1xbet
Қисмати зан (ҚИСМИ 1)
526

Субҳ дамидан дорад. Ҳавои сарди субҳгоҳӣ ба бадан рашъа медамонад, шамоли сардаш бошад, бо худ аз қуллаҳои баланду барфпӯши атроф ба димоғ бӯйи барфро мерасонад.

Зан болопӯши шавҳари бемори тамоми шаб аз дард печутоб хӯрдаву дами субҳ хобаш бурдаро дурустакак пӯшонида, аз ҷой "ё бисмиллоҳ" гуфта, боло мешавад.

Ӯ аз он ки тамоми шаб сари болини бемор мижа бо ҳам набаста аст, хаста асту аз гирумону зиндагиву бемордории дурудароз дилшикаста.

Аммо ӯ зан аст ва аз азал бори рисолати ба шавҳару фарзандон дар ҳама ҳолат меҳр бахшиданро аз ҷон бар дӯши вай гузоштаанд. Пас, бояд ноҷӯриҳои зиндагиро нодида бигираду дар тамоми ҳолатҳо сабурӣ пеша кунад. Ин аст, ки ҳаққи нолидан, шиква кардан, ризову норизо буданашро аз касеву чизе дар зиндагӣ надорад. Вале бо ин ҳама беҳаққиҳо, баъзан дил дар вуҷудаш исён мекунад, навҳа мекашад, фарёд мезанад:

- Худоё, хаста шудам, хаста!

Аммо... овозаш дар маҳбаси девораҳои гӯлу зиндонӣ, имкони аз даричаи лабон берун баромаданро надорад. Дилаш аз ин танг, синааш пуроҳ, чашмонаш пурашку аз паси пардаи сиришк ба олам тиранигоҳ мегарданд...

Рӯзи нав оғоз ёфт. Офтоб бо вуҷуди он, ки оламро нурафшон кардааст, ҳарораташ барои аз байн бурдани сардии оғози зимистон нокифоя аст. Вале саховати он чун саховати доимияш аз он ки бетамаъ аст, хушоянд асту дилписанд.

Зан чун одати ҳаррӯза рӯйи ҳавлӣ, ба паррандаҳои ба фикри худаш, "зори дона" - гунҷишкакону мусичаҳо як каф биринҷ пошиду аз паси корҳои рӯзгор шуд.

Андармони кор, нафаҳмид, ки чӣ хел риштаи андешааш ба пойи хотирот банду хотираҳои дирӯзу имрӯзаш ба ҳамдигар ҳалқа-ҳалқа бапайваст шудан даромаданд...

... Канори модар, гирди дастархони пурнозаш нишастан, ҳарфҳои ширинашро шунидан, ба умқи чашмонаш нигаристану дар мардуми дидаҳояш олами меҳрбореро дидан, чӣ қадар ҳаловат дошт. Он лаҳзаҳои на чандон дур, вале ба назар садсолаҳо гузашта, чӣ бебаҳо будаанд. Дареғу вовайло, ки зан ба андешааш қимати паҳлӯи модар буданро дер фаҳмид, хело дер...

Зан бо кафи ду даст ашки чашмонро пок карда оҳи сард кашид. Симои нуронии модарро пеши назар овард. Модари чеҳрахандону дилу ҷигар сӯзонро. Модари зореро,ки хотири бепадар нагаштани фарзандон ва номи бевазаниро нагирифтани худ, то дами вопасин ба азобу шиканҷаҳои гӯшношуниди худу ҷигаргӯшаҳояш аз тарафи пайвандони шавҳар сабр мекарду таҳаммул.

"Аҷиб! Модарам қудрати тобовариро бо он ҳама зулму ситаме, ки дар сар дошт, аз куҷо пайдо мекард? Чӣ тавр метавонист сӯзу дардашро шабҳо бо ашк фурӯ нишонаду рӯзҳо хандаро аз лабонаш дур насозад?".
Баъди марги модар зан дар ин маврид зиёд фикр мекард, хело зиёд. Фикри зиндагии худаш як тараф, ин фикр бошад, тарафи бандгаштаи худаш, дарди худаш, аламу ҳасрати худашро дошт.Аммо барои модари ранҷкашидаву роҳатнадидааш ба ҷӯз дуои мағфират дигар коре карда наметавонист.

- Очаҷон, Худо раҳматат кунад,- пичиррос зад зан беихтиёру даст ба рӯ кашид...

"Худованд ба ҳар кас лоиқи зӯру тавонаш дарду ранҷ медиҳад"-мегӯянд ҳолдонҳо. Зан ба нолишу печутоби шавҳар нигариста, "мардаки бечораро дигар, зӯру тавон намондааст, Худоҷон, кош ба дардаш шифо диҳӣ" - зорӣ мекунад, пеши Кирдугор. Охир, будани шавҳарро барои худу фарзандон давлату савлат, қуввату такягоҳ медонад. Давоми се соли бемории шавҳар аз сараш чӣ балоҳову чӣ моҷароҳое, ки нагузаштанд. Вақте ки бори вазнини зиндагӣ пурра ба дӯши худаш афтод, дар ягон гӯшаи зеҳнаш наомада буд, ки зиндагӣ ӯро пеши чӣ касону нокасоне мӯҳтоҷу музтар мегардонад. Намедонист, пастфитратии бархеҳо, ки аз дармондагию бечорагии касон истифода бурданро хело хуб баладанд, чӣ қадар афсурдаҳолу шикастааш месозад.

- Худоё! Ман гунаҳгорам! Гунаҳгорам, ки сариштаи кори худро гум карда, ҷойи он ки ба Ту рӯйи ниёз биёрам аз бандагонат мадад ҷустам,- нолид зан...

(Давом дорад)

Наргиси МУРОДАЛӢ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД