Arzon march 2024
Таъбири хоби ман чист?
19172

 

(Аз «Хобнома»-е, ки Мавлоно Мушфиқӣ барои Хоҷа Насриддин таълиф кардаанд)

ГАРДАН-агар дар хоб гардани дилбари нозанинеро бинед, донед, ки хатаре ба гардани худатон таҳдид мекунад, яъне маъшуқаи наве ба гардани шумо савор мешавад, агар ў донишҷў бошад, ба ҷои ў рисолаи дипломӣ хоҳед навишт.

Агар гардани ғафсу сиёҳи мардро бинед, сардоратон ба шумо илова ба вазифаатон кореро мефармояд, ки барои иҷрои он танҳо ҳамин хел гардани ғафси сиёҳ лозим.

 ДУРЎҒ- агар хоб бинед, ки дурўғгўй шудаед ё дар мусобиқаи муҳоботчиёну дурўғгўйён ширкат меварзед, бидонед, ки ҳатман рўзноманигор ё шореҳи сиёсии замони рукудро дучор хоҳед омад.

 ГЕСЎ- агар гесўи нозанинеро хоб бинед, ҳушёр бошед, ки доме дар пеш аст. Агар гесў рост бошад, раҳо меёбед, агар каҷ бошад, ҳатман ба чангаш меафтед.

 ГЎСФАНДОН- агар рамаи гўсфандонеро хоб бинед, ки гург чўпонӣ мекунад ва шумо барои кандани пўсти гўсфандии гург талош доред, донед, ки узви ягон созмони ғайрирасмӣ мешавед.

 ГУНГ-дар хоб дидани гунг маънои онро дорад, ки боз чанд рўз радиою телевизори шумо кор нахоҳад кард.

 ГЎШИ СУРХ- агар дар хоб гўши сурхро бинед, рўзона дар ҷои кор ғайбати касеро мешунавед ва ё шуморо ғайбат хоҳанд кард. Бинии сурхро бинед, садта қултамисин мезанед, чашми сурхро бинед, ба ғазаби сардор гирифтор мешавед. Дар ҳолати охирин маслиҳат медиҳем, ки он рўз ба чашми сардор нанамоед.

 ТАХТАВУ ТИРАК- агар тахтаву тиракро хоб бинед, он рўз шумо ба завҷаатон танҳо суханҳои хуш гўеду мум барин мулоиму асал барин ширин шавед, вагарна бо тирак ба калла мехўред ва ё ки янга шуморо чалпак карда, дар тобаи суханҳои ҷонсўз бирён мекунад.

 ХОМЎШАК- агар хомўшаки нарро хоб бинед, рўзи дигар коратон барор мегирад. Агар хомўшаки дар хоб дидаатон мода бошад, коратон барор намегирад. Оиди гунҷишк ва шапарак ва кайк низ ҳамчунин.

 ЗАН-агар хоб бинед, ки занатон бо табар ё калтак роҳи шуморо мепояд, он рўз ба назди маъшуқаатон наравед, ки хатаре шуморо интизор аст.

 САРДОР-агар дар хобатон сардорро бинед, кўшиш кунед, ки зуд бедор шавед, вагарна ба шумо ё кореро мефармояд ё барои ягон хатои чанд ҳафта пеш кардаатон сарзаниш намуда, кайфи хобро тамоман аз саратон мепаронад.

 ШЎРБО-агар дар хобатон бубинед, ки шўрбо ё таоми ошхонаҳои чиркини шаҳри моро хўрдаед, зуд бедор шаведу доруи дарди шикам хўред, дар акси ҳол он таомҳои дар хоб дидаатон шуморо шикамдард мекунад.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(9)
салом 2019-08-03, 12:49
Анора дар хоб чист?
Посух
Фатхиддин 2019-08-07, 04:56
Шагол
Посух
зебо 2019-10-04, 20:58
гург
Посух
Нигина 2019-10-09, 14:42
Агар дархоб муе ки аз сари худ канда шуда ба даст меояд тадбири ин хоб чист?
Посух
Мурод 2019-10-21, 14:38
Салом апахову акахо хами хобда сели дахшатнокеро бини ки аз дари хонаат мегузарад ва бисёр ифлос аст. Чубхои зиёде дорад. Чи маъно доштабошад илтимос чавоб тиен. 92 976 44 43
Посух
Азим 2023-05-05, 12:02
Мича
Посух
Лайло 2023-07-23, 15:44
Чанд маротиба аст ки хобби мебинам шавхарам зани 2 дорад ва мо аз хам чудоем
Посух
Гулизор 2023-08-25, 12:50
Телефони нав харидан чи таъбир дорад?
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(9)
салом 2019-08-03, 12:49
Анора дар хоб чист?
Посух
Фатхиддин 2019-08-07, 04:56
Шагол
Посух
зебо 2019-10-04, 20:58
гург
Посух
Нигина 2019-10-09, 14:42
Агар дархоб муе ки аз сари худ канда шуда ба даст меояд тадбири ин хоб чист?
Посух
Мурод 2019-10-21, 14:38
Салом апахову акахо хами хобда сели дахшатнокеро бини ки аз дари хонаат мегузарад ва бисёр ифлос аст. Чубхои зиёде дорад. Чи маъно доштабошад илтимос чавоб тиен. 92 976 44 43
Посух
Азим 2023-05-05, 12:02
Мича
Посух
Лайло 2023-07-23, 15:44
Чанд маротиба аст ки хобби мебинам шавхарам зани 2 дорад ва мо аз хам чудоем
Посух
Гулизор 2023-08-25, 12:50
Телефони нав харидан чи таъбир дорад?
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД