Arzon march 2024
Домоди занакча
5389

 

Духтарфеъл

Носир дар байни ҳафт апаю хоҳар писари ягона буд ва шояд ҳамеша дар ҳалқаи духтарон буданаш сабаб гашт, ки бачаи занмизоҷ ба воя расид. Вай аз овони кӯдакӣ ҳамеша бо духтарчаҳо бозӣ мекард. Дар мактаб ҳам ягон ҷӯра надошт. Ҳамсинфонаш футболбозӣ мекарданду вай бо духтарҳо зочабозӣ мекард ё барои лӯхтакҳо курта медӯхт.

Дар ҷустуҷӯйи арӯс

Солҳо турнасон гузаштанду бачаҳои кӯча марди майдон ва домоди таппа тайёр шуданд. Ҳамсинфонаш аллакай соҳиби зану бача буданд, вале Носир ҳамоно мисли зоғ тани танҳо мегашт. Мардум ба номаш лақаби «занакча»-ро часпонда буданд ва ягон духтари ҳамдеҳааш ба «Носири занакча» ба шавҳар баромадан намехост. Волидонаш аз чанд дар навмед баргашта ниҳоят қарор доданд, ки барои писари занмиҷозашон аз ягон ноҳияи дурдаст арӯс мекобанд.

Хешдухтар

Мӯзаҳои падари Носир, амаки Нозил аз келинкобӣ ғалбер шуданд ва ниҳоят як хеши дурашро ба гап дароварда барои духтарашро ба писари вай ба шавҳар додан розӣ кунонд. Келиншаванда андак-мандак не, духтари босаводи чор кас медидагӣ-муаллима будааст. Гулноз духтари зебо ва муаллимаи забони хориҷӣ буд, вале як айб дошт-дар ҷо ҷои баданаш доғҳои сафед пайдо шуда буданд. Касе ин доғҳоро набинад ҳам, духтар худро ноҳинҷор ҳис мекард, аз ҳамин сабаб вай дидаю дониста ба Носири бесавод ба шавҳар баромад. Бечора духтар метарсид, ки агар ба ягон ҷавони босавод ба шавҳар барояд, ягон рӯз барои ҳамин доғҳо таънашунав мешавад, аз ҳамин хотир ин ҷавони деҳотиро интихоб намуд, то нозу нуз накунад, аммо…

Кайк дар ҷандаю ноз дар ганда

Шаби аввал тинҷу осуда гузашт ва Гулноз шукр кард, ки домод ба бадани вай аҳамият надод, вале баъдтар Носир ниқобашро аз рӯяш кашида чеҳраи асосии худро нишон дод. Домоди бепарвофалак рӯзи дароз гурба барин худро офтоб дода баҳузур мехобиду шабҳо бо гапҳои пасту баланди ғашовараш асабҳои арӯсакро хароб мекард. Занак барин ба ҳар ош қатиқ шудани шавҳараш Гулнозро «девона» мекард. Ҷавонзан дар ҳайрат буд, ки чаро ин ҷавонмарди биступанҷсола то ба ҳол аз ҳисоби волидони пираш хӯрда зиндагӣ мекунад.

Моҷарои нон

Оҳиста-оҳиста Гулноз ба тақдираш тан дода аз пайи тарбият кардани ҳамсари занакмизоҷаш шуд. Аввалин коре, ки ҷавонзани оқила дар ин росто оғоз намуд, ба касбомӯзӣ ҷалб кардани шавҳараш буд.

-Носирҷон, айб аст, ки ту аз ҳисоби нафақаи волидон ва он пуле, ки мӯйсафед аз фурӯши меваҳои боғ ба даст меорад, зиндагӣ мекунӣ. Албатта ду-се моҳ пас ман ба кор медароям, вале мард бояд ризқрасони аҳли оилааш бошад. Фардо фарзанддор шавем, онҳо аз ту барин падар шарм доштанашон мумкин,-маслиҳатомез гуфт як шаб вай ба шавҳараш ва ба балои бад гирифтор шуд.

-Ту ҳоло ба кор надаромадаю як пора нон наоварда ин хел мегӯӣ, пагоҳ кор кунӣ чӣ мешавад?!-Бо нози духтарона ғаши Гулнозро оварда гуфт,- шавҳари занмиҷозаш.

-Мебахшеду бояд мард барои занаш нон ёбад, на зан барои шавҳар,-ҳозирҷавобӣ намуд Гулноз.

-Э дамата гир, рӯз шавад ягон бало мекунем,-дод зад Носир ва пушташро тарафи занаш гардонда хоб рафт.

Гулноз Худоро шукр гуфт, зеро аз бӯсу канори занонаи Носир дилаш беҳузур мешуд…

Бачаи дӯзанда

Суханҳои Гулноз бетаъсир намонданд ва рӯзи дигар Носир ба маркази ноҳия коркобӣ рафта кор ёфт. Вай дар як корхонаи дӯзандагӣ шогирди дӯзанда шуд. Амаки Нозил дӯзанда шудани писарашро шунида аз ғазаб чӣ кор карданашро намедонист. Модараш Носирро назди худ хонда ба таври худ насиҳат кард:

-Бачам, касбҳои мардона қаҳт задаанд, ки ту дӯзанда мешавӣ? Бе ҳамин ҳам мардум дар бораат гапҳои ҳархела мегӯянд, ту бошӣ…

Гапи амаки Нозил ба охир нарасида Гулноз, ки шоҳиди ин баҳс буд, назди хусураш ҳозир шуда гуфт:

-Амак, дӯзандагӣ ҳам касб аст ва беҳтарин хайётони олам аз зумраи мардонанд. Бигузор Носир бо кори дӯстдоштааш машғул шавад.

Пас аз ин суханони келин дигар дар ин бора дар хонавода гап нашуд ва Носир дар як муддати кӯтоҳ сирри дӯзандагиро аз худ карда дар ноҳия дӯзандаи номдор шуд. Мизоҷонаш чунон бисёр буданд, ки вақти сархорӣ намеёфт.

Мусибат

Дар бадали панҷ сол Носир аз ҳисоби ҳунараш маблағи хуб ба даст оварда соҳиби дӯкони дӯзандагӣ ва мошини шахсӣ гашт. Акнун пиру кампир нафаси озод кашида, зиндагиашон рӯ ба беҳбудӣ ниҳода буд, ки мусибат дарашонро кӯфт. Аввал падар ва баъдан модари Носир ба касалии саратон гирифтор шуда, дар байни як сол ҳарду паиҳам ин дунёи бевафоро падруд гуфтанд. Гулноз маъракаҳои мотами хусуру хушдоманашро бо риояи тамоми қонуну қоидаҳои исломӣ гузаронд.

Дар шаҳри пурғавғо

Худованд ба Гулнозу Собир танҳо як духтараки зебо доду халос, вале зану шавҳар ба ҳаминаш ҳам шукр гуфта, ҷигарбандашонро мисли гавҳараки чашмонашон эҳтиёт мекарданд. Гулноз чандин маротиба ба назди духтурҳои занона рафт, аммо табибон дар ӯ ягон иллатро наёфта таъкид намуданд, ки шавҳараш бояд аз ташхис гузарад, Носир бошад, ин гапро ҳатто шунидан намехост. Билохира аз зорӣ кардан хаста шуда ҷавонзан ба тақдир тан дод ва минбаъд «фарзанд доди худо аст, чандто хоҳад, ҳамон қадар медиҳад» гӯён, худро тасаллӣ медодагӣ шуд. Шавҳараш акнун марди пулдор буд ва тез-тез ба пойтахт рафта меомад. Як бегоҳ Носир дар бораи фурӯши хона сухан оғоз кард. Гулноз таъкид намуд, ки чароғи манзили хусуру хушдомани раҳматиашро хомӯш карда ба ким-куҷо кӯчида рафтан намехоҳад, вале шавҳараш гапи ӯро ба як пули пучак ҳам нагирифта дар байни ду ҳафта ҳавлиро фурӯхту аз шаҳр хона харид.

Нағмаҳои нави ёри куҳна

Пас аз шаҳрӣ шудан Носир тамоман тағир ёфта буд-абрӯвонашро мечид, ба дастонаш дастпонаю ангуштарин меандохт, дар гарданаш занҷираи ғафси тиллоӣ овезон буд, баъдтар дар гӯшҳояш низ гӯшвор андохт. Нигоҳҳои кунҷкобонаи ҳамсояҳояшон қаҳри Гулнозро меоварданд. Шабе вай дар ин бора лаб кушоду дар бало монд. Шавҳари занакчааш чунон гапҳое гуфт, ки ҳангу манги ҷавонзан канд:

-Гӯш кун, бо ту песи ҳаром ман зиндагӣ дорам! Шукр кун, ки ба хотири духтарам туро дар ин хона роҳ додаам. Беҳтараш ба ҳар кори ман аралаш нашуда, катта –катта хӯрда гарду барои хешони қашшоқат пул фиристон, то ки аз гуруснагӣ намуранд! Дониста бош, ки агар як бори дигар ба андоми ман кордор шавӣ, талоқатро медиҳам!

Гӯшҳои Гулноз бо шунидани ин гап қуфл заданд. Ҷавонзани таънасор гашта дигар мадори шунидани суханҳои нешдори шавҳарашро надошт ва аз ҳамин рӯз бистарашро ҷудо кард. Дигар намехост дар паҳлуи ин занакчаи каждумзабон хоб кунад, Носир ҳам гӯё маътали ҳамин будааст, ки ягон бор ҳамчун мард кӯшиши бо занаш оштӣ шуданро накард.

Занҷири нимканда

Акнун онҳо зери як бом мисли ду бегона зиндагӣ мекарданд. Риштаи нимкандаи никоҳашонро танҳо духтарчаи зебоякашон Амира, ки дар синфи сеюм мехонд, ба зӯр нигоҳ медошт, вагарна аз ҳам ҷудо мешуданд. Носир духтарашро зиёд дӯст медошт ва барояш чизеро дареғ намедошт, Гулноз бошад меандешид, ки чӣ хеле набошад, падари худаш барои духтараш беҳтар аст ва танҳо ба ҳамин хотир ба ҳамааш тоқат мекард.

Хабари даҳшатангез

Чанд моҳ бад ин минвол гузашт. Рӯзе дугонаи ҷониаш Беназир, ки дар ин шаҳр ягона ғамгусораш ба шумор мерафт ва барояш мисли хоҳар буд, бо табъи хира ба хонаи вай омада, бо чашмони аз ҳайрат ало-було ба рӯйи Гулноз нигариста хабар дод:

-Ноз, медонӣ, шавҳарат на танҳо занакфеъл, балки ҳамҷинсбоз ҳам будааст. Дирӯз ман ӯро дар тарабхона бо як марди чорпаҳлӯи сиёҳҷурда дидам, ба фикрам араб ё афғон буд…

Гулноз ба суханони дугонааш бовар накарда гуфт:

-Хайр, ҳамроҳи ягон ҷӯрааш ба тарабхона рафтааст, агар ҳама мардони бо ҳам ба тарабхона мерафтаро ҳамҷинсбоз гӯем….

-Э не, сухани дугонаашро бурид Беназир,-он мард шавҳари туро бӯсид, аз лабонаш, чуноне, ки занро мебӯсанд, бӯса кард!

Беназир барои тасдиқи суханаш Гулнозро ба ҳамон тарабхонае бурд, ки Носирро дар он ҷо дида буд. Гулноз аз дур чӣ тавр бо як марди сиёҳҷурда ба тарабхона даромадани шавҳари «нозукхиромаш»-ро бо ду чашми худ дида бошад ҳам, ҷуръати ҷанҷол бардоштан накард.

Сирри фошгашта

Бори чорум ё панҷуми ҳамроҳи Беназир ба тарабхона рафтан Гулноз дигар тоқат накарда назди як хизматгузори тарабхона рафт ва ба ӯ сад доллар дароз намуда хоҳиш кард, ки дар бораи ҳамон ҷуфт маълумот диҳад.

-Апа, ман онҳоро аз наздик намешиносам, вале ҳама мегӯянд, ки Нозик, ҳамун бачаи тоҷик «арӯс»-и ҳамин афғон аст,-Бо нафрат ба сӯйи Носир ишорат намуда гуфт пешхизмат.

Гулноз дигар чизе напурсида ба хонааш баргашт.

Фирор аз марди занмиҷоз

Ҷавонзани корд ба устухонаш расида дар байни як моҳ ҳама дороияшро фурӯхт ва дар охир хонаро низ ба савдо заду духтарашро гирифта ба Русия рафт. Ҳоло ӯ дар ҳамон ҷо соҳиби касбу кор ва шавҳари ҷавонмарди бо нангу номусу хонаю дари обод аст. Духтараш донишҷӯӣ яке аз донишгоҳҳои бонуфузи Маскав гаштааст. Носир (ё Нозик) ҳамроҳи дӯсти афғонаш ба Канада ҳиҷрат кард, вале дар он ҷо чӣ ҳол дорад, касе намедонад...

                                                                                  

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД