new banner new years
Сеҳру ҷоду хоб бинӣ хонавайрон мешавӣ
7787

Моҳтоб

Марде, ки моҳтобро дар рӯйи зону, хона ё бистари худ хоб мебинад, духтари зебоеро ба занӣ мегирад, рафту зан ё духтаре чунин хоб бубинад, ба марди зебо издивоҷ мекунад. Рафту зани ғайримусалмон моҳтобро дар рӯи зонувони худ хоб бинад, ин зан дини исломро қабул мекунад. Нафаре хоб бинад, ки моҳтоб ба замин фуруд омадааст, ин нишонаи марги модараш аст. Офтоб ва моҳтоб дар хоб волидонанд ва агар дар хоб офтобу моҳтоб назди нафаре саҷда намоянд, пас волидони ин нафар аз ӯ розӣ ҳастанд. Дар хоб дидани он ки моҳтоб ба офтоб мубаддал мегардад, нишонаи некӣ аз зан ё модар аст. Агар шахси бемор моҳтоби калоншударо хоб бинад, умраш дароз мешавад, моҳтоби пир дар хоб таҷассумгари умри кутоҳ аст. Нафаре, ки чеҳраи худро дар рӯйи моҳтоб мебинад, мефавтад. Нопадидшавии моҳтоб дар хоб ба анҷом расидани кори муҳимеро пешгӯӣ мекунад. Хоб дидани моҳтоб аз муҳаббати нав ё вохӯрӣ бо шахси баландмартаба далолат медиҳад.

Муҳаббат
Ишқу муҳаббат дар хоб санҷишу имтиҳон аст. Мард агар дар хобаш ба духтаре ошиқ шавад, ӯро дар зиндагӣ санҷиш интизор аст. Чунин муҳаббат нишонаи ғаму андуҳ аст, зеро ошиқон ҳамеша маҳзуну андуҳгин мегарданд. Дар хоб ба шахси зебо ошиқ шудан шаҳодати он аст, ки шахси чунин хобдида бо нафари баобрӯ ва муътабар шинос мешавад.

Одамон
Дар хоб дидани анбуҳи одамон маънои онро дорад, ки шумо ба доми афроди дурӯява ҳасудхӯр афтидаед. Аз ин афрод дурӣ ҷуед.

Қандил
Дар хоб дидани қандил маънои онро дорад, ки рӯзҳои наздик дар ягон кори муҳим ширкат меварзед.
Қандили афтидаву шикаста дар хоб маънои талафоти калон дар зиндагиро дорад.

Қурбоққа, ғук
Дар хоб дидани як ё ду дона қурбоққа шахси худотарсу ботазарруъ аст. Агар дар хоб дар хона ё мавзее қурбоққаи бисёр ҷамъ шавад, ин мавзеъ ба ҷазои Худованд гирифтор мешавад. Қур-қури қурбоққа дар хоб маънои ба хизмати роҳбар ё намояндаи ҳукумат равобидан аст. Дар хоб қурбоққаро қапидан маънои содиқона анҷом додани фармудаҳои Оллоҳро дорад. Агар қурбоққа дар хоб бо забони одамӣ ба гап дарояд, ҷиҳози хонаи худро нав мекунед.

Мағоза
Мағоза дар хоб фоида ва боигарӣ аст. Агар нафаре дар хобаш мағозаҳои холиву бе савдоро бинад, ба муноқишаи калон дучор мегардад. Мағозаи валангоршудаистода ё валангоршуда аз марги шахси наздик шаҳодат медиҳад. Мағозаи дарҳояш баста аз нобарорӣ дар кори савдо пешгӯӣ мекунад.

Сеҳру ҷоду, соҳирӣ
Сеҳру ҷоду дар хоб ошӯб ва фиреб аст. Нафаре, ки дар хобаш ҷодугарӣ мекунад, пас бо роҳи фиреб зану шавҳареро ҷудо мекунад.

Марҳам
Дар хоб молидани марҳам маънои чашмпӯшӣ ва туҳмат аст, вале марҳами хушбӯй нишонаи нек аст.

Марям
Нафаре, ки Бибӣ Марям, модари ҳазрати Исоро хоб мебинад, дар миёни одамон мавқеъ ва дороии зиёдро соҳиб мешавад. Агар нафаре дар хобаш ба Бибӣ Марям саҷда намояд, ба зудӣ бо ҳокимон робита мекунад.

Ниқоб
Ниқоб дар хоб ҳушдор аз он аст, ки шахси наздикатон шуморо фиреб медиҳад.

Зайтун
Зайтун дар хоб боигариву неъмат аст, дарахти зайтун бошад, шахси хушбахту барои оилаи худ манфиатбахш аст. Нафаре, ки равғани зайтунро аз худи дарахт ҷабида мегирад, ба баракату неъматҳо мерасад. Дар хоб ҷабидани зайтун нишонаи хайру баракат аст.

Равған
Равғани растанӣ дар хоб боигарӣ ва пули бо роҳи ҳалол ба даст овардашуда аст. Нафари беморе, ки дар хобаш ба бадани худ равғани растанӣ мемолад, шифо меёбад.

Равғани зайтун
Равғани зайтун дар хоб дониш, баракат, роҳи ҳақ, нур ва насибаи Худованд аст.
Равғани маска дар хоб нишонаи серҳосилӣ, фоида ва афзалият аст.
Равғани зард дар хоб илму донише аст, ки дар ҳар ду дунё аз он фоида ба даст меояд. Баъзеҳо бар онанд, ки нӯшидани равған дар хоб нишонаи бемориҳо ва суқи чашм аст. Таҳшини равғанро нӯшидан дар хоб нишонаи ба даст овардани маблағе аст, ки тавассути таҳқир ба даст меояд.

Модар
Модари худро хоб дидан маънои раҳму дилсӯзӣ ва аз мушкилиҳо халос шуданро дорад.

Асал
Асал дар хоб сарвате аст, ки бо роҳи ҳалоли шариатӣ ба даст меояд. Барои нафароне, ки эътиқодашон дар дин сахт аст, асал дар хоб ширинии имон, қироати Қуръон ва амалҳои нек аст. Асал ҳамзамон дар хоб шаҳодати шифо ёфтан аз бемориҳо аст. Дар хоб истеъмол кардани асал пули бе дарди миён аст. Дастони худро олудаи асал хоб дидан нишонаи дониши зиёд доштан аст. Асали канду дар хоб нишонаи амалҳои неку самимӣ ва маблағи ҳалол ба даст овардашуда аст.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД