Arzon march 2024
10 роҳи ёфтани дили шавҳар
11361

Ишқи пирӣ нозук аст

Чанде қабл шумо ҷавону ошиқи ҳамдигар будед. Соатҳо сӯҳбат мекардеду хаёлан қасри орзуҳои худро месохтед, барои фарзандон ном меҷустед. Чанд сол сипарӣгашту соҳиби фарзандони дӯстрӯ гаштед, вале муҳаббат куҷое гум шуд. Лаҳзае фаро расид, ки зери як бом зистан ба ҳардуятон намефорад. Бистари никоҳӣсард гаштааст. Муҳаббат на танҳо шавқу рағбат аст, балки эҳтиром, дарк кардану қабул намудани як нафар бо тамоми хубу бадаш. Бе эҳтиром муносибатҳои қавию мустаҳкам сохтан номумкин аст. Эҳтиром пеш аз ҳама бо дӯстдоштаи худ фахр кардан аст, на ин ки пайваста ӯро зери маломат гирифтану норозигӣбаён намуда, ба ҷонаш расонидан. Аввалан бояд дарк намоед, ки қарсак аз ду даст бармехезад. Ҳаёти якҷоя –заҳмати вазнину дутарафа аст. Ҳамин ки яке аз тарафҳо дар муносибат ба хатогӣроҳ дода, оила вайрон мешавад, зеро муҳаббати яктарафа умри дароз надорад.

Шавҳаратон шуморо ҳурмат намекунад?

Дар оилаатон аз ҳар гапи майда ҷанҷол бархоста шавҳаратон ақидаи шуморо ба назар намегирифтагӣ шуд –ин аз он далолат медиҳад, ки ҳамчун шахсият барои мардатон қадр надоред. Чӣбояд кард? Аввал бо шавҳаратон гуфтугӯ кунед, маҳз аз нагуфтани гапу асрорҳои нуҳуфта мушкилоти зиёд сар мезанад. Мушкилотро оромона, бе доду вой ҳал кунед... Аз шавҳаратон пурсед, ки ҳаёти оилавиатонро чигуна баҳо медиҳад, чӣ чиз табъи дилаш нест. Пурсед, ки барои осоиштагии ҳаёти оилавӣба кадом корҳо қодир аст.

Ба ҳеҷ ваҷҳ аз мард напурсед, ки «Чӣҳодиса рух дод?», «Ту маро дигар дӯст намедорӣ?», «Ягон кори ман ба ту намефорад?» Чунин пурсишҳо мардро асабӣмесозанду хоҳиши сӯҳбат кардан гум мешавад. Баъди сӯҳбат бо марди хонадон хулосаи даркорӣбарореду ба як қарори аниқ биёед. Дар сурати аз сӯҳбат саркашӣ намудани шавҳаратон асабӣнашуда диққат диҳед, шояд машғули коре бошад ё гурусна асту рӯзи пурмашаққати корӣдошт.

 

Сирри эҳтиром

Касе моро бо хоҳиши худамон эҳтиром нахоҳад кард. Исбот кардан лозим аст, ки сазовори эҳтиром ҳастед.

Шояд ба шавҳаратон дар хона нишастану ба худатон аҳамият надодани шумо писанд набошад. Зеро аксарияти бонувон гумон мекунанд, ки чигунае бошанд, модоме ба занӣгирифт, пас мард дӯст медорад. Албатта шавҳаратон шуморо дӯст медорад, вале бепарво нашавед.

«Ман»-и худро ёбед. Ба атрофиён, хусусан ба шавҳаратон нишон диҳед, ки сояи ӯ нестед. Танҳо зани хонашину нозбардори шавҳар нашавед. Барои худ низ вақт ҷудо кунед: машқҳои ҷисмонӣкунед, ронандагиро омӯзед, забони хориҷӣаз худ кунед.

Агар мушкилоти худро ҳал карда натавонед, аз шавҳаратон маслиҳат пурсед, шояд бароятон ягон шуғли мувофиқ меёбед. Аммо ба маслиҳате, ки бар зарари шумо бошад, гӯш надиҳед. Бо мақсади забономӯзӣдигар кори хонаро напартоед. Рӯзи худро тавре тақсим намоед, ки ҳам барои пухтупаз, ҳам нигоҳубини фарзанд ва ҳам барои шавҳаратон фурсат ёбед. Шояд ташвиши шумо беҳуда аст?

Орзуи мардро пурсед

Шояд шавҳаратон даврони вазнинро мегузаронаду асабаш хароб шудааст? Барои марди худ вақти бештар ҷудо намуда, дастгирияш кунед. Аслан қаҳру ғазаби мардҳо аз он аст, ки мо, занҳо ба кору шуғлҳояшон беаҳамият ҳастему дастгирӣнамекунем. Бештар аз нақшаву ниятҳо, орзуҳояш пурсон шавед.

Мурғи дили мардро зинда кунед

Шояд шавҳаратон ба бӯҳрони миёнасолӣгирифтор шуда бошад. Дар чунин ҳолатҳо мард гумон мекунад, ки ҳаёт ба охир расидаасту кӯдакон калон шуда, хона холӣва чизеро аз нав оғоз намудан маънӣнадорад. Дар ин лаҳзаҳо ба ӯ кӯмак расонед, шуғлеро барои ҳардуятон пешниҳод созед. Он гоҳ мурғи дилаш дубора зинда шуда, аз шумо миннатдор мешавад.

Шояд ишқ мурдааст?

Боз як мушкилоти дигар вуҷуд дорад. Шумо мӯътақид ҳастед, ки бояд зиндагиятонро рангин намоед! Шояд кайҳо аз якдигар дилхунук шуда бошеду дигар чизе шуморо ба якдигар намепайвандад? Пас, чаро ҳамдигарро азият медиҳед? Шумо мегӯед, ки фарзанд доред, солҳои зиёд бо ҳам будед, бе шавҳаратон чӣкор мекунед? Биёед ҳар як ҳолатро дар алоҳидагӣдида бароем.

Муносибати фарзанд

Равоншиносон кайҳо исбот сохтаанд, ки барои кӯдак бо яке аз волидон зистан беҳтар аст, назар ба он ки пайваста шоҳиди ҷангу ҷанҷолу нафрати волидонаш ба якдигар гардад.

Муноқишаву кинаву адоват ба психикаи кӯдак таъсири бадтар мерасонад. Агар моҷаро сар зад, ҳатман бо кӯдакатон сӯҳбат намуда, фаҳмонед, ки дар ҷангу ҷанҷолҳои шумо ӯ гуноҳ надорад.

Шавҳаратон зан дорад?

Шояд шавҳаратон зани дигар дорад? Агар маъшуқа дошта бошад, пас мушкилот андаке чигил аст. Ӯ аз як оила ба оилаи дигар медаваду шумо чи кор карданатонро намедонед. Дар чунин ҳолатҳо равоншиносон маслиҳат медиҳанд, ки ба худ бештар диққат диҳед. Ба шавҳаратон нишон диҳед, ки шумо беҳтар ҳастед. Охир шумо ӯро аз зани дигар дида беҳтару хубтар медонед, одатҳояшро, завқашро, хислаташро. Ҳамааш дар дасти худатон аст, амал кунед!

Муҳаббату эҳтироми шавҳарро баргардонидан мехоҳед?

Яке аз роҳҳои баргардонидани муносибатҳои хуби оилавӣ истироҳати якҷоя аст. Якҷоя рухсатӣ гирифта, ба истироҳатгоҳ равед. Истироҳат ба шумо таассуроти тоза мебахшад. Ҷавониатонро ба ёд оварда, ҳиссиётҳоятонро дубора зинда мегардонед. Барои истироҳат вақт надоред? Хӯроки болаззате пухта, кӯдаконро ба хонаи бибияшон фиристонеду сурмаю ӯсма молида, дар хона бо шавҳаратон танҳо бимонед.

Чанд маслиҳат оиди пурмуҳаббат гардонидани муносибатҳо:

1) Кӯшиш намоед дар бораи чизи бад фикр накунед. Танҳо лаҳзаҳои хушу гувороро ба ёд оварда, ҳар лаҳзаяки бо ҳам буданатонро қадр намоед.

2) Бикӯшед ҳама корро якҷоя ба анҷом расонед, мушкилоти рӯзгорро бо ҳам бубинед.

3) Ба ҳеҷ ваҷҳ аз ҳамхобагӣнагурезед.

4) Алами худро аз зани дигар нагиред, ба он ки шавҳаратон ба шумо таваҷҷӯҳ надорад, ягон зан гунаҳкор нест.

Фаромӯш насозед, ки бо баргардонидани муҳаббату эҳтироми шавҳар ва барои хушбахтии давомдор заҳмат бояд кашид.

Ба шумо ошиқ будану дӯстдошта буданро орзу менамоем.

Меҳрубони Нодир

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД