arzon replenishment
5 қоидаи молидани макияж
3808

 

Нодуруст молидани воситаҳои косметикӣ боиси он мегардад, ки зан ба ҷои зеботар шудан, баръакс бадафту баднамуд гардад. Инак, мо ба шумо чанд ҳиллаи касбиро пешкаш месозем, ки бо ёрии онҳо аз як зани одӣ малика сохтан мумкин аст.

 1.Пӯстро барои макияж омода созед
Пӯсти рӯйро бо докаи (ватный диск) дар тоник таршуда тоза карда, баъдан малҳами нармкунандаро ба рӯятон молед. Чанд дақиқа интизор шавед, то пусти рӯй малҳамро ҷабида гирад.

Баъдан малҳами ҳамранги пӯст (тональный) молед. Барои он ки макияж ба пӯст вазнинӣ накунаду баъди молидани макияж ҳолати пӯст хуб бошад, ҳар малҳаме, ки мемолед, хеле тунук молед.

 2.Ба таги чашмон консилер-малҳамеро, ки маҳз барои атрофи чашм муқаррар шудааст, бо ангуштон молед.

Акнун бо малҳамҳои ҳамранг кор мекунем. Сараввал малҳами рангаш равшантарро ба зери чашмон, болои бинӣ, мобайни пешонӣ, таги лаб молида, малҳами андкае рангаш баландтарро ба рухсора, пахлуҳои бинӣ, чаккаҳои сар ва дигар мавзеи ба худатон дилхоҳ молед. Барои он ки байни малҳами ҳамранги рангаш сафедтар ва тиратар фарқият эҳсос карда нашавад, сарҳади малҳамҳои молидашударо бо спонж нағзакан маҳс кунед.

 

3.Ба абрӯвонатон тен ё қалам молида, ба хости дили худ ранг кунед.

 4.Ба лаб лабсурхкунак молед. Зебоии чашмонатонро бештар қайд кардан мехоста бошед, ба лабҳоятон лабсурхкунаки рангаш баландро намолед.


Ҳамин тавр, вақте ки лабҳоро хеле ҷазоб макияж мекунед, кӯшиш намоед, ки макияжи чашму абрувонатон камтар бошад, вагарна ба лухтаки зинда мубаддал мегардед.

 5.Макияжро ба охир расонед
Бо чуткаи калону серпашм пудраро ба пӯсти рӯй молида, сипас ба рухсора сурхӣ моледу, ба ҷойҳои барҷастаи рӯй хайлайтер-малҳами махсусе, ки барои макияж пешбинӣ шудааст, молед.

 Макияж тайёр шуд!
Боз чанд маслиҳат барои нафароне, ки ба тозагӣ макияжро меомӯзанд:

  • Барои ранг кардани миҷгонҳои поёнӣ, аз қошуқи пластикии одӣ истифода баред. Қошуқро зери чашмон гузошта, баъдан ба миҷгон туш молед. Туши зиёдатӣ дар қошуқ часпида пӯсти таги чашм сиёҳ намешавад ва зарурати дубора молидани малҳам ба зери чашм пеш намеояд.
  • Агар шумо макияжи чашмони худро хеле ҷазоб карданӣ бошеду дар баробари ин, онро табиӣ дидан хоҳед, аз хайлайтер истифода баред. Каме хайлайтерро ба кунҷҳои дарунаи чашм ва таги абрӯвон молед.
  • Аксаран духтарон ҳангоми молидани қалам ба болои чашм аз оина рост ба худ нигоҳ мекунанд. Мутахассисон маслиҳат медиҳанд, ки ҳангоми ба чашм қалам кашидан чунин амал кунед: ба оина хеле наздик истода, каме зерманаҳи худро боло бардоред ва дар ҳамин ҳолат қалам кашед.
  • Агар хоҳед, ки тени ба пушти чашматон молидашуда ҷилои бештар дошта бошад, қабл аз молидани тен ба пушти чашм қалами сафед молед.
  • Боз як сири касбӣ ба шумо имкон медиҳад, ки миҷгонҳоятон ба назар дарозтар намоянд. Асбоби миҷақадкуниро сараввал ба таври амудӣ ва баъдан ба таври паралел дошта, аз решаи миҷгонҳо тоб диҳед.
  • Ҳангоми интихоби малҳами ҳамранги пӯст намудҳои гуногуни онро ба гарданатон молида, кӯшиш икунед, ки маҳлами ба пӯстатон мувофиқро интихоб намоед. Нафароне ки ҳангоми интихоби малҳам онро ба рухсораву банди даст мемоланд, ғалат мекунанд.
  • Дар ҳавои гарм «подводка» аксаран об шуда мерезад. Барои ислоҳи ин ҳолат малҳамҳои дар об устуворро интихоб намоед, рафту чунинашро надошта бошед, ба пӯсти атрофи чашм пудра молед. Пудра имкон намедиҳад, ки қалами обакӣ резад.
  • Ҳангоми тоза кардани макияж аз поён ба болои пӯст ҳаракат кунед , то ки пӯст кашиш нахурад. Малҳами ҳамранг (тональный)-ро баръакс аз болои рӯй ба поён молед.
  • Қабл аз истифода намудани туш барои миҷгон чуткачаи тушро ба салфеткаи хушк оҳиста молед. Ин амал боқимондаҳои тушро тоза мекунаду дар болои миҷгон лӯла намезанад.

Дар болои чашм росту бе нуқс қалам кашида натавонед, аз болояш тени тиллоранг ё нуқраранг молед, он гоҳ норасогиҳо пинҳон мемонанд.

Барои он ки лабҳоятон ғафстар шаванд, ба мобайни лаби поёнӣ каме сурхии зарҳалдор молида, бо ангушт тунук кунед.

Тарҷума аз:

https://makeup.ru/article/kak-pravilno-nanosit-makiyazh-5-etapov

 

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД