Gazprom july 2025
Ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи нафту газ тақвият меёбад
60

Масъалаҳои марбут ба рушди ҳамкории дуҷониба дар соҳаи нафту газ байни Тоҷикистон ва Русия зимни мулоқоти вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо директори генералии Ҷамъияти саҳомии «Газпромнефт-Ноябрскнефтегаз»-и Федератсияи Русия Иван Пётров дар Душанбе баррасӣ шуд.

Бино ба иттилои Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷонибҳо доир ба имконияти ба роҳ мондани ҳамкории судманд байни Ҷамъияти саҳомии «Газпромнефт-Ноябрскнефтегаз» ва ширкати «Петролеум Суғд»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон табодули афкор намудаанд.

Вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа тақвияти муносибатҳоро дар заминаи қонунгузории амалкунанда ва бо назардошти манфиатҳои ҳарду тараф ҷонибдорӣ намудааст.

Мусоҳибон барои идомаи муколамаи судманд ва таҳияи нақшаи ҳамкории мушаххас изҳори омодагӣ намудаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД