Arzon march 2024
 Арӯси 4 моҳа кӯдаки 9 моҳа таваллуд карду...
6726

 

Хангоми сафари хизматӣ ба вилояти Суғд, бо зане ҳамсафар гаштам, ки дили бузург дошта, келинро чун духтараш дӯст медораду агар лозим шавад гуноҳи ӯро ба дӯши худ мегирад. Ин меҳрубонияш барои ин зани хоксор бисёр «вазнин» афтодааст.

Мегӯед чӣ тавр? Сухан аз забони луқмон хуш аст гуфтаанд, дарди дили ин зани фиребхурдаро аз забони худаш бишнавед.

Дарди дили модаркалон

Ман аллакай модаркалонам. Шукр мегӯям аз Яздони пок, ки ба ман шавҳари меҳрубону 4 фарзанди солеҳро насиб гардонидааст. Тӯли 26 соли зиндагӣ бо шавҳар ҳам пастиҳои ҳаётро дидему ҳам баландиҳояшро, аммо ягон бор шиква накардаам, аммо...

Келинҳои селовар

Худованд ба фарзандони ман неъмати ҳуснро арзонӣ доштааст, шояд аз сабаб хонадоршавии писаронам барои ман дарди сар гашта, бисёр азоб кашидам. Келини калониам писарамро дуст дошта, бе хостгорь ва тую тамошо худаш ба хонам даромада омад, келини дуюм бошад, дар батн кӯдак вориди манзилам гашт...

Ишқи духтари ҳамсоя

Писари дуюмам Азизҷон бо ҳамсоядухтарамон Азиза аҳду паймон баста, якдигарро дӯст медоштанд. Аз муҳаббати онҳо ҳам аҳли оилаи мо воқиф буданду ҳам модари Азиза, вале барои хонадор кардани фарзандонамон тайёр набудем. Азизҷону Азиза ҳанӯз ба синни никоҳӣ, яъне 18 солагӣ нарасида буданд, ба ғайр аз ин, маблағи кофӣ ҳам надоштем, ки тӯй кунем. Шавҳари ману падари Азиза дар Русия кор мекарданд, аммо пули фиристодаи онҳо танҳо барои рӯзгор кофӣ буду бас. Мо тасмим гирифтем, ки Азизҷон сараввал хизмати модар-Ватанро ба ҷой овараду Азиза ду сол ӯро интизор шавад, баъд аз паси тӯй шуда, сари ин Лайлию Маҷнунро ҷуфт мекунем, аммо..

Азизҷон шабҳо ғайб мезад...

Дар ин миён бародари Азиза аз хизмати ҳарбӣ баргашту ба назди падараш, ба Русия рафт. Азизи ман баъди ба мардикорӣ рафтани бардари Азиза шабҳо дер ба хона меомадагӣ шуд. Дар куҷо будӣ гуфта пурсам, баҳона мекард, ки бо рафиқонам нишаст доштем. Мабодо бо ягон духтари дигар ишқварзӣ накунад, ки дар назди ҳамсоя шарманда шавем гуфта писарамро сахт гирифтам. Азизҷон иқрор шуд, ки шабҳоро дар хонаи ҳамсоя саҳар мекунад. Ҷангаш кардам. “Модари Азиза хоҳиш кард, ки ман дар хонаи онҳо хоб равам, очаю духтар бе мардина метарсанд» сарашро хам карда ҷавоб дод писарам. Ба хонаи ҳамсоя рафтам, то ҳақиқати ҳолро фаҳмам. Модари Азиза-Ҳалима маро хуш қабул карда, дар наздам дастурон орост ва баъди нӯшидани як пиёла чой арз намуд, ки бигзор Азизҷон то омадани мардҳои хонавода бо онҳо монад, зеро бе мардина метарсанд. Ҳамсояҷон, аз чӣ метарсед, охир мӯйи сарамон дар ҳамин ҷо сафед шудааст, ҳама якдигарро мешиносем Шукри Худо замона тинҷу осуда аст, касе дари касеро намекӯбад гуфтам хандида, аммо Ҳалима ҳамоно зорӣ мекард, ки не нагӯям. Ночор розӣ шудам, вале...

Ҳосили шабҳои маҳтобӣ

Пас аз гузашти чанд муддат модари Азиза гирёну нолон ба наздам омада, илтиҷо кард, ки ба ӯ пул диҳам, то ки рафта кӯдаки дар батн доштаи духтарашро исқоти ҳамл намояд. Ҳайрон шуда пурсидам:

-Кадом кӯдак? Чӣ хел исқоти ҳамл?

Ҳалима ба тафсил нақл кард, ки ба ҳамааш худи ӯ гунаҳгор асту ба ҷавонҳо иҷозат додааст, ки шабҳо якҷоя бошанд ва имрӯз духтараш ҳомиладор аст. “Шавҳарам фаҳмад, ки Азиза ҳомиладор шудааст, маро зада мекушад. Илтимос, биёед якҷоя рафта кӯдакро гирифта партоем” мегуфт бо чашмони пуроб Ҳалима.

Ман қудоямро ором карда ба хонааш фиристодам ва ваъда додам, ки фикр карда, ба хулосае меоям...

Исёни падар

Қарор додам, ки ба шавҳарам занг зада вазъиятро мефаҳмонам, аммо бо шунидани хабари ҳомиладории келиншавнада падари Азиз қиёматро қом кард. Вай маро дашномҳои болохонадор дод, таъкид кард, ки то баҳор интизор шавем, тӯй гурехта намеравад. Ҳарчанд ба ӯ мефаҳмондам, ки то баҳор шиками Азиза дамида, духтар ва падару модараш бе обрӯ мешавад, бе натиҷа буд. “« Русия хонаи очаат нест, ки ҳар рӯз кашола шуда раваму оям. Боз дар ин фасли сармо!” -гӯён шавҳарам гӯшакро партофт...

Ҷодаи номус

Чун тирам хок хӯрд ба назди Ҳалима рафта гуфтам, ки ман дар ду дунё намехоҳам, ки Азиза тифли дар батнаш бударо гирифта партояд. Писари калониам тӯли 6 соли зиндагиашон фарзанддор нашуд, барои табобати онҳо он қадар азоб кашидам, ки худам медонаму худованд, акнун, ки парвардигор ин туҳфаи бебаҳо-набераро бе даву ғеҷ ба мо насиб дидааст, чаро тифлаки бегуноҳро мекуштаам?! На, бе ҳеҷ ваҷҳ!

Тӯй бо пули қарз

Хулас, қарзу қавола карда, ҷиҳози арӯсӣ харидам, ҳофизу раққоса овардам ва тӯйи бодабдабае ороста, ба аҳли маҳалла нону ш додаму бе каму кост Азизаро ба хонам келин карда овардам. Ягона камбудӣ ҳамин буд, ки дар тӯйи фарзандонамон на шавҳару писари калонии ман иштирок карданду на падару бародари Азиза. Ҳалима- модари келинам аз тарс шавҳарашро ба тӯй на даъват карду на дарак дод...

Арӯси 4 моҳа кӯдаки 9-мҳа зоиду...

Аз байн 4 моҳ гузашту Азизаро дард гирифт. Ман дарҳол ӯро ба таваллудхона бурдам. Соате пас писарчадор шуд.

Баъд аз 5 рӯз келину набераамро ба хона овардам. Пас аз 7 рӯза шудани кӯдакаш Азизҷон ба хизмати ҳарбӣ даъват намуданд. Набераам нав думоҳа шуда буд, ки падари Азиза аз Русия баргашт. Азизаро бокира ба хонаи шавҳар гусел накарда, шаъни моро паст кради гуён вай ҳар рӯз бо занаш ҷангу ҷанҷол мекард ва Ҳалимаро зери мушту лагад мегирифт. Нофаҳмиҳои эшон як ҳафта давом кард. Келину набераамро гирифта ба хонаи қудо рафтам ва фиттаи сабти тӯйро ба падари Азиза нишон дода гуфтам:

-Қудоҷон, тӯйи гузаронидаи ман ягон камбудӣ дорад?

-Не, ҳамеша хуб аст,-лаб газида гуфт падари Азиза.

Гуфтам, пас барои чӣ ин қадар ҷангу ҷанҷол мекунед? Хайр, ҷавонон ба хатогӣ роҳ доданд, лекин ман сари вақт ин хатогиро ислоҳ кардам. Кӯдак аз фарзанди ман ва мо ҳаргиз аз ӯ рӯй гардонданӣ нестем. Бинед, худо ба ману шумо чӣ хел набераи зебову дӯстрӯяк додааст. Ман духтари шумову набераамро ба мисли гавҳараки чашм эҳтиёт мекунаму дӯст медорам. Шумо низ ба ифоқа биёеду ба хонаи духтаратон рафтуомад кунед.

Падари Азизаро шояд меҳри падариаш боло гирифт, ки наберааш Хуррамшоҳро аз дасти ман гирифта, меҳрубонию навозиш кард, аммо...

Ханда дар лабу кина дар дил

Ҳангоми гусел қудоям аз ман хоҳиш намуд, ки Азиза бо писарчааш як рӯз дар хонаашон монад, то ки ӯ аз дидори фарзандонаш сер шавад. Ман хурсанд шуда гуфтам, ки 1 рӯз не, Азиза метавонад як ҳафта ин ҷо монад, аздусар Азизҷон дар хизмати ҳарбист.

Гумон доштам, ки бо ҳамин ҳамааш ба хубӣ анҷомид, вале баъди як ҳафта Азиза зор-зор гириста ба хона омада гуфт, ки падараш аз гуноҳи ӯ гузашта бошад ҳам, аз гуноҳи модараш нагушазтааст ва ҳатман барои ин кор ӯро ҷазо хоҳад дод. Ҳалима аз тарси шавҳараш гурехта ба Русия рафтааст.

Зиндаҷудо

Аз байн як сол гузашт, вале на аз шавҳари ман дараке ҳасту на аз модари Азиза. Ҳар бор ашки шашқатори келинамро дида дилам хун мешавад, аммо намедонам сарамро ба куҷо занам. Аз хурдон хатову аз бузургон ато гуфтаанд, пас чаро шавҳари ману шавҳари Ҳалима инро намефаҳманд? Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чи кор кунам?

Нигарони маслиҳати шумо, Рисолат аз ш. Хуҷанд

Р/S

Азизону дилу дида. Ин буд сарнавишти як оилае, ки имрӯз дар ҳалли муаммои ба сарашон омада оҷиз мондаанд. Шояд маслиҳатҳои шумо чигили ин муамморо мекушояд.

Дилрабои Аъзам

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Мавлудахон 2019-06-15, 09:53
Хар чи ки шуд бо амри ХУДОВАНД шуд, ин рафтори Шумоен метавонад ба такдири он тифл зарба занад, аз шумо як хохиш дорам,ки бо такдир бози накунед, чунон кунад чархи гардун, ки ба хамин тмфл зор мешаветон. Ащ Аллох факат хохиш намоетон,то имонро комил гардонаду хама хурсанл бошанд
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Мавлудахон 2019-06-15, 09:53
Хар чи ки шуд бо амри ХУДОВАНД шуд, ин рафтори Шумоен метавонад ба такдири он тифл зарба занад, аз шумо як хохиш дорам,ки бо такдир бози накунед, чунон кунад чархи гардун, ки ба хамин тмфл зор мешаветон. Ащ Аллох факат хохиш намоетон,то имонро комил гардонаду хама хурсанл бошанд
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД