Бе ному нишон гум шудани шахси наздик-фарзанд ва ёру бародар барои падару модар, зану фарзанд ва хоҳару бародар бузургтарин фоҷиа дар зиндагист.
Бисёр мушил аст, вақте ки азизтарин шахсат ногаҳон ғайб мезанад ва дигар на мурдаашро меёбию на зиндааашро. Солҳои зиёде аз байн гузарад ҳам, чашми пайвандони шахси гумгашта ба роҳ аст, ки шояд ҳамин замон ё замони дигар аз дар медарояд ва ё касе аз ӯ хабаре меорад. Пайвандони Мустафои 30 сола низ то ҳол чашм ба роҳанд, ки шояд писарашон аз Русия занг мезанад ё касе ӯро дар ягон гӯшаи ин кишвари азим дидаасту даракашро медиҳад.
Солеҳов Мустафо Гулмудорович, соли таваллудаш 07.07.1989, сокини шаҳри Душанбе, чанд сол боз дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия буд. Мустафо бо тиҷорати мошин сару кор дошт ва охирин маротиба рӯзи 30-апрели соли 2017 ба падару модараш занг зада, баъди ин якбора бе ному нишон гум шудааст. Шахсоне, ки ҳамроҳаш кор мекарданд, мегӯянд то 2-юми майи соли 2017 Мустафо ҳамроҳашон буд, вале баъди ин дигар ӯро надидаанд. Пайвандонаш ба мақомотҳои дахлдор муроҷиат карда бошанд ҳам, то кунун дар бораи Мустафо Солеҳов хабари дақиқе ба даст наомадааст. Мустафо падари ду фарзанди хурдсол буда, то кунун падару модар ва ҳамсару бачаҳояш бо умед роҳи ӯро мепоянд. Чашмони модари зораш аз гиряи зиёд камнӯр гаштаву қомати падарро ғами фарзанди бе ному нишон хам кардааст.
Аҳли ин хонавода аз муштариёни сомонаи oila.tj ва тамоми муҳоҷирони меҳнатии тоҷик, ки дар Русия ҳастанд, эҳтиромона хоҳиш менамоянд, ки дар моҳи шарифи рамазон аз барои худо ба онҳо некӣ карда, дар пайдо намудани ҷигарбандашон ёрӣ расонанд. Мустафо Cолеҳовро дар ягон ҷо дида бошед ё дар борааш чизе бидонед, ба рақамҳои зерин занг занед:
+992 90 420 0330,
+992 90 000 66209