Arzon march 2024
Харгӯш,морбозӣ ва қарз дар хоб чист?
5954

Хато, иштибоҳ

Агар нафаре дар хобаш иштибоҳ намояд ё роҳгум занад, ин нишонаи аз роҳи ҳақ гаштанаш аст.

Девор

Нафаре, ки дар хоб ба девор такя мекунад, дар зиндагӣ аз шахси воломақоме вобаста мегардад. Дар назди худ девор хоб дидан ҳушдор аз мушкиливу хатарҳои дар пешистода аст. Аз девор афтидан дар зиндагӣ гуноҳи бузург содир кардан ва барои ин ҷазо гирифтан аст.

Васиятнома

Нафаре, ки дар хобаш ба касе васиятнома мегузорад, агар миёнашон бо ин нафар кинаву адоват бошад, бо ҳам оштӣ мешаванд.

Ҳасад, бухл

Нафаре, ки дар хобаш ба касе бухлу ҳасад мебарад, бадахлоқ аст ва шахсе, ки ба ӯ ҳасад мебаранд, парҳезгор аст. Ҳасад ҳамчунин нишонаи камбағалӣ, қаҳру ғазаб ва ғурур барои шахси ҳасадхӯр асту барои шахсе, ки ба ӯ ҳасад мебаранд, давлату дороӣ аст.

Қарз

Нафаре, ки дар хобаш қарзи бе фоиз (ҳасана) медиҳад, ғамхории беғаразона мекунад. Агар шахсе дар хоб қарздиҳанда ё қарзхоҳи худро фавтида бинад, аз ташвишу ғам озод мегардад.

Забҳкунӣ

Нафаре, ки дар хобаш инсонеро бо корд мекушад, ӯро таҳқир ва зулму ситам мекунад. Шахсе, ки гирифтори ташвишу ғам аст, дар хобаш ӯро корд зананд, аз ғаму ташвиши худ озод мегардад. Дар баъзе ҳолатҳо забҳкунӣ ишора ба издивоҷ аст. Нафаре, ки дар хобаш кабутар, гӯсфанд ё ҷонвареро забҳ мекунад, ба наздикӣ оиладор мешавад. Дар хоб корд халидан ба модару падар нишонаи итоат накардан аст.

Забҳ намудани гӯсфанд ба хотири тавлиди тифл

Нафаре, ки дар хобаш ба хотири тавлиди фарзанд гӯсфанд забҳ мекунад, дар хонадонаш тифл ба дунё меояд, баъзан чунин хоб нишонаи бузургии имон ва риоя намудани суннатҳои дин аст.

Ғуруб, нишастани офтоб

Фурӯ рафтани офтоб дар хоб аз тағйиротҳои судманд дар зиндагии шумо, ҳамчунин рафъи монеаҳо ва беҳтар гаштани зиндагӣ далолат медиҳад. Рафту ғуруб дар осмон дар шакли гурз бошад, кишварро қудрату некуаҳволӣ интизор асту гурзи сиёҳ ҳикмати баръаксро дорад.

Бастани дарҳо

Нафаре, ки дар хобаш дарҳои навро мебандад, агар муҷаррад бошад, бо духтари хушахлоқу боадаб оила бунёд мекунад. Рафту шахсе дар хобаш дареро пушида натавонад, аз коре, ки аз уҳдааш баромада наметавонад, даст мекашад, инчунин аз бадие эмин мемонад. Пушидани дар хоб нишонаи зиндагии нодуруст аст.

Морбоз

Морбоз, ҳуққабоз, кордбоз дар хоб аз робита ва дӯстӣ бо нафарони бад, хушомад ва тамаллуқкорӣ бо душманон шаҳодат медиҳад.

Маҳбасӣ, зиндоншавӣ

Маҳбасӣ ва зиндоншавӣ дар хоб ин таҳқир ва ғамхорӣ аст. Дар хоб дидани хонаи ношиносу маҳкам ин марг ва қабр аст.

Гаравгон, гарав

Нафаре дар хобаш худро дар гарав афтида бубинад, гунаҳ содир кардааст ва қалбаш дар гарави гунаҳҳояш аст. Дар хоб нафареро ё чизеро ба гарав гирифтан дар бедорӣ ба иштибоҳи бузурге роҳ додану шарманда шудан аст.

Оби Замзам

Дар хоб аз чоҳи Замзами Макка об нӯшидан аз бемориҳо шифо ёфтан аст. Агар оби Замзам ба хотири ба даст овардани пул ё дониш нӯшида шавад, шахси чунин хобдида ба муродаш мерасад.

Қулф

Агар маҳбасие дар хоб бубинад, ки қулферо кушодааст, аз зиндон озод мегардад. Рафту қулфро шахси ғамгине кушояд, ғаму андуҳаш рафъ мегардад. Қулф ҳамзамон ба беғамӣ ишора мекунад. Дар баъзе ҳолатҳо қулф шаҳодат аз монеа ва мамониятҳои ногаҳонӣ дар роҳи инсонанд.

Либосшӯӣ

Дар хоб либосшӯӣ кардан аз ғаму андуҳ ва ташвишҳо раҳо ёфтан аст.

Серкорӣ

Марде, ки дар хоб худро машғули коре мебинад, бо духтари бокира издивоҷ мекунад.


Намехоҳам дигар оиладор шавам” гӯён, даст меафшондам, аммо дӯстам маро ба ҳоли худам намонда, бо қайсингилаш шинос кард. Духтари сарпаст менамуд, аз ҳамин хотир, розӣ шуда дар тарадуди тӯй афтодам.

 


Бӯй

Бӯйи хуш дар хоб нишонаи ситоиш, ҳарфу кори нек асту бӯйи нохуш нишонаи баръакси ин гуфтаҳоро дорад.

Офтобгирӣ

Офтобгирӣ дар хоб ҳушдор додани одамон аз бадбахтӣ аст.

Пушти сар

Пушти сар дар хоб аксаран маънои ба нафаре пайравӣ карданро дорад.

Харгӯш

Харгӯш дар хоб ишора ба шахси тарсончак аст. Ё он занест, ки аз ӯ на фоида мерасаду на зарар. Марде, ки дар хобаш харгӯшро ба даст мегирад, рӯзҳои наздик издивоҷ мекунад.

Ситора, сайёра

Нафаре, ки дар хонаи худ ситораи бе ҷиллоро хоб мебинад, ба шахсиятҳои номдору муҳтарам бадбахтӣ мерасад. Дар хоб истеъмол кардани порае аз ситора аз дороии шахсиятҳои машҳур истифода бурданро маънидод мекунад. Агар ситораҳо якҷоя ҷамъ омада бошанд, шахси чунин хобдида бо нафарони соҳибвазифаву бомартаба ҳамнишин мегардад. Ба ҷое, ки ситора меафтад, ин мавзеъро бадбахтӣ интизор аст. Фарде, ки дар хобаш ситораро меқапад, соҳиби писари зебову азиз мегардад. Шахси сарватманд дар хобаш осмони бе ситораро хоб бинад, камбағал мешавад, шахси камбағал чунин хоб бинад, шаҳид мегардад. Ситораро дар рӯзи равшан хоб дидан маънои нохушиҳои зиёдро аз сар гузаронидан аст. Агар дар хоб ба сари нафаре ситора афтад, реҳлат менамояд ё пули зиёд қарз мегирад. Хоб дидани ситораҳои ҳаҷмашон якхела аз шунидани хабари хуш дарак медиҳад. Ситораҳои гуногунҳаҷм нишонаи сар задани муноқиша миёни аҳли хонавода аст.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД