 11:00 рух додааст.

"Муттаҳам дар хонаи истиқоматии муваққатиаш, бо падарарӯси 50-солааш, сокини ноҳияи Мастчоҳ, ҷанҷол карда, бо корди хоҷагии дар дасташ буда, се бор ба аъзои баданаш задааст", — омадааст дар иттилоияи ВУД.

Манбаъ афзуд, ки дар натиҷа марди ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

ВУД таъкид кард, ки нисбат ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД