Formula novemver 2024
Хобномаи мусулмонӣ
22890


Пилки чашм
Агар инсон дар хобаш пилки чашмонашро беҳтару зеботар бубинад, дину имонаш мустаҳкам мегардад, рафту пилки чашмонаш безеб бошанд, дину имонаш низ заиф мегардад. Дард накардани пилки чашм дар хоб фоли нек аст, хусусан барои бонувон. Яраву ҷароҳати пилки чашм аз ғаму андуҳ хабар медиҳад.

Ҷорӯб
Аксаран ҷоруб хоб дидани инсон нишонаи аз байн рафтани нохушиҳо ва баргардонидани қарз аст. Дар баъзе хобномаҳои дигар ҷоруб дар хоб аз ғурбату муноқиша дарак медиҳад.

Тоҷ
Тоҷ дар хоби мард нишонаи ба иззату икром расиданро дораду дар хоби зан аз шавҳар карданаш дарак медиҳад.

Шутур
Шутур дар хоб ба ғаму ғусса ишора мекунад. Рафту инсон дар хобаш дар болои шутур нишаста, ба ҷанг мебаромада бошад, андуҳгин ё бемор мегардад. Ё бо шахси бефаросат баҳсу мунозира мекунад. Агар аз банди шутур гирифта, бо роҳи барояш ошно қадам занад, ин маънои онро дорад, ки шахси гумроҳеро ба роҳи рост ҳидоят менамояд. Дар хоб шутурро куштан аз истироҳат ва осудагӣ хабар аст. Нафаре, ки дар хобаш аз болои шутур меафтад, ӯро қашшоқӣ интизор аст. Хоб рафтани шутур дар хоб нишонаи бемории сахт аст. Зани бешавҳар дар хобаш ба шутур нишинад, шавҳар меёбад ё шавҳари рафтааш дубора бармегардад. Ҷӯшидани шутури мода аз дасти нафари воломақоме пул гирифтан аст. Рафту ба ҷои шири шутур хун хоб бинад, моли ҳаром аз худ кардааст. Садои шутур дар хоб огоҳӣ аз ҳаҷ кардан аст. Баъзе олимон бар онанд, ки дар хоб дидани шутур маънои шуҳрат ба даст оварданро дорад, бархи дигар бошанд, бар он ақидаанд, ки чунин хоб аз вохӯрӣ бо шахси дурӯя ва ҷоҳил дарак медиҳад. Шахси бемор дар хоб шутур бубинад, соати маргаш наздик аст. Дар хоб дидани ҷанги ду шутур аз муноқишаи ду нафари воломақом пешгӯӣ мекунад, ки оқибаташ ба ҷанг меорад.
Ҳар нафаре, ки дар хоб шутур сар мезанад, аз кору амали пештар содирнамудааш пушаймон гашта, ӯро бадбахтӣ интизор аст. Баъзан шутури мода дар хоб инъикоскунандаи зан аст. Агар марди муҷаррад шутур хоб бинад, ба наздикӣ оиладор мешавад. Рафту мард ба шутур савор шуда тавонад, духтари зебову меҳрубон ва тақводоре завҷааш мегардад.

Арғамчин, банд
Арғамчин дар хоб рамзи дин ва имон аст. Нафаре, ки дар даст арғамчин мебинад, имонаш мустаҳкам аст. Агар банд дар гардан бошад, пас шахси чунин хобдида хеле зихна аст.

Шодмонӣ, хушҳолӣ
Дар хоб шодӣ кардан аз нохушиву нокомӣ дарак медиҳад.

Баҳор
Дар хоб дидани фарорасии баҳор нишонаи ҳуҷуми душман аст.

Тарозу
Тарозу дар хоб ба имон, адолат ва бовиҷдонӣ ишора мекунад. Дар тарозу баркашидани пул маънои зиндагии бешарафона ва нодуруст ба сар бурдан аст.

Шамол
Дар аксари ҳолатҳо шамол ба азобу кулфат ва бадбахтӣ ишора мекунад. Агар дар хоб шамол деворҳоро чаппа карда, одамону ҷонварон ва зарфу ашёҳоро мебурда бошад, пас бадбахтии калон ба сари мардум меояд. Рафту шамол аз ҷониби бароятон шинос мевазида бошад, нишонаи хабарҳои нек аст, шамоли хокбориш ҷангро пешгӯӣ мекунад.

Байтор, духтури ҳайвонот
Байтор дар хоб рамзи инсонест, ки тақдири дигаронро ҳал мекунад.

Ашёи қарзгирифта ё қарздода
Агар нафаре дар хоб бубинад, ки чизи барояш пурқиматеро ба нафаре қарз дод ё қарз гирифт, некӣ мебинад, вале он кӯтоҳмуддат мегардад. Рафту ашё нодаркор бошад, инсонро нохушиҳо думболагир мегарданд.

Май
Май дар хоб ин боигариест, ки бо роҳи мамнуъ ба даст омадааст. Нафаре, ки дар хобаш замини сабзу дарёи майро мебинад ва аз ин май менӯшад ё ба дарёи май медарояд, дар он дунё дохили биҳишт мегардад. Рафту дарёи майро дида, ба он ворид нагардаду аз он нанӯшад, санҷишу имтиҳони зиндагӣ азияташ медиҳад. Ҳамзамон май дар хоб гумроҳӣ ва гуноҳ аст. Агар нафаре дар хоб худаш май ё дигар машрубот омода намояд, дар корҳои бузург ширкат меварзад. Май дар хоб боз маънои ошӯб, зарар, адоват ва ғазабро дорад. Дар баъзе мавридҳо май дар хоби нафаре, ки пайваста дар ҳолати ҳаяҷону ташвиш қарор дорад, маънои косташавии ақлро дорад.

Ангур
Хоб дидани ангури сафед ва сурх дар айни ғунучини мева маънои онро дорад, ки аз нафаре дасти мадад мегиред. Агар чунин хоб дар фасли ғунучини мева набошад, маънои бемор шуданро дорад. Ангури пухта дар хоб нишонаи зиндагии хушбахтона ва саломатии хуб аст.

Навдаи ангур
Ҳар нафаре, ки навдаи ангур хоб мебинад, шахси тақводор, саховатманд ва меҳрубон аст.

Об
Оби тозаро хоб дидан нишонаи хушҳолӣ ва пешравӣ аст, оби ифлос бошад нишонаи ноумедиву андуҳгин гаштан аст. Дар хоб оби софу бомаза нӯшидан маънои онро дорад, ки инсон бо вуҷуди пеш омадани баъзе санҷишҳо ба роҳи дуруст меравад ва хушбахт мешавад.
Нӯшидани оби ҷӯшон дар хоб нишонаи он аст, ки бо баъзе сабабҳо ба сафар намебароед ва ҳамзамон аз шахсе, ки дастгириву кӯмакро интизор будед, дилмонда мегардед.
Дар хоб нӯшидани оби сиёҳ шаҳодати он аст, ки инсон нури чашмашро аз даст медиҳад, оби лойолуд аз даромади бевиҷдонона ба даст овардашуда, оби шӯр аз беморӣ дарак медиҳад.
Серобӣ нишонаи ҳосили хуб ба даст овардан аст.

Гирдоб
Дар хоб дидани гирдоб маънои онро дорад, ки инсон меҳнати сангину пурмашаққат мекунад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(7)
зафар 2019-08-09, 05:51
кавг чист дар хоб
Посух
Газидани занбури зардак 2019-08-17, 08:39
Газидани занбури зардак дар хоб чи маьно дорад.
Посух
Мехрона 2019-09-21, 06:52
Дар хоб бубини ки шахси мурдаро сарашро шустаистодаан чи маъно дорад
Посух
Абдурасул 2019-10-06, 10:57
Дар хоб одами мурдагиро дида дастхояшро капида габ занад чи мешавад
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(7)
зафар 2019-08-09, 05:51
кавг чист дар хоб
Посух
Газидани занбури зардак 2019-08-17, 08:39
Газидани занбури зардак дар хоб чи маьно дорад.
Посух
Мехрона 2019-09-21, 06:52
Дар хоб бубини ки шахси мурдаро сарашро шустаистодаан чи маъно дорад
Посух
Абдурасул 2019-10-06, 10:57
Дар хоб одами мурдагиро дида дастхояшро капида габ занад чи мешавад
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД