Ин зани солхӯрда сокини деҳаи оби киики ноҳияи Хуросон Бибихол Орифова мебошад. Ин модари аламзада аз он шикоят дорад, ки писари аммаи келинаш Заррина-Шаҳбоз писараш Фариддуни 33-соларо дар рӯзи равшан 9 корд задаасту аз ин ҳодисаи нохуш қариб 20 рӯз сипарӣ гашта бошад ҳам, то ҳол касе ба додашон намерасад.
Сабаби сар задани ин моҷарои хунин ба гуфти пайвандони ҷабрдида як туҳмату ноҳеқест, ки хешу табори занаш дар ҳаққи Фаридун бофтаанд. Замони дар Русия будани Фаридун ҳамсараш Заррина аз телефони янгааш, яъне ҳамсари писари амааш ба шавҳараш занг мезадааст. Шабе Фаридун ба ҳамон рақамҳо занг зада, занашро пурсон мешавад. Ҳамин як занги телефонӣ боиси пайдо шудани шубҳаву гумонҳои бад гашта, кор то хонавайронӣ ва фоҷиа мерасад. Шаҳбоз занашро туҳмат мекунад, ки гӯё бо Фаридун муносибатҳои ошиқона дорад ва талоқашро медиҳад. Барои исбот намудани бегуноҳии худ Фаридун ҳамроҳи ду ҷӯрааш ба хонаи хешовандони ҳамсараш меавад, аммо...
Баробари аз мошин фаромадан аввал модараш ва сипас худи Шаҳбоз ба Фаридун дарафтода, ӯро 9 корд мезанад....