tobiston
Бо ваъдаи кор дар Аврупо 20 000 сомониамро гирифтанду “кидат” карданд
21.07.2025
Oila.tj
180

Кор дар Олмон, музди меҳнат 9600 евро, синну сол аз 18 то 65-сола!

Кор дар Британияи Кабир, музди меҳнат 4000 евро, хароҷоти сафар ва чиптаи ҳавопаймо аз ҳисоби корфармо!

Кор дар Аврупо, музди меҳнат 4600 евро, донистани забони хориҷӣ шарт нест...

Ҳамарӯза назари ҳар кадоми мо дар ТикТок, Инстаграм, Фейсбук ва дигар шабакаҳои иҷтимоӣ ба чунин эълонҳо меафтад, ки бо мақсади ба дом афтонидани муҳоҷирон пахш карда мешаванд. Мутаассифона, аксари одамон ба чунин эълонҳои қаллобона бовар карда, бо умед ба суратҳисоби он шахсони маккор маблағҳои ҳангуфт мегузаронанд, то ки ба ин ё он давлати хориҷӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта, зиндагии худро беҳтар созанд, аммо пас аз он ки пулро гирифтанд, ин қаллобон муҳоҷири фиребхӯрдаро блок мекунанд ё ғайб мезананд.

Қаҳрамони мо аз зумраи чунин муҳоҷирони фиребхӯрда аст ва қиссаи зиндагии ин мардро аз забони худаш, бидуни овардани ному насабаш манзуратон мегардонем.

- Ман чандин сол боз мисли дигар мардҳои тоҷик рӯзгорамро бо роҳи муҳоҷирати меҳнатӣ пеш мебарам. Солҳои охир кор кардан дар Русия каме душвортар шуд ва хостам ба ягон давлати дигар ба муҳоҷирати меҳнатӣ равам. Дар ТикТок бо Фирӯз ном шахс шинос шудам ва ӯ ба ман ваъда дод, ки барои ба Аврупо ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтан ёрӣ мерасонад. Вай худро корманди сафоратхонаи Полша муаррифӣ карда, гуфт, ки барои гирифтани раводид, яъне визаи корӣ бояд 1000 доллар пул супорам. Мани сода ба суханонаш бовар карда, маблағро ба корташ гузарондам, вале 3 рӯз пас боз 300 доллари дигар талаб намуд. Пурсидам, ки барои чӣ, дар ҷавоб гуфт, ки ман барои шумо визаи яксола не, балки сесола тайёр мекунам.

Фирӯз ба ман ваъда дода буд, ки дар Аврупо бо чӣ коре, ки хоҳам, машғул шуда метавонам ва музди меҳнат на камтар аз 200 доллари амрикоӣ аст. Мани хомхаёл ба гуфтаҳояш бовар кардам ва аз бонк қарз гирифта, чи қадар пуле, ки талаб мекард, ба суратҳисобаш мегузарондам.

Ҳамин тавр ба корти ин шахс беш аз 20 000 сомонӣ пул гузарондам. Аз рӯйи ваъда вай бояд маро аввал ба Туркия мебурд ва барои ба Полша рафтан ҳуҷҷатҳои тахткардаашро ба дастам медод, аммо пас аз он ки гӯё барои харидани чиптаи ҳавопаймо ба корти ӯ маблағ гузарондам, дигар ба зангҳоям ҷавоб намедодагӣ шуд.

Муддати 3 сол ман ба умед будам, ки имрӯз ё пагоҳ ҳуҷҷатҳо тахт мешаванд ва ба Аврупо коркунӣ меравам, аммо он рӯз ҳеҷ фаро намерасид.

Боре дар шабакаи иҷтимоӣ назарам ба хабаре афтид, ки дар бораи чунин қаллобон буд. Он хабарро кормандони Маркази захиравии муҳоҷирон пахш карда буданд ва ман кофта-кофта ба он ҷо рафтам. Кормандони марказ маро хуб қабул карданд ва нақламро шунида, аз паси санҷиш шуданд.

Маълум шуд, ки Фирӯз ва ширкаташ қаллоб буда, ман барин одамони содаю зудбоварро бо ваъдаи кор дар кишварҳои хориҷӣ ба доми худ меафкандаанд ва пулашонро хӯрда, ба қавли мардуми рус “кидат” мекардаанд.

Хулоса, бо кумаки кормандони Маркази захиравии муҳоҷирон ман ба мақомот аз рӯйи ин шахс ариза навиштам. Умедворам, ки ӯро пайдо мекунанд ва ба сазои амалаш мерасад.

Ба шахсоне, ки мехоҳанд ба кишварҳои хориҷӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ раванд, гуфтаниям, ки ба чунин эълонҳо бовар накарда, ба идораҳои давлатие, ки бо масъалаи муҳоҷират сарукор доранд, муроҷиат намоянд.

Шумо метавонед бо кумаки Хадамоти муҳоҷират, Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва дигар ниҳодҳои давлатӣ бо роҳи қонунӣ ба Олмон, Британияи Кабир, Литва, Корея, Қатар, Туркия ва дигар давлатҳо ба муҳоҷирати меҳнатӣ равед. Агар мехоҳед тариқи ширкатҳо равед, пеш аз он ки ба касе пул мегузаронед, ҳатман ба Маркази захиравии муҳоҷирон, ки дар суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Айнӣ 121 ҷойгир шудааст, муроҷиат намоед. Кормандони ин марказ месанҷанд, ки дар асл чунин ширкат вуҷуд дорад ё не ва шуморо роҳнамоӣ мекунанд, то ба доми қаллобон наафтед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД