Сокини ҷамоати деҳоти Қаратоғи шаҳри Турсунзода Фароғат Ашӯрова аз камбағалию ночорӣ муддати 7-сол дар морг зиндагӣ карда, 5 фарзандашро аз даст додааст.
Шавҳари Фароғат маъюби модарзод аст, аммо волидонаш дониста, ӯро бо фарзандонаш аз дар берун намудаанд. Фароғат мегӯяд, баъди он ки хусуру хушдоманаш онҳоро аз хона пеш карданд, дар кӯча монда, азобу хориҳои зиёде кашиданд. Дили сардухтури беморхона ба ҳоли ин оилаи ҷавон сӯхта, онҳоро дар сардхонаи бемористон ҷой дод, аммо...
Зиндагӣ дар морг, ки ниҳоят сард ва намнок буд, ба саломатии Фароғат ва бачаҳояш бе таъсир намонда, дар муддати кӯтоҳ панҷ фарзандашро пай дар пай аз даст дод. Танҳо дар моҳи сентябр ин модари аламзада ду фарзандашро, ки яке шашмоҳаю дидагрӣ чорсола буд, ба хок супоридааст.