Gazprom july 2025
ТОЛЕЪНОМАИ 20-УМИ ИЮЛИ СОЛИ 2025
1336

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Имрӯз барои дуруст фаҳмидани муносибати дӯстдоштаатон, суҳбати ошкорову самимӣ намоед. Аз гумони бад кардан чизе ҳал намешавад. Барои пок кардани муҳити зист аз неруи бад, аз ашёҳои кӯҳнаву фарсуда, шикаставу бекоршуда халос шавед. Аз бовар кардан ба одамони нав эҳтиёт намоед. Хариди нолозим ба нафъи шумо нест. Дар интихоби ғизо эҳтиёткор бошед, аз хӯрокҳои равғанину зараровар худдорӣ кунед, холестеринро зери назорат гиред.

Савр (21 апрел-21 май)

Имрӯз дар ҷодаи муҳаббат бештар ташаббус нишон диҳед, имкони ба даст овардани дили шахси дӯстдошта зиёд аст. Аз ҳарфҳои носанҷида худдорӣ намоед, вагарна як гапи беҳуда сабабгори сар задани муноқишаи ҷиддӣ мешавад. Имшаб хоби рамзӣ мебинед. Шояд касе кӯшиш кунад шуморо ба баҳс кашад, эҳсосотро идора кунед ва бо сари баланд ҷавоб диҳед. Имкони пайдо кардани манбаи нави даромад вуҷуд дорад. Саломатии худро дар мадди аввал қарор диҳед, корҳои дигарро як сӯ гузоред.

Ҷавзо (22 май-21 июн)

Дар нимрӯзӣ метавонед диққати зиёди атрофиёнро ба худ эҳсос кунед. Хароҷоти ғайриинтизор, шояд мушкилоти маишӣ, нақшаҳои шомгоҳонатонро вайрон мекунад. Аз корҳои муҳим дар ин вақт худдорӣ кунед. Имкони пайдо шудани кори иловагӣ вуҷуд дорад, вале онро танҳо дар ҳолате қабул кунед, ки бо кори асосиатон халал нарасонад. Соҳибкорон бояд ҳуҷҷатҳои худро тартиб дода, худро ба санҷишҳо омода созанд. Имрӯз барои ғамхорӣ ба саломатӣ рӯзест мусоид.

Саратон (22 июн-22 июл)

Агар фикр мекунед, ки муносибати ошиқонаатон ба ҷое намерасад ва танҳо андӯҳ меорад, шояд вақти ҷудошавӣ расидааст. Ба гуфтани сухани сахт шитоб накунед, хомӯшӣ ҳамеша маънои мағлуб шуданро надорад. Қобилияти сухандониятон ба кор меояд, ба зудӣ имкони васеъ кардани робитаҳои муфид фаро мерасад. Дар баъзеҳо бемориҳои меъда, хусусан гастрит, хурӯҷ мекунад. Хӯроки сабукро интихоб намоед.

Асад (23 июл-23 август)

Агар ба наздикӣ муносибати ошиқонаро шурӯъ карда бошед, чанд рӯзи наздик эҳтиёткор бошед, эҳтимоли сар задани нофаҳмиҳо дар назар аст. Рӯзи муносиб барои кӯчидан, дигар кардани муҳити зист ва шиносоии нав аст. Фикри оғози тиҷорати шахсӣ ба саратон меояд, агар ҳар моҳ каме пул захира кунед, ниёз ба қарз намемонад. Парҳези сахт риоя кунед. Хӯрокҳои равғанӣ ва вазнин метавонанд боиси заҳролудшавӣ ё иллати меъда гарданд.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Муносибатҳои шумо бо дӯстдоштаатон онгуна, ки интизор доред, рушд намеёбанд. Агар рафтору суханатонро каме тағйир диҳед, вазъият беҳтар мешавад. Дар ҷодаи тиҷорат пешравӣ нест, корҳоятон барор намегиранд. Даромади нави пулӣ мушкилиҳои рӯзмарраро ҳал мекунад. Эҳтимоли гирифторӣ ба бемориҳои сироятӣ зиёд аст, вале давомнок нестанд.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Онҳое, ки танҳоанд, эҳтиёт шаванд: интизори “шоҳзодаи аспсавор” будан метавонад боиси танҳо мондан гардад. Баръакс, ба шахсоне, ки бо шумо самимиву ороманд, бештар аҳамият диҳед. Имрӯз фурсате фаро мерасад, ки бо шахсоне, ки дар миёни онҳо худро озод эҳсос мекунед, мулоқот намоед. Вале аз корҳои ҷиддӣ, бастани шартномаҳо, гуфтушунидҳои калон ва харидҳои гарон худдорӣ намоед. Аз эҳсосоти манфӣ худро дур нигоҳ доред ва табъи хушро ҳифз кунед.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Барои онҳое, ки дар издивоҷанд, рӯз пур аз оромишу ҳамдигарфаҳмӣ аст, фурсате хуб барои оштӣ шудан, таҳкими муносибат ва ҳатто фикри фарзанддоршавӣ аст. Имрӯз нақша кашидан душвор аст: рӯйдодҳо бесарусомон сурат мегиранд ва фикрҳоятон парешон мешаванд. Танҳо дар он сурат муваффақ хоҳед шуд, ки ақидаи дигаронро ба инобат гиред ва қобилияту малакаи ҳамкоронро эътироф намоед.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Дар ҷодаи муҳаббат пешгӯие нест, вазъият метавонад ҳар лаҳза тағйир ёбад. Беҳтараш чанд рӯз интизор шавед, то ҳама чиз равшан гардад. Агар бо шахси наздикатон баҳс карда бошед, ҳоло вақти хубест барои оштӣ шудан. Соҳибкорон метавонанд бо маҳорати суханварӣ ва қобилияти шиносоӣ бо шахсони зарурӣ кори худро пеш баранд. Эҳсосоти худро зери назорат гиред ва барои истироҳат аз роҳҳои зараровар, аз ҷумла машрубот, истифода набаред.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Дар ҷодаи муҳаббат бахти шумо пайдо мешавад, вақти он расидааст, ки худро дар ҳолати беҳтарин нишон диҳед ва аз танҳоӣ берун бароед. Агар баҳси носолиме сар занад, кӯшиш намоед роҳе барои созиш пайдо кунед. Бо ҳамкорон ихтилоф имкон дорад, кӯшиш кунед он ба гунаҳкор кардани якдигар нарасад. Сабукфикрӣ метавонад дар иҷрои ҳатто одитарин корҳо халал расонад. Барои рафъи хастагии пойҳо ва вазнинӣ дар бадан пас аз рӯзи серкорӣ, душ бо оби ширгармро фаромӯш накунед.

Далв (21 январ-20 феврал)

Миёни ҳамсарону ошиқон нофаҳмиҳо рух медиҳанд, танҳо тавассути гуфтугӯи самимӣ метавонед низоъҳоро паси сар кунед. Баҳс бо шахси наздик эҳтимол дорад, сабаби аслӣ нофаҳмӣ ва беэътимодӣ аст. Дар муҳити корӣ эҳтимоли ба ҷанҷоли дигарон кашида шудан ҳаст, назару мавқеи худро муҳофизат кунед, вале ба фикри дигарон низ гӯш андозед. Имрӯз эҳтимоли пайдо шудани аломатҳои шадиди беморӣ зиёд аст , аввалин нишонаҳоро нодида нагиред.

Ҳут (21 феврал-20 март)

Аз қадами аввал натарсед, таҷрибаи нав ба шумо боварӣ мебахшад ва шуморо дар чашми дигарон ҷолибтар менамояд. Дар муҳити оилавӣ ҳама чиз ором ва муътадил аст. Рӯз пуршиддат, вале пурмаҳсул аст, ҳатто барои истироҳати кӯтоҳ вақт нахоҳед ёфт. Корфармо қобилиятҳои шуморо мебинад. Танҳо хӯрокҳои пухта ва бидуни адвиётҳои тез истеъмол кунед, барои меъда рӯзи ҳассос аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД