Arzon march 2024
Дар ҳасрати дидори падар
2154

 

Зори фарзанд

Соли панҷуми хонадории Зулайхову Насим буд. Дар ин муддат ҷавонон, ки зиндагии хубу осоишта доштанд, кӯдакдор нашуда буданд. Зулайхо ба куҷоҳо, ки нарафт, чӣ табобатҳое нагирифт, нашуд. Оқибат ба хулосае омад, ки акнун сабр мекунад. Худо худаш сахӣ, шояд нахли умрашонро боровар гардонад. Рӯзҳо турнасон мегузаштанду навгоние ба вуҷуд намеомад. Хешовандон маслиҳат медоданд, ки ҷудо шаванд, вале Насим Зулайхоро сахт дӯст медошту намехост шикасти оилаашро. «Бисёр, ки нашуд, тифлеро аз хонаи кӯдакон мегирем», –қарор доданд зану шавҳари ҷавон ва аз волидонашон хоҳиш карданд, ки дигар сари ин мавзӯъ гап накушоянду ба зиндагии онҳо кордор нашаванд.

Рӯзҳои охир Зулайхо тағйиротеро дар вуҷудаш ҳис мекард. Аз иштиҳо монда буд. Тез-тез дилаш беҳузур шуда, сараш чарх мезад. Як саҳар аз ҷояш бархостанӣ шуду сараш чархид ва якбора беҳуш шуда ба замин афтод. Дарҳол духтурро ҷеғ заданд. Пас аз муоина духтурон гуфтанд, ки ҳамааш бо сабаби ҳомиладории ӯст. Насим ба гӯшҳояш бовар намекард, Зулайхо низ. Аз шодию хурсандӣ якдигарро ба оғӯш кашида, гиристанд зану шавҳари солҳо зори фарзанд.

-Наход мо наберадор мешавем,-ашки чашмонашро поккунон мегуфтанд бибию бобоҳои хушбахт.

Моҳи панҷуми ҳомиладории Зулайхо буд. Акнун шикамчааш намоён шуда, рангу рӯяш ба зани ҳомила монанд гашта буд. Насим занашро эрка карда, намегузошт даст ба оби хунук занад. Шиками Зулайхоро навозишкунон бо тифли ҳанӯз дар батни модар будааш соатҳо сӯҳбат мекард, нақша мекашид, ки писарашро ба куҷоҳо мебараду чиҳо мехарад. Ба шодии кӯдаконаи писари сисолаашон менигаристанду дар чашмони падару модар ашк ҳалқа мезад-ашки шодмонию фараҳмандӣ. Хурсандӣ доштанд аҳли хонадон, бехабар аз он, ки дар паси ин шодиҳо дарду ғами бузург ва ҷудоию ҳиҷрони тӯлонӣ онҳоро нигарон аст. Абдулло ном дӯсти Насим шоме меҳмонӣ омаду ҷӯраҳо то як поси шаб сӯҳбат карда нишастанд. Сирру асроре дошт сӯҳбаташон, ки пичир-пичиркунон гап мезанданду касеро аз аҳли хонадон наздашон даромадан намегузоштанд. Зулайхо то дергоҳ рафтани меҳмонро интизор шуду дар кунҷаки хонаи хушдоманаш хобаш бурда монд. Меҳмон кай рафту шавҳараш чи вақт хобид, намедонад, чунки субҳ бедор шуда, худро дар ҳамон хонаи хушдоман дид. Насим бошад, аллакай пайи кор рафта буд.        

Ҳамон бегоҳ Насим, ки ба тиҷорат машғул буд, барвақт ба хона баргашта гуфт, ки ҳамроҳи Абдулло азми сафари Русия дорад. Падару модар ҳарчанд насиҳаташ мекарданд, ки дар ҳамин ҷо ҳам даромади хуб дорад, кораш душвор бошад ҳам, самари хуб медиҳаду ба чизе мӯҳтоҷ нестанд, гӯш намекард. Ду пояшро ба як мӯза андохта як гапро такрор мекард:

-Кор карда меояму хонаи сеошёна месозам, мошин мехарам. Мехоҳам писарам шоҳзода барин зиндагӣ кунаду бо падараш фахр намояд. Зулайхо тавалло кард, ки ҳоҷати Русия рафтанаш нест, ба ваю писараш қаср не, саломатии худи вай лозим, шукри худо як пора нонашонро ёфта мехӯранд, зиндагии осуда доранд, аз раъйаш гардад, вале Насим ҳамоно дар азмаш устувор буд.

-Кор маъқул шавад, меистам, нашавад пас аз як-ду моҳ гашта меоям, -тасаллӣ дод вақти рафтан занашро Насим ва таъкид намуд, ки писарашро эҳтиёт кунад.

Вақте тайёра ба ҳаво бархост дили Зулайхо ноаён такон хурд, чашмонаш даври об шуданд. Ким-кадом як қувваи ноаёне дар дилу мағзаш мегуфт, ки фоҷиае шавҳарашро дар он сарзамини дур нигарон асту як-ду моҳ он тараф истад, як-ду сол пас ҳам Насим ба Ватан бар намегардад.    

«Дил гувоҳи ҳақ аст» гуфтани бузургон беҳуда набудааст, изтироби ботинии Зулайхо ҳамагӣ чанд рӯз пас тасдиқ гашт. Аз Русия хабар расид, ки ҳамон рӯзи аввали сафар дар фурӯдгоҳи шаҳри Москва ҳангоми кофтукоб аз сумкаи Насим панҷсад грамм героин ёфтаанду ба дастонаш завлона зада, бурданд. Аз ҳавои Русия бо пуррагӣ нафас нагирифта ба муддати 10 сол ҳабс карданд Насими ташнаи пулу молро дар ғурбат. Ба зудӣ соҳиби «қаср» гашт Насим, вале қасри панҷараоҳанине, ки нахли умри инсонро бераҳмона сӯҳон мезанад.  

Фиғони Зулайхои ҳомиладор аз шунидани ин хабар ба фалак печиду аз шиддати асабонияту дарду ғам тифлашро норасид-панҷмоҳа ба дунё овард. Бозии тақдирро бинед, ки ҳамин тифлаки панҷмоҳа тавлидёфта намурд, зист бар рағми сарнавишти номард, то рӯзе ба дидори падар бирасад!

Писарчаи Зулайхо ҳамагӣ 800 грамм ванз дошт. Ду моҳ даруни дастгоҳи махсус хобид навзод. Духтурон аслан бовар надоштанд, ки ин кӯдаки гурбачамонанд зинда мемонад, вале хотири гиряҳои зори модари тифлак тамоми кори аз дасташон меомадаро мекарданд.

Шаб то рӯз мегирист Зулайхо, аз як сӯ ғами шавҳари дар маҳбас будааш, аз ҷониби дигар ғами тифлаки деринтизори норасид тавлидёфтааш ҷавонзанро дарун-дарун хӯрда ба скелет монанд карда буд. Чашмонаш ба фарқи сараш фурӯ рафта одами дидагӣ ӯро намешинохт. Аз ҳусни зебояш танҳо ҳамон кокулони марғуладор монда буданду халос.

Худованд магар гиряву зориҳои Зулайхоро шунид ё мустаҳкам буд риштаи ҷони ин паҳлавонаки 800 грамма, ки бар марг ғолиб омад. Намурд бар рағми бозиҳои номардонаи зиндагӣ, то умеди зистан бахшад модари зорашро. Ба худ омад оҳиста-оҳиста кӯдак ва ба қавле ҷон гирифт. Духтурон дилпур шуда Зулайхоро бо тифлакаш ба хона ҷавоб доданд. Падару модари Насим навзодро бо меҳр ба оғӯш кашида, мебӯсиданду мебӯиданд. Аз кӯдак бӯйи фарзанди роҳдурашон меомад. Писарчаро Умедҷон ном ниҳоданд ва бо умед рӯзи хушеро интизор шуданд, ки Насим озод гашта аз дарашон дарояду ғам аз дил зудояд.

Дар интизории он рӯз дидаи падару модар аз роҳпоӣ кӯр шуду чашмони зебои Зулайхо аз нам ожанг заданд, вале қасд кардагӣ барин вақт ниҳоят оҳиста мегузашту рӯзҳо ба назар мисли моҳу моҳҳо чун солҳо дароз менамуданд.

Умед бе падар калонак шуд, роҳравону давдавон гашт, забон баровард. Ҳар рӯз падарашро мепурсиду «дадам, дадаҷонам, дадаҷонакам» гӯён, расмҳои Насимро мебӯсид. Бо расм мисли он, ки бо одами зинда сӯҳбат дошта бошад, соатҳо гуфтугӯ мекард, нақша мешид, ки дасти падарро гирифта ба боғ мераванд, кино мераванд, бозор мераванд. Шабу рӯз дар забони кӯдак танҳо як гап буд «Дадам биёяд! Дадам биёяд!!!» Ҳамсояҳову хешу табор гиребон медоштанд, ки дар дили ин бачаи падар надида меҳри падар аз куҷо ин қадар амиқ реша давондааст.

Насим даҳ соли умри ҷавонашро дар паси панҷара гузаронд. Аз карда пушаймон буд, вале пушаймонӣ дигар суд надошт. Дар хунукиҳои Русия, ки одат накарда буд, дар ҳабсхона бисёр азоб кашиду оқибат ба касалии сил гирифтор шуд.

Умед ба синни 10 гузашт. Акнун ақлаш ҳама чизро мегирифт. Орзу мекард, ки як бор аз дасти падараш дошта, дар кӯчаҳои шаҳр гардад, то ҳамсинфону ҷӯраҳояш бубинанд, ки ӯ падар дорад. Падари аз наздик надидаашро аз ҷонаш бештар дӯст медошт. Дилаш ба ёди падар гум мезад.

Рӯзе, ки Умед даҳ сол боз интизораш буд, ниҳоят фаро расид. Падараш занг зада гуфт, ки озод шудааст ва баъди як рӯз дар Душанбе мешавад.

Аҳли хонадон аз хурсандӣ дар куртаашон намеғунҷиданд, Умедро бошад аз шиддати ҳаяҷон шабҳо хоб намебурд. Дақиқаву соатҳоро мешумурд. Субҳи барвақт аҳли оила ба фурӯдгоҳ рафтанд. Соатҳои интизорӣ дар фурудгоҳ барои Умеду модараш аз даҳ соли интизорӣ ҳам душвортар менамуд. Беқаророна дар саҳни фурудгоҳ қадам зада, бодиққат эълонҳоро гӯш мекарданд. Ниҳоят корманди фурудгоҳ эълон кард, ки тайёраи Москва ба замин нишаст. Умед оҳи сабуке кашида, бетоқатона чашм ба баромадгоҳи мусофирон дӯхт. Қариб ҳама баромад, вале аз падараш дарак набуд. Зулайхо беқарории писарашро дида, назди кормандони фурудгоҳ рафт. Гуфт, ки шавҳараш бояд меомад, чипта дошт дар ҳамин рейс охир, пас куҷо шуд Насим?!

-Хавотир нашавед, шавҳаратон дар ҳамин тайёра, вале саломатиаш бад аст. Ёрии таъҷилиро даъват кардем, ҳозир духтурҳо меоянду ӯро аз тайёра рост ба беморхона мебаранд,-хабар дод корманди фурудгоҳ. Дасту пойи Зулайхо суст шуд, рангаш парид, беҳолона ба замин нишаст. Қариб буд, ки беҳуш шавад, вале хотири писараш худро ба зӯр ба даст гирифт. Лаб газида ашки дар чашмонаш ҳалқазадаро ноаён пок кард. Ҳамин дам садои мошини «Ёрии таъҷилӣ» баланд шуд. Лаҳзае пас саҳни фурудгоҳ пур аз одамони хилъати сафеддор гашт. Умед чизеро ҳис кард магар, ки ашк бари рӯяш шорид, вале аз модараш чизе напурсид. Бо кафи дастонаш сарашро дошта чашм аз мошини «Ёрии таъҷилӣ» намеканд. Зулайхо ҳолати писарашро дида, бештар ҷигархун мешуд. Ниҳоят ду духтур аробачаро аз тайёра фароварда ба мошини «Ёрии таъчили» бор карданд ва он фиғонкашон аз саҳни фурудгоҳ берун шуд. Модару писар такси киро карда, сӯйи беморхона шитофтанд…

Духтурон иҷозати назди бемор даромадан надоданд, вале Умеди ташнаи дидори падарро касею чизи нигоҳ дошта наметавонист. Дарбонро тела дода дартоз давид сӯйи ҳуҷраи «реаниматсия» ва дарро кушода худро ба рӯйи падар партофт, бӯсаборонаш кард. «Дадаҷон, дадаҷон, як боракак чашмонатонро кушоед! Ман шуморо сахт ёд кардам, дадаҷон!!!» мегуфт Умеду зор-зор гиря мекард. Ашки писарак шашақатор мешорид ба рӯйи бемор, вале Насим чизеро ҳис намекард. Чашмонаш пӯшида буданду базӯр нафас мекашид. Ҳолаташ ниҳоят вазнин буд.

Умед рӯи падарро ба ҳар ҳол дид, вале Насиме, ки солҳои сол орзуи фарзанд дошт, дигар чашмба олам накушодаю чеҳраи писарашро хатто як бор хам надида аз касалии шуш ин дунёи бевафоро падруд гуфт.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД