Ду нафар сокинони ноҳияи Хуросон ба хабарнигорони сомонаи ОИЛА-ТЧ занг зада, хабар доданд, ки як ҷавонмарди 33-соларо дар ин ноҳия 9-корд задаанд.
Аз рӯйи гуфти ин сокинони Хуросон нафароне, ки Ҳасан Олимовро корд задаанд, ӯро бо баҳонаи аниқ кардани як моҷаро ба вохӯрӣ даъват намудаанд. Ҳасан бехабар аз асли мақсади онҳо ба ҷойи таъиншуда меравад, аммо ҳанӯз аз мошин набаромада, ӯро кордборон мекунанд.
Айни замон Ҳасан Олимови 33-сола, ки падари ду фарзанд будааст, дар беморхонаи марказии Хуросон дар ҳолати вазнин қарор дорад. Хабарнигорони сомонаи ОИЛА-ТЧ барои фаҳмидани сабабҳои ин моҷфарои хунин ба Хуросон сафар намуданд.
Гузориши моро аз ҷойи ҳодиса фардо дар сомонаи ОИЛА ТЧ интизор бошед!