Sebiston new 2024 october
Моҳрухсор, муҳоҷирзан: Бахти сиёҳам маро ба Русия овард
3096

 

Занону духтарони тоҷикро кӣ ё чӣ маҷбур месозад, ки тарки Ватан, хонаву дар ва азизону пайвандони хеш намуда ба муҳоҷирати меҳнатӣ раванд?

Барои ба ин савол посух гирифтан, мо тариқи интернет бо чанд муҳоҷирзан ҳамсуҳбат гаштем. Инак, саргузашти як бонуи овораи тоҷикро ба шумо хонандагони азиз қисса мекунем. 

-Шумо гумон мекунед, ки занҳои тоҷик аз сари шавқу ҳавас ё ба хотири дунёро дидан хонаву дарашонро партофта, ба муҳоҷират мераванд? Шахсан маро бахти сиёҳам дар зиндагӣ овораю сарсон намуда, ба Русия овард.

Бо сад орзую ҳавас ба шавҳар баромадам, вале ҳамсарам нохалаф баромад. Вай маро ҳатто ба акаю додари худаш рашк карда, чунон мезад, ки дар баданам ягон ҷойи обод намемонд. Дар муддати се моҳ тамоми аъзои баданам аз зарби мушту лагад сиёҳу кабуд ва маъюб шуда, ягон ҷойи ободам намонд. Аз тарси он ки ягон рӯз шӯйи бадрашкам маро зада накушад, гурехта ба хонаи падару модарам рафтам ва қасам хӯрдам, ки дигар шавҳар намекунам.  

-Магар дар хонаи падар касе шуморо нигоҳубин карда наметавонист, ки рӯ ба муҳоҷират овардед?

-Ду бародар дорам, ки бечораҳо базӯр зану фарзандони худашон ва падару модарамро мехӯронанд. Дарди сари онҳо нашавам гуфта ба муҳоҷират омадам. Пештар таърифи Русияро бисёр шунида будам ва гумон мекардам, ки дар ин ҷо одам ба осонӣ бою бадавлат мешавад, вале баъди омадан фаҳмидам, ки азоби холӣ будааст. Ҷонат ба лабат меояд, то чор танга пул кор мекунӣ.

-Шумо дар ин ҷо бо чӣ кор машғулед?

-Дар бозори Садовод самбӯса пухта мефурӯшам. Шароити зиндагиам вазнин аст, дар як хона 10 зан зиндагӣ карда истодаем, вале азоби гӯрро кашам ҳам, то пули як хонаро ҷамъ накунам, намеравам. Дилам аз ҷинси мард мондааст, мехоҳам миннати ягон номардро нашунида, бо меҳнати худам соҳиби хонаю дар шавам ва одамвор зиндагӣ кунам!

-Ба занону духтароне, ки орзуи ба Русия сафар кардан доранд, чӣ гуфтаниед?

-Ҷои гармашонро хунук накунанд. Азобе, ки мо дар ин ҷо мекашем, дар Тоҷикистон нисфаш нест. Медонам, ки шароити молии мардуми мо хуб нест, вале ними нон-роҳати ҷон гуфтаанд. Дар Ватан як сарпаноҳ дошта бошанд, ҳаргиз фикри муҳоҷиратро накунанд!

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД