Arzon march 2024
Хонаи сангӣ ва ҳаёти талхи зани муҳоҷир (Видео)
21332
Хонаи сангӣ ва ҳаёти талхи зани муҳоҷир  (Видео)

Солиёни зиёдест, ки Салима Ҳалимова роҳи шавҳарашро мепояд.

Тоҷиддин пеш аз тӯй худро ҳамчун як сағераи бе касу кӯй муаррифӣ карда буд ва дили Салима ба ҳоли ӯ сӯхта, риштаи тақдирашро бо ин ҷавони ношинос пайваст. Онҳо дар ноҳияи Рӯдакӣ аз қайди ақди никоҳ гузаштанд, пас аз ин, Тоҷиддин Салимаро ҳамроҳи худ ба Русия, ба муҳоҷирати меҳнатӣ бурд. Зану шавҳар якҷоя кор карда, аробаи зиндагиро баробар мекашиданд, вале...
Пас аз он ки Салима ҳомиладор шуд, Тоҷиддин ӯро ба Тоҷикистон, ба назди падару модараш фиристод. Шавҳараш ваъда дода буд, ки тез-тез ба Салима пул мефиристад ва мудом аз ҳолу аҳволаш бохабар шуда меистад, аммо писараш Билолҷон 10-сола шуда бошад ҳам, то имрӯз Салима на як тин пули шавҳарашро дидаасту на аз зинда ё мурда буданаш хабар дорад.

 


Фарҳод Мақсудов, сокини кӯчаи Муҳаммадиеви шаҳри Душанбе чанд моҳ боз ба бистари беморӣ меҳкӯб гаштааст. Фарҳодро хатои табибон якумра маъюб гадонд.


Хатои-табибон-Фарҳодро-якумра-маъюб-кард

Салима аз ночорӣ дегдонҳоро гардонда, ошхонаи модарашро ба макони зисти худ табдил дод ва инак 10 сол мешавад, ки ҳамроҳи ду писари падардори бепадараш дар ин хонаи сангин, ки ягон хел шароит надорад, умр ба сар мебарад. Ин ҷавонзани аламзада мегӯяд, дарасл шавҳараш бе касу кӯй набуда, падару модар ва хоҳару бародарони зиёде доштааст, аммо онҳо ягон бор дарашро кӯфта аз ҳоли ӯ ва бачаҳояш хабар намегиранд. 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД