Мутахассиси португалӣ Жоржи Жезуш сармураббии дастаи “Ал-Наср” таъин шуд. Дар ин бора дафтари матбуотии бошгоҳи шаҳри Риёз хабар медиҳад.
Жезуши 70-сола қаблан бо чандин бошгоҳи Португалия, аз ҷумла “Бенфика” кор карда, се маротиба қаҳрамони Премйер-Лигаи Португалия ва ду маротиба финалисти Лигаи Аврупо гардида буд. Баъдтар ӯ сармураббигии “Ал-Ҳилол”, “Фламенго” ва “Фенербахче”-ро бар уҳда дошт.
Дар “Ал-Наср” Жезуш бо ҳамлагари дастаи мунтахаби Португалия Криштиану Роналду ҳамкорӣ хоҳад кард.
Ёдовар мешавем, ки моҳи август “Ал-Наср” дар мусобиқаи Суперҷоми Арабистони Саудӣ, ки бо ширкати “Ал-Иттиҳод”, “Ал-Ҳилол” ва “Ал-Қадисия” баргузор мегардад, иштирок хоҳад кард.