Arzon march 2024
Ҷонибек Муродов: Душманӣ дар байни сарояндаҳо зиёд аст
3179

 Дар саросари ҷаҳон рақобат дар шоу-бизнес ончунон сахт аст, ки ногуфтанӣ, ҳатто ситораҳои бузурги олам ба ҳамдигар бахилӣ мекунанд, кина мевазанд ва кӯшиш менамоянд, ки монеъи пешрафти рақибонашон бигарданд. Ҳар кас мехоҳад ягона ва ситораи №1 бошад.

Оё дар шоу-бизнеси тоҷик низ чунин рақобати шадид вуҷуд дорад? Барои ба ин савол ҷавоб гирифтан мо бо яке аз ситораҳои раддаи аввали мусиқии муосири тоҷик Ҷонибек Муродов ҳамсӯҳбат гаштем.

-Ҷонибек вақте ба ҳунармандони тоҷик савол медиҳӣ, ки шумо киро рақиби худ меҳисобед ва оё рақобат дар шоу-бизнеси мо вуҷуд дорад, мисли тӯтӣ як гапро такрор мекунанд: Касеро рақиб намеҳисобам, мо, сарояндаҳо бо ҳамдигар дӯсту бародар ҳастем... Аммо дар байни мардум миш-миш ва сару садоҳои зиёде ҳастанд, ки санъаткорон сояи ҳамдигарро аз девор метарошанд ва кина меварзанду ба ҳамдигар душманӣ мекунанд. Назари Шуморо сари ҳамин мавзуъ донистан мехостем.

-«Ту забони най чӣ донӣ, чу бинолад аз ҷудоӣ» гуфтааст Ҳозиқ. Ман зиёда аз даҳ-понздаҳ сол аст, ки дар ин саҳнаи пур аз рақобату хусумату бадбинӣ фаъолият дорам. Бояд иқрор шавам, ки рақобати эҷодӣ дар байни баъзе сарояндагони мо имрӯз ба ҳадде расидааст, ки нисбати якдигар нафрат доранд. Ба ҷойи он ки аз пешравии ҳамкасбаш шод гардад, сароянда сарояндаи дигарро «пачақ» мекунад.

-Рақобат ба кадом хотир аст: мавқеи худро аз даст надодан ё бештар “заказ” гирифта, пул кор кардан?

-Бадбахтона, сарояндаҳое низ дорем, ки ҳатто рисолати аслии хешро намедонанд. Аксари сарояндаҳое, ки нав ба саҳна баромадаанд, танҳо як мақсад доранд: ду-се суруд хонда машҳур шаванд, то ба тӯйҳо «заказ» бигиранд. Ин даҳшат аст! Наход одам барои тӯйгардӣ машҳур шудан хоҳад?! Сароянда бояд аз худ чизе боқӣ гузорад, то ки ҳатто баъди маргаш мардум бо ифтихор ба фарзанду набераҳояшон гӯянд: «Писарам, мо ана ҳамин хел санъаткори бузург доштем!»

-Ба ҷавониатон нигоҳ накарда, Шумо аллакай ба дараҷаи устодӣ расидаед. Шунидем, ки оҳангҳои беҳтаринатонро ба шогирдатон Дамирбек Олимов ҳадя мекунед. Ин дар ҳолест, ки дар шароити кунунӣ ягон ҳофиз намехоҳад шогирдаш аз худаш пештар гузарад…

-Ин аблаҳӣ аст, ки монеи пешрафти шогирдат бошӣ. Вақте ки касе туро «устод» мегӯяд, дар назди Худованд ва халқ вазифадорӣ, ки шогирдатро роҳнамоӣ карда, ҳаматарафа кӯмак бирасонӣ, то роҳу равиши худро пайдо намояд. Он гоҳ бо забони дароз гуфта метавонӣ, ки ман шогирди арзанда тарбият намудам.

-Аслан чи тавр шуд, ки Дамирбекро ба шогирдӣ пазируфтед?

-Ростӣ, аввал ман Дамирбекро ба шогирдӣ қабул кардан намехостам, чунки худро ҳанӯз шогирд ҳисоб мекардам. Падарам маро насиҳат карда гуфтанд, ки ту писари Ҷӯрабеки Муродӣ, ҳамон Ҷӯрабеке, ки барои маҳбубияти шогирдонаш тамоми қувваашро сарф кардааст. Дамирбекро зери қаноти худ бигир, ман ба ту кӯмак мекунам. Ҳамин сухани падарам боис гашту Дамирбекро ба шогирдӣ пазируфтам ва имрӯз аз пешравиҳои ӯ меболам.

-Ба дигарон ҳамеша дасти ёрӣ дароз карданро шумо аз падари бузургворатон омӯхтаед. Писари Ҷонибек аз падараш чиро меомӯзад?

-Суоли аҷиб. (механдад) Падари бузургвори ман ба ҳар як эҷодкор, новобаста аз дилу нияташ ҳамеша дасти ёрӣ дароз мекарданду то ҳол мекунанд. Ин хислати неки падар ба ман ҳам гузашт. Акнун писарам ин хислати авлодиро мерос гирифтааст.

-Гуфтаниед, ки Шумо авлодан ба бадӣ бо бадӣ ҷавоб намегӯед?

-Ман аҳриман нестам, ки ба бадӣ бо бадӣ ҷавоб диҳам. Худо нестам, ки бадонро барои бадкирдорияшон муҷозот намоям. Танҳо як инсони хокӣ, офаридаи Худовандам ва ҳаволаи бадро ба Худо месупорам. Барои пулу моли дунёӣ шуда ба касе бадӣ кардан чӣ лозим, охир фардо пулу мол аз сари ҳама мемонад! Миллион дошта бошӣ ҳам, ба он дунё бо худат танҳо як кафан мебарӣ, ҳамон ҳам агар насибат кунад. Муҳим он аст, ки аз одам дар ин ҷаҳон номи нек боқӣ бимонад. Аз дастам ҳар қадаре некӣ ояд, мекунам, фарқ надорад, ки дар ҳаққи дӯст аст ё душман.

-Хуб, писаратон чӣ хислат дорад?

-Нуруллобекҷони додош мисли ману бобояш бачаи бекина аст. Бо ҳама ҷӯра мешавад. Дар кӯча панҷ дақиқа бо ягон бача бозӣ кунад, аллакай вай дӯсти Нуруллобек аст. Барои дӯстонаш ҳеҷ чизро дареғ намедорад. Тамоми бозичаҳояшро бароварда ба дӯстонаш медиҳад. Ҷиянҳоям ӯро ҷанг карда мегӯянд, ки туя сарат задагӣ, ки бозичаҳои қимматата бароварда ба ҳар шиносу ношинос медиҳӣ. Нуруллобек як ҷавоб дорад: «Инҳо дӯстони ман ҳастанд ва ин хел бозичаҳоро надоранд. Бозичаҳои ман дар хона бекор хобидаанд, беҳтар нест, ки ягон кас бо он бозӣ кунад!» Ман аз ҷавоби писарам хурсанд шуда курта-курта гӯшт мегирам.

-Чун сухан атрофи туҳфа рафт, як чизро пурсиданӣ будам. Одатан ба сарояндаҳо дар ҷашни зодрӯзашон ва дигар иду маросимҳо туҳфаҳои қимматбаҳо тақдим мекунанд. Мехостам донам, ки ба Ҷонибеки Мурод чиҳо туҳфа мекунанд? Қиматтарин туҳфае, ки то имрӯз гирифтаед?

-Туҳфаи аз ҳама қиммат барои ман, ин инояти Парвардигор аст, ки маро дар чунин оилаи барӯманд ба дунё овардааст. Ман бо доштани падаре чун Ҷӯрабек Муродов ва модаре чун табиби логопед-овозшиноси ягона дар кулли ҷумҳурӣ Мушаррафа Исмоилова фахр мекунам. Дуюмин туҳфаи гаронбаҳо се бародари ба ҷону дил баробарам ҳастанд, ки дар душвортарин лаҳзаҳо дар барам истода, намегузоранд як лаҳза ғамгин гардам. Ва ниҳоят туҳфаи аз ҳама асосии қисмат бароям-ин ягона фарзандам, умеду ормон ва давомбахши умрам Нуруллобек мебошад!

-Ман туҳфаҳои мухлисонро дар назар дорам…

-Бовар кунед, ҳамааш беҳтаринанд. Маро ёд карда ба хонаам омадан ва зодрӯзамро муборакбод гуфтани дӯстонам бароям аз ҳама ганҷи олам қимматтар аст. Ҳар кӣ аз дилу нияти пок ба Ҷонибек як сухани хуб гуфта бошад, ҳисоб кунад, ки барояш беҳтарин туҳфаро тақдим намудааст!

-Ба ҳар сурат туҳфае ҳаст, ки орзуяшро доред?

-Ҳаст.

-Хӯш, чӣ будааст:

-Мехоҳам Худованд бароям як зани хубу нексириштро ҳадя намояд!

-Оҳо, ана гапу мана гап! Хайрият, дар бораи зан ҳам фикр мекардаед, вагарна умедамонро аз тӯйхӯрӣ канда будем. 

-Маро шарм надоронед. (механдад)

-Зане, ки орзуяшро доред?

-Мисли ҳама мардҳои мусалмон дар орзуи зани солеҳа ва порсоям, зеро Фирдавсии бузург фармудааст:

Зани хубу фармонбару порсо,

Кунад марди дарвешро подшоҳ

-Хушбахту комёб бошед!

Сӯҳбаторо: Фарангиси Фармон

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД