Мавлуда Солиева, сокини ҷамоати Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буда, бо пули ночизи кӯчарӯбӣ як не, се фарзанд ва келини маъюбашро нигоҳубин мекунад.
Азоби ин зани камбизоат рӯз то рӯз бештар мегардад, зеро духтари 19-солааш Нилуфар бар замми маъюбӣ боз ба бемории рӯҳӣ гирифтор шуда, ба девонахона афтидааст. Ба гуфти худаш, акнун як пойи Мавлудахола дар роҳи девонахонаю пойи дигараш дар хона аст ва ҳолашро фақат худаш медонаду худованд. “Ба ҳар падару модар худо фақат фарзанди солимро лоиқ бубинад, чунки фарзанди бемор сӯҳони умр аст” оҳи сард кашида мегӯяд ин зани ҷафокашида ва чунни қисса мекунад:
Солҳои охир ҳодисаҳои вайроншавии оилаҳои ҷавон рӯ ба афзоиш ниҳода, боиси ташвиши ҷомеа гаштааст.
-Ду сол пеш ду фарзанди маъюб доштам, аммо баъди келин кардан ба писари беморам ду беморам сето шуд. Болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, духтарам Нилуфар ба касалии рӯҳӣ гирифтор шуда, як дарди маро сад дард намуд. Савод, ки надорам, кӯчарӯбӣ карда, ҳамагӣ 400-сомонӣ маош мегирам, ки баъди ба девонахона афтидани духтарам танҳо ба роҳкиро мерасаду халос.
-Чаро духтаратон ба касалии рӯҳӣ гирифтор гашт?
-Писарам дар вақти таваллуд шуданаш ба қавли русҳо трамва бардошта, ба эпилепсия гирифтор шуд, вале духтарам сиҳату саломат буд. Вай якбора, худ аз худ беҳуш шуда меафтидагӣ шуд. Духтуру табиби набурдаамон намонд. Гоҳ пул ҷамъ кардаю гоҳ қарз карда дар ба дари беморхонаҳо мебурдем, аммо касе ба дардаш даво ёфта натавонист. Баъзеҳо маслиҳат доданд, ки ба назди муллоҳои бақувват бурда дуохонӣ кунем. Муллоҳо ҳам ҷину аҷинаҳои духтарамро бароварда натавонистанд.
-Нилуфар кай ба девонахона афтид?
-Вақтҳои охир дар як ҳафта 4-5 маротиба дардаш хурӯҷ намуда, беҳуш шуда меафтид. Шабу нимашаб доду фарёд карда, натанҳо аҳли оилаи мо ва хусури хушмани пирам, балки ҳаққу ҳамсояҳоро ҳам осуда хобидан намемонд. Маҷбур шудем, ки ӯро ба беморхона барем. Рӯзи 1-уми сентябр ҳамаи духтарҳо ба донишгоҳу донишкадаҳо рафтанду духтари бетақдири ман ба девонахона,-оби дида рехта мегӯяд ин модари зор.