sebiston july new
Чарли Чаплин занҷаллоб буд?
3051

 

Даричаи ошноӣ:
Ном: Чарли. 

Насаб: Чаплин.
Санаи таваллуд: 16. 04. 1889.
Макони таваллуд: Лондон, Британияи Кабир.
Санаи фавт: 25. 12. 1977 (88-сола).
Қад: 165.
Мучал: Ҳамал.
Касб: Ҳунарпеша, сенарист, режиссёр.

Дар олами ҳунар

Яке аз бузургтарин ҳунармандони синамо дар ҷаҳон Чарли Чаплин 16 –уми апрели соли 1989 дар Лондон чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Падару модари Чарли-Чарлз Спенсер Чаплини калонӣ ва Ханна Чаплин санъаткор. Аниқтараш ҳунармандони эстрадӣ буданд ва бо барномаҳои рақсиву мусиқии аҷоибу ғароиб дар саҳнаҳои театрҳои гуногун баромад мекарданд. Волидайни ҳунарпеша тавонистанд дар дили Чарли ва бародараш Сидни меҳри санъатро аз овони хурдӣ ҷо намоянд. Бародарон аз як модар бошанд ҳам, падари Сидни дигар буд, аммо ба ин нигоҳ накарда, онҳо зиндагии хушбахтона ба сар мебурданд. Оилаи Чаплин аз лиҳози иқтисодӣ хуб таъмин ва санъат барои онҳо як чизи муқаддас ба шумор мерафт, на роҳи пулкоркунӣ.

Ситорачаи хурдакак

Чарли аввалин маротиба дар синни 5 солагиаш ба саҳна баромадааст. Он замон модараш каме нотоб шуда буд ва суруд хонда наметавонист. Чарлии хурдакак ӯро дар саҳна иваз мекард. Аз намоиши аввалин ин писарчаи чолок чунон дар дили мухлисон ҷой гирифт, ки тамошобинони баваҷдомада ба рӯйи саҳна танга ва пул мепартофтанд. Чарли пас аз ин боз чанд маротибаи дигар бо барномаҳои гуногун ба саҳна баромад, вале каме пас зиндагии оилаи онҳо куллан тағйир ёфт.

Бозии қисмат

 Ба сари ин оилаи хушбахт ва тифоқ якбора борони фоҷиаҳои пай дар пай боридан гирифт. Аввал модараш ба ҷоғар гирифтор гашта, қобилияти сарояндагиро пурра аз даст дод, баъди ин падараш ба ишқи маю шароб дода шуда, аз кӯчаи одамгарӣ тамоман баромад. Майхорагӣ кори худро кард ва Чаплини калонӣ дар синни 37 солагӣ дар госпитали Лондон ҷон ба ҷонофарин супурд.

Дарду доғи ятимӣ

Пас аз марги падар Чарли ва бародарашро ба муассисаи махсуси иҷтимоӣ барои онҳое, ки ниёз доранд, фиристоданд, то ки ятимакон дар кӯча монда аз гуруснагӣ намиранд. Албатта ятимхона биҳишт нест ва онҳоро лозим меомад, ки барои рӯзгори хешро андаке ҳам бошад, беҳтар сохтан пул кор кунанд. Аз зимистони соли 1998 сар карда, Чарли Чаплин дар ҳайати гурӯҳи “Ҷавонони Ланкошарӣ” баромад мекард ва нақшҳои хурдӣ ҳаҷвӣ мебозид, аммо пули аз ин саҳначаҳо ба даст меомада ба рӯзгузаронӣ намерасид. Барои он ки додаракаш азоб накашад, Чарли дар вақтҳои холигиаш ёрдамчии духтур, фурӯшандаи газета ва корманди хурди чопхона шуда кор мекард....

Шерлок Холмс-роҳ ба кӯйи шуҳрат

Соли 1903 Чарлии 14-сола аввалин маротиба дар пиесаи Шерлок Холмс нақш бозида, якбора машҳур гашт. Бо шарофати ҳамин пиеса роҳи ӯ ба олами санъати синамо кушода шуд. Чарли Чаплин нақшҳои зиёдеро офаридааст, вале шуҳрати асосиро ба ӯ баъди Шерлок Холмс образи овораи хурдакак (Маленкий бродяга) овардааст. Чарли ин нақшро соли 1914 бозида бошад ҳам, гузашти солҳои тӯлонӣ меҳри овораи хурдакакро аз дили тамошобинон зудуда натавонист ва то кунун Чарли Чаплинро маҳз бо ҳамин ном ёд мекунанд.

Шанси охирин

Соли 1912 Чарли Чаплин дар ҳайъати гурӯҳи актёрони Фред Карно ба Амрико сафар кард. Дар он ҷо ин ҳунарпешаи ҷавону боистеъдодро сенаристони ширкати “Кистоун” писандида, ба ӯ кори сердаромад пешниҳод намуданд. Ҳамон сафари тақдирсоз дар китоби зиндагии Чарли Чаплин саҳифаи тоза кушод.

Аввалҳо кори Чарли Чаплини ҷавон дар Амрико хуб пеш мерафт, вале баъд ба ӯ гӯё чашми бад расида бошад, нокомиҳои эҷодӣ якбора домангираш гаштанд. Кор ба ҷое расид, ки соли 1912 продюссерон ӯро ба гурӯҳ қабул кардани худро иштибоҳ хонда, хостанд ҳамкориро бо Чарли Чаплин тамоман қатъ намоянд. Дили ҳунарпешаи машҳур Мейбл Норманд ба Чарли сӯхта, аз коргардону продюссер хоҳиш кард, ки ба хотири ӯ ба ин ҷавони ҳунарманд боз як шанси дигар диҳанд. Ба Мейбл не гуфта наметавонистанд, аз ҳамин сабаб ба Чарли боз як бори дигар имкон доданд, ки ҳунару маҳораташро собит созад. Чарли хуб медонист, ки ин шанси охирин аст ва тамоми маҳораташро ба кор бурда, аз як ҳунарманди қатории ба қавли баъзе коргардонҳо “бемаҳорат” ба машҳуртарин ва серхаридортарин актёри давру замон табдил ёфт...

Падари мазҳака

Бо гузашти вақт Чарли Чаплин фаъолияти мустақилонаи худро ба роҳ монда, студияи “Юнайтед артист”-ро ташкил кард. Акнун ӯ ҳам режисер буд, ҳам актёр ва ҳам сенарист.

Ҳамин тавр Чарли Чаплин то синни 88-солагӣ дар синамо нақш бозида, ҳамчун ҳунарманди нотакрор дар саросари ҷаҳон машҳур буд. Соли 1972 ин марди сар то по ҳунар маротибаи дувум ҷоизаи Оскарро соҳиб гашт.

Азбаски ин абармарди ҳунар яке аз асосгузорони филмҳои мазҳакавӣ дар дунё буд, аксарияти синамогарон ва ҳатто тамошобинон низ Чарли Чаплинро “Падари мазҳака” меномиданд.

Домоди 100-арӯс

Азбаски Чарли Чаплин марди сарватманд ва машҳур буд, мисли шамъи равшан диққати садҳо парвонаро ба худ мекашид. Зеботарин занону духтарони дунё дар атрофи ин ҳунарманди нотакрор давр зада, тайёр буданд, ки бо як ишорат ба оғӯшаш дароянд. Чарли Чаплин чун аксари мардони машҳури олам ба духтарбозӣ ном бароварда, даҳҳо ва шояд садҳо маъшуқа дошт, аммо расман ин марди ҳунар риштаи тақдирашро танҳо бо чор зан пайвастааст.

Никоҳи маҷбурӣ

Ишқи аввали Чарли Чаплин раққосаи зебо Хетти Кели буд. Он замон Чарли 19- солаю Хетти 14- сола буд. Чарли тайёр буд, ки барои ин зебосанам ҷонашро қурбон созад, вале қисмати номард ошиқонро аз ҳам ҷудо кард. Хетти фавтида дар дили Чарлии ошиқ доғи абадӣ ниҳод. Барои фаромӯш кардани Хетти Чарли бо Милдред Харис ошно шуд. Дере нагузашта ин зебосанами 16-сола, ки волаю шефтаи ин ҷавони боистеъдод гашта буд, даъво намуд, ки аз ӯ ҳомиладор шудааст. Чаплин чун марди ҳақиқӣ духтаракро дар байни роҳ партофтан нахоста, санаи 23-юми октябри соли 1918 расман бо Милдерес Харис ақди никоҳ баст, вале баъди тӯй маълум шуд, ки арӯс худро бардурӯғ ҳомиладор вонамуд карда, ӯро фиреб додааст. Ҳамин дурӯғ боис гашт, ки дили Чарли аз ҳамсари ҷавон, вале айёраю маккораш хунук шавад. Аввалин фарзанди онҳо 7-уми июли соли 1919 ба дунё омада бошад ҳам, умри дароз надид. Кӯдак дар серӯзагӣ вафот кард ва бо ҳамин риштаи ишқу муҳаббати падару модараш низ канда шуд.

 

Дар ҷустуҷӯи бахт

Баъди аз Милдрес ҷудо шудан, Чарли ба ҷустуҷӯйи бахти ҳақиқӣ афтида, бо Лита Грейи 16-сола хонадор шуд. Аз ин никоҳ 2 шоҳписар ба дунё омада бошад ҳам, оилаи онҳо пойдор намонд. Соли 1932 Чарли ба актриса Полет Гайдар хонадор шуд ва муддати ҳашт сол шавҳари намунавӣ буд. Полет дар хонаи Чаплин зиндагӣ карда, дар филмҳои офаридаи ӯ нақшҳои асосиро мебозид. Зоҳиран чунин менамуд, ки Чарли Чаплин маликаи орзуҳояшро дар симои ин зан пайдо кардааст ва онҳоро ба ҷуз марг дигар чизе аз ҳам ҷудо карда наметавонад, аммо...

Ишқи охирини ситораи синамо

Ҳамсари чаҳоруми Чарли Чаплин-Уна Онил аз худи актёр 36 сол хурд ва чунон зебо буд, ки ногуфтанӣ. Онҳо ҳангоми интихоби актриса дар филми навбатии Чаплин шинос шуда буданд, вале Уна ба хотири оила аз баҳри кор баромад. Онҳо 16-уми июни соли 1943 расман бо ҳам ақди никоҳ баста, соҳиби се писару панҷ духтар гаштанд. Фарзанди охиронашро Уни дар 73 -солагии Чарли таваллуд кардааст.

Давоми роҳи падар

Дар маҷмӯъ Чарли Чаплин аз 4 занаш 12 фарзанд дорад ва аксарияти бачаҳояш худро дар ҷодаи актёрӣ санҷидаанд, вале танҳо ба писараш Сидней Чаплин ва духтараш Ҷералдина Чаплин муяссар гашт, ки ҳамчун ҳунарманд ном бароварда, мавқеи худро дар олами синамо дарёбанд. Набераи Чарли Чаплин Унна Чаплин низ дар олами синамо машҳур аст.

Мурдаи Чарли Чаплинро кӣ дуздид?

25 –уми декабри соли 1977 Чарли Чаплин дар хобаш фавтид. Ҷасади ин абармарди ҳунарро дар қабристони Веве ба хок супориданд, аммо 2-юми марти соли 1978 ҷисми бе ҷони Чарли Чаплинро аз қабр рабуда, бар ивазаш пул талаб карданд. Хушбахтона дуздон ба зудӣ аз ҷониби полис дастгир карда шуданд ва ҷисми Чарли Чаплинро аз нав ба хок супориданд. Ин дафъа ба хотири такрор нашудани дуздии ҷасади падари ҳаҷв ӯро дар зери 6 фут бетон гӯр карданд.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД