1xbet
ТОЛЕЪНОМАИ 9-УМИ ИЮЛИ СОЛИ 2025
1119

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Имрӯз дар муносибат бо ёратон каме ҷасуртар бошед, то меҳру муҳаббатро мустаҳкамтар созед. Субҳ эҳтимоли баҳс вуҷуд дорад, кӯшиш кунед бо мулоиматӣ рафтор намоед. Дар хона нороҳатиҳои хурд рух медиҳанд, вале дар ҷои кор вазъият ором аст ва сардор аз шумо розӣ мемонад. Аз хароҷоти зиёдатӣ худдорӣ кунед, зеро кори муҳиме пеш меояд, ки пул талаб мекунад. Неруи худро беҳуда масраф накунед.

Савр (21 апрел-21 май)

Имрӯз дар зиндагии шахсӣ метавонанд воқеаҳои ғайричашмдошт рух диҳанд, аммо дар мавриди муносибатҳои ошиқона саросема шудан лозим нест. Хешу ақраборо ба фоидаи худ истифода набаред, то обрӯятон нарезад. Рӯзи хуб барои корҳои муҳим аст. Рӯзи пурмашаққат аст, хеле серкору ташвишатон зиёд мешавад. Аз ин рӯ, қаблан хуб истироҳат кунед.

Ҷавзо (22 май-21 июн)

Аз нишон додани ишқу муҳаббати худ наҳаросед: шеър нависед ё гапи ширине бигӯед, то дили дӯстдоштаатонро шод созед. Дар ҳама кор сабр ва хоксорӣ нишон диҳед, ин калиди муваффақият аст. Эҳтимоли нофаҳмӣ бо ҳамкорон вуҷуд дорад, минбаъд онҳоро хубтар мешиносед ва дарк менамоед, ки ба кӣ бовар кардан мумкин аст. Дар ин рӯз маблағҳои худро оқилона сарф мекунед. Варзиш ва ғизои солимро фаромӯш накунед.

Саратон (22 июн-22 июл)

Дар ин рӯз саросемагиву шитобкории шумо сабабгори сар задани муноқиша бо ёратон мешавад. Беҳтараш нармгуфтор бошед ва аз баҳсҳои беҳуда худдорӣ намоед. Эҳсосоти манфиро бо суҳбати ошкор ҳал кунед. Ба корҳои зиёд машғул нашавед, як корро ба охир расонед. Каме аз фикри пул дур шавед, хотиратон ором мегардад. Сабаби бисёре аз дардҳоятон изтироб ва асабоният аст.

Асад (23 июл-21 август)

Имрӯз нафаре шуморо ба мулоқот даъват мекунад, агар аллакай дӯстдошта дошта бошед, бояд муносибатҳои ошиқонаи худро ба тартиб дароред. Аз одамони дурӯя дурӣ ҷӯед. Рӯзи хуб барои пешниҳоди идеяҳои нав ва нишон додани истеъдодатон аст. Бо ёратон аз рӯ ба рӯ суҳбат кунед, то ҳолаташро эҳсос кунед. Ғизои витаминдор бихӯред ва асабатонро эҳтиёт кунед.

Сунбула (22 август-23 сентябр)

Мехоҳед ҳама орзуҳои худро якбора амалӣ созед? Саросемагӣ натиҷаи дилхоҳ намедиҳад. Беҳтараш муҳити худро дигар кунед. Дар ҳама кор ба маслиҳати атрофиён гӯш диҳед. Шубҳа ва тарс ба пешрафт ва касбу коратон халал мерасонад. Имрӯз беҳтараш пули калон сарф накунед. Агар хастагӣ ё дарде пайдо шуд, зудтар аз паи ташхису табобат шавед.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Дар муносибатҳои ошиқона муҳим аст, ки якдигарро бишнавед. Агар шумо таҷрибаи бештар дошта бошед, барои боз ҳам беҳтар шудани муносибатҳоятон мусоидат намоед. Вақтатонро бо аҳли оила гузаронед, суҳбат ва муҳити хона асаби шуморо ором мекунад. Барои кормандони давлатӣ эҳтиёт лозим аст, қабл аз кор тағйиротро омӯзед. Дар тиҷорат санҷишҳои ғайричашмдошт имкон доранд. Ба саломатӣ диққат диҳед, аз варзиш ва ғизои солим ғофил нашавед.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Агар шумо муҳаббати худро пайдо карда бошед, бояд аниқ намоед, ки интихоби дуруст кардаед ё не. Ҳамзамон донистанатон лозим аст, ки дӯстдоштаатон то кадом андоза ба қадри шумо мерасаду нисбататон ҳурмату эҳтиром дорад. Шом бо наздикон вақт гузаронед, аз ин мулоқот нерӯ мегиред. Маблағ ба даст меоред, аммо аз харҷ эҳтиёт кунед. Саломатиятон хуб аст, аз ин фурсат барои истироҳат ва наздикон истифода баред.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Агар танҳо бошед, ба атроф нигоҳ кунед, шояд муҳаббати шумо наздик бошад! Рӯз имкониятҳои хуб меорад, вале барои расидан ба ҳадаф заҳмат кашидан лозим аст. Корҳоятон бисёр мешавад, агар имкон бошад, як қисмашро ба дигарон супоред. Шумо метавонед лоиҳаи деринтизори худро оғоз кунед, натиҷа хуб мешавад. Дар хӯрдани хӯрок эҳтиёт кунед, ғизоеро, ки ҳеҷ гоҳ истеъмол накардаед, тановул накунед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Имрӯз вохӯрии ғайричашмдошт метавонад зиндагиятонро тағйир диҳад. Барои пайдо кардани муҳаббати ҳақиқӣ рӯзи хуб аст. Дар хона нофаҳмиву ихтилоф метавонад оқибати нохуб оварад, ба кӯдакон ва наздикон диққат диҳед. Фурсати хуб барои пул кор кардан аст, лекин ба корҳои асосӣ диққат диҳед. Аз одати бад раҳо шудан душвор аст, аммо қуввати иродаатон кумак мекунад.

Далв (21 январ-19 феврал)

Рӯз пур аз муҳаббат ва эҳсосоти гарм хоҳад буд, аз он лаззат баред. Ба танқид каме бодиққаттар гӯш кунед ва сари вақт ислоҳ шавед. Хариди ҷиҳозе, ки барои хонаатон дар нақша доштед, табъатонро болида месозад. Корҳои бе хатарро интихоб кунед. Аз шамолкашӣ ва кори вазнин худдорӣ кунед, то буғумҳоятон саломат бимонанд.

Ҳут (20 феврал-20 март)

Муносибатҳои ошиқонаро ҷолиб кунед – сюрприз ё сухани ширин муносибатро гарму самимӣ мекунад. Касе метавонад ҳақиқатеро бигӯяд, ки ба шумо писанд намеояд. Тартиб ва масъулият дар кор ба муваффақият мерасонад, вале аз нокомиҳо ҳам эҳтиёт шудан лозим аст. Агар қарз доред, пардохт кунед. Имрӯз аз ронандагӣ худдорӣ намоед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД