arzon replenishment
Зиёвиддини Нурзод зани дуюм гирифт? (Видео)
3546

Нафас ҳар дам зи қасри умр хиште меканад, Бедил,
Паи таъмири ин вайрона меъморе чунин бояд.
    Бедил
                  Атри гули ёд
Бод паси панҷараи тиреза тӯфон мекунаду охирин баргҳои зарҳалгунро чун вопасин нишони фасли поиз аз маснади ҳокимияти вақт сарозер месозад. Наҷвои баргҳои заъфаронӣ аз марги фасли шукуфтанҳову рустанҳо паём медиҳад, аммо…


Садое, ки дар фазои кошонаам танинандоз аст, замини дили маро баҳоргуна сабзу муаттар кардааст. Садои Зиёвиддин аст ин садои афсунгар ва ба афсуни муҳаббат дар дилҳо гули умед кошта, лолазори синаро пур аз накҳати биҳиштии атрии гули ишқ месозад.
Бар дидани дидори ту, боз омадам, боз омадам,
Дил ташнаи озори ту, боз омадам, боз омадам.
Бар ман даратро боз кун, бо ман бишин, ноз кун
Ман то қиёмат ёри ту, боз омадам, боз омадам….
Ин садо гули хотиротро дар ангораҳои хаёлам шукуфо месозад-хотироти замони журналистии Зиёвиддинро.

      Паррандаҳо ҳама рафтанд…
Дасти қисмат чархи тақдирро дар осиёи умри мо бераҳмона метобаду метобад. Дар ин олам каманд афроде, ки ба печутоби ин осиё сабурона тоб овараданд ва зери бори гаронаш қомати хеш нашкаста, ба манзили мақсуд бирасанд. Зиёвиддини Нурзод яке аз он мардони қавиирода аст, ки осиёи зиндагӣ бо ҳама зарбаҳои дардовараш натавонист нерӯи ботиниашро бишканаду ӯро аз пайроҳаи мурод дур андозад. Ба қавли худи Зиёвиддин «паррандаҳо ҳама рафтанд» ва имрӯз аз он замони нокомиҳо танҳо ёд мондаву халос. Аммо ҳамин ёдҳову хотиротанд, ки қиммати аслии моро дар зиндагӣ муайян месозанд. Ҳамин ёдҳоянд, ки собит месозанд Зиёвиддин мисли бархе аз ҳунармандон ситораи офаридаи дасти болои дигарон нест, ин қулларо ӯ бо заҳмат ва талошҳои хеш боло шудааст…

alt

             Роҳ то қуллаи мақсуд
Пайроҳаи эҷодии Зиёвиддини Нурзод барои банда қадам ба қадам ошност. Ман ӯро аз замоне медонам, ки донишҷӯ буд ва аксар бо пораи нону косаи обе қаноат менамуд. Иҷорахонаҳо ва бардоштани бори нози соҳибонашон, бепулӣ, каму кости рӯзгор, силсилаи бемориҳо, азоби «бетағоӣ» ва заҳмати гарони журналисти бепушту паноҳ-ин ҳама дардҳо думболагири Зиёвиддин буданд, аммо ҳамон замонҳо низ пеши касе сар хам намекард ва рӯйи ниёз намеовард, зеро ғурураш баланд буд.


Ҳамин ғурур ӯро дар зиндагӣ такягоҳ ва мояи ифтихор гашт.
Имрӯз бо Зиёвиддини ситора рӯ ба рӯ нишаста, мепурсамаш:
-Кадоме аз пешаҳо бароят муқаддамтар аст- журналистӣ ё овозхонӣ?
Замоне андеша карда мегӯяд:  

-Наметавонам нисбати пешаи овозхонӣ, ки маро шӯҳрат ва ному нон додааст, носипос бошам, вале бо ин ҳама журналистика бароям муқаддастар аст. Аз он нигоҳ журналистикаро муқаддастар медонам, ки ҷонбозию заҳмати зиёде мехоҳад. Як овозхон метавонад бо таронаҳояш танҳо мардумро лаҳзае шодию фараҳ бубахшад, вале як журналист барои дифоъи манфиатҳои мардуми оддӣ сина сипар мекунад. Бубинед, фарқият аз куҷо то ба куҷост!
-Бо ин ҳама коми санъаткор ширинтар аст…
alt

-Мутаасифона чунин аст, масалан, дар чанд соли овозхониам банда тавонистам соҳиби манзилу мошин, ки заруратҳои аввалии зиндагӣ ҳастанд, бигардам. Бо маоши журналистӣ шояд дар тӯли тамоми умр ин миқдор маблағ ба даст намеовардам ва кӣ медонад, ки боз чандин даҳсолаҳо бори миннати иҷорахонаю соҳибонашро мекашидам. Бо ин ҳама саҳна амсоли як баҳор аст-баҳоре, ки ба думболаш хазон дорад. Эҷоди журналист ва умуман аҳли қалам монданист.
-Ин ҳама сина сипар карданҳои журналистон барои ҳақиқат қадрдонӣ намешавад…
16649219_1724837777846235_2208037451712887148_n

-Замони бо рӯзномаҳо ҳамкорӣ доштанам, ҳамроҳи Робияи Холмирзо ният доштем саҳифаеро боз намоем бо номи «Беқадртар зи хори биёбонӣ, журналист», вале ба орзуҳомон нарасидем. Натавонистем чароғаке афрӯзем барои ҳампешаҳоямон, ки ҳамеша барои дигарон сина сипар мекунанду худ такягоҳе надоранд. Журналистикаро ҳокимияти чаҳорум мегӯянд, вале заҳмати рӯзноманигорон ба таври бояду шояд қадрдонӣ намешавад. Маоши журналистони мо нисбати ҳампешаҳои хориҷиашон хеле паст ас. Сарчашмаи дигари даромад низ надоранд. Ба онҳое, ки бо ин ҳама аз пешаи худ рӯй натофтаанд, аҳсант бояд хонд!

-Мегӯянд, ки Зиёвиддини Нурзод ҳам аз дигар ҳампешагонаш қафо намонда, зани дуюм гирифтааст…
-Аслан гирди номи ҳар нафаре, ки шӯҳрат дорад, овозаю ҳангомаҳо паҳн мешаванд. Дар бораи ман чунин овозаҳо бисёр паҳн гаштаанд, вале асос надоранд.
-Янга ин овозаҳоро шунида ба қавле «девона» намешавад?
-Хушбахтона ҳамсарам оқила аст. Вай ҳар дафъа тавре вонамуд мекунад, ки гӯё чизе нашунидаасту воқеае рӯй надодааст.

-Ин рафтори ҳамсаратон нишонаи боварист ё ба тақдир тан додааст?
-Гумон мекунам боварист, зеро ба қавли русҳо «не даю поводов для ревности». Умуман, вафодорӣ сутуни асосии хушбахтии оилавист.

-Магар ҳамсари овозхон бе рашк зиста метавонад?
-Ин ба ақлу фаросати зан вобаста аст. Зани оқила бояд ба рашку ҷанҷолҳои беҳуда роҳ надиҳад. Овозхон ҳамеша дар мадди назари мардум аст, ба ӯ занг мезананд, изҳори меҳру ихлос менамоянд, ин ҳамаро бояд табиӣ қабул намуд. Шукри худованд, ҳамсарам бо ман ҳамин гуна муносибат мекунад. Ҳарчанд овозаҳо буданд, ки гӯё ман аз ҳамсарам ҷудо шудаам, вале ин ҳангомаҳо асос надоштанд ва байни мо ҳеҷ гоҳ нофаҳмию ҷангу ҷидол набуд!

-Аксари ҳунармандон аз «ҳуҷуми мухлисон» гурехта, тез-тез рақамҳои телефонашонро иваз менамоянд. Зиёвиддин чунин одат дорад?
-Мухлисони ман хеле мардуми самимӣ ҳастанд, аз ин рӯ ба муҳаббати онҳо бо худхоҳӣ посух гуфтан камоли беақлӣ мебуд. Ман аз зангҳои телефонӣ ва сӯҳбатҳои мухлисонам шод мешавам. Мекушам ба муҳаббати мардум ҳамеша бо муҳаббат посух бигӯяд.

alt

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД