Овозхони шинохтаи тоҷик Фирӯза Ҳафизова таронаи ҳаҷвиеро аз ҳаёти шахсии худ сабт намудааст, ки намоҳанги он рӯзҳои наздик пешкаши ҳаводорони созу суруд мегардад.
Овозхони шинохтаи тоҷик Фирӯза Ҳафизова таронаи ҳаҷвиеро аз ҳаёти шахсии худ сабт намудааст, ки намоҳанги он рӯзҳои наздик пешкаши ҳаводорони созу суруд мегардад. Фирӯзабону дар саҳифаи Инстаграмаш пораеро аз ин таронаи хеле ҷаззоб гузошта навиштааст: “Аз қиссаи зиндагии худам як суруди шӯх омода кардам, то каме ҳам бошад вақтамон хуш шавад. Ханда ба пастшавии сатҳи холестерин дар хун ёрӣ расонда, фаъолияти системаи нафаскашӣ, дил ва рагҳои хунгарди он, ҳамчунин кори узвҳои ҳозимаро ба низом медарорад. Ханда дардро сабук месозад, бинобар ин, бихандед, ҳар рӯз бихандед!”
Ёдрас мешавем, ки Фирӯза Ҳафизова яке аз чеҳраҳои пурбаҳстарин дар шоу-бизнеси тоҷик ба шумор рафта, дар атрофи ном ва сирру асрори зиндагиаш тез-тез овозаву ҳангомаҳои зиёде пайдо мешаванд. Дар шабакаҳои интернетӣ низ ба тарзи либоспӯшӣ ва рафтору гуфтори Фирӯза Ҳафизова зиёд эрод гирифта, дар ҳаққаш ҳар хел суханҳои пасту баланд мезананд, таҳқир мекунанд, дашном медиҳанд. Ин хонуми қашанг акнну мехоҳад бо таронаи “Фу, мегум фу” ба тамоми касоне, ки то ин замон дар ҳаққаш ҳарфҳои ноҷо гуфтаанд, ҷавоби сазовор диҳад.
Дар асл Фирӯза Ҳафизова як зани хайрхоҳ буда, мудом ба одамони бепарастор, беморон, ятимон ва мӯҳтоҷон дасти ёрӣ дароз менамояд. Фирӯза ин пандимашҳурро дар зиндагӣ шиори худ намудааст:
Дил ба даст овар, ки ҳаҷҷи акбар аст,
Аз ҳазорон каъба як дил беҳтар аст.
Аммо о ин ҳама накӯкорӣ нафароне пайдо мешаванд, ки бо эродҳои баҷову беҷои худ ба торҳои асаби инбонуи ширинсадо нохун зада, ӯро ба ғазаб меоранд ва маҷбур месозанд, ки ба дағалиҳояшон бо дағалӣ ҷавоб бигӯяд.
Новобаста ба ҳама овозаю ҳангома ва ҷанҷолҳои интернетӣ Фирӯза мухлисони бешумори худро дорад, ки ҳар як таронаи ӯро бо хушӣ истиқбол мегиранд.