Formula september
Духтари тоҷикро дар хориҷа фурӯхтанд
6493

 

«Хатои маро такрор накунед»-мегӯяд Наргис Тошева, ки дар Кипр ба танфурӯшӣ машғул буд

 Чанде қабл ба шаҳри Анталияи Туркия сафар кардам. Мо дар меҳмонхонаи «Иновенти» ҷой гирифтем. Дар рӯ ба рӯи меҳмонхона бозорчаву мағозаҳои зиёди либос ва армуғон ҷой гирифта буданду шабу рӯз кор мекарданд. Ҳангоми вориди яке аз ин мағозаҳо шудан ҳодисаи аҷибе рӯй дод. Байни худ бо забони тоҷикӣ гап задани моро дида, ҷавонзани харобаке, ки фурӯшандаи ин мағоза буд, тозон ба наздамон омада моро ба оғӯш кашиду бо забони тозаи тоҷикї гуфт:

-Садқаи қадамҳотон шавам! Шумоён тоҷикед?

Гуфтем, ки бале, тоҷикему аз Тоҷикистонем. Ҷавонзан гӯё хешони наздикашро дида бошад, дубора моро ба оғӯш кашида бӯсид. Вай аз ин вохӯрӣ чунон хурсанд шуда буд, ки ҳатто савдо кардани молу ашёҳояшро фаромӯш карда, танҳо аҳволпурсикунон ашк мерехт. Кӯдаквор шодӣ кардани ин зани ношинос ба назарам аҷиб намуд ва гуфтам, ки мо дар меҳмонхонаи рӯ ба рӯи мағозааш ҷой гирифтаем, хоҳад бегоҳӣ биёяд, суҳбат мекунем. Ҳанӯз офтоб ғуруб накарда ошнои навамон ба суроғи мо ба «Иновенти» омад.

Наргис ҳамроҳи падару модараш дар шаҳри Душанбе зиндагӣ мекардааст. Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ модараш Наргисро ҳамроҳаш гирифта ба зодгоҳи бобоияш Бухоро меравад ва бо амри тақдир дар ҳамон ҷо мемонад. Дар Бухоро мактаби миёна ва омӯзишгоҳи техникиро хатм намуда, сипас ба шавҳар мебарояд. Худованд ба онҳо ду духтарчаи нозанин тӯҳфа карда бошад ҳам, ҷавонзан «Ман аз шавҳари майзада безорам» гӯён, бо дасти худаш ба решаи ниҳоли бахташ теша мезанад. Пас аз талоқ таъмину тарбияи ду кӯдак барои Наргиси ҷавон душворӣ карда, аз пайи ҷустуҷӯи даромаднок мешавад.

Ҷӯраи падараш Хайрамаки озорбойҷонї дар чорсӯи зиндагӣ танҳову зор монданашро дида, ваъда медиҳад, ки барои Наргис кори хуби даромаднок меёбад. «Амаки Хайрро хуб мешинохтему аз ин таклифаш чунон шод гаштам, ки аз хурсандӣ дар куртаам намеғунҷидам. Аз куҷо медонистам, ки ҷӯраи падарам, нону намакхӯри оилаамон маро ба оташи дӯзах мепартояд»,- ашки чашмонашро пок карда истода ҳаёташро қисса кард Наргис.

Хайр шиносномаи Наргисро пурсида мегӯяд, ки барояш чипта мехарад. Танҳо пас аз он, ки Наргисро ҳамроҳи як гурӯҳ занону духтарони зебо ба Кипр бурданд, вай фаҳмид, ки амакаш ӯро ҳамчун фоҳиша фурӯхтааст.

«Саркашӣ намудан дар инҷо бо марг баробар буд, духтари садо баланд кардаро ба қаъри баҳр мепартофтанд» мегӯяд Наргис.

Ба бахти Наргис боре «клиент»-и дилсӯзе ӯро барои як шаб харидорӣ намуд ва сарнавишти талхашро шунида, қарор дод, ки ҷони ӯро аз ин дӯзах наҷот мебахшад. Ин мард Упал Тунчираки турк буд ва ӯро бо нархи гарон харида, ба Туркия овард. Ин ҷавони турк чунон мафтуни ҳусну ҷамоли тоҷикдухтар гашта буд, ки аз фоҳишахона ёфтани Наргисро аз пайвандонаш пинҳон дошта, ӯро ба никоҳаш даровард. Шавҳараш Наргисро дар мағоза ба кор монд, то рӯзи дароз дар хона нишаста зиқ нашавад. Ин марди худоҷӯ баъди чандин соли мусофириву саргардонию азобу уқубатҳо Наргисро аз «дӯзахи зино» раҳоӣ бахшида, ёрӣ расонд, ки ба Бухоро, ба назди модари пиру фарзандонаш равад. Ба поси ҳамон некиҳои кардааш Наргис баъди дидори пайвандонаш боз ба назди шавҳари туркаш баргашт.

Ҳоло ӯ дур аз Ватан, бо ёди Ватан, бо ёди фарзандонаш мисли мурғи дар қафас гирёну нолон аст. Дилаш мехоҳад ба диёри кӯдакиҳояш парвоз кунад, вале наметавонад.

Наргис ҳаёти талхашро бо оби дида нақл мекарду ба мо ҳасад мебурд. Бисёр хоҳиш кард, ки дар борааш нависам. Таъкид намуд, ки номашро дигар накунем, то сарнавишти талхаш барои онҳое, ки дар ишқи пули зиёд афтида, орзуи ба давлатҳои дигар рафтанро мекунанд, дарси ибрат шавад. «Бигзор аз ҳаёти сӯхтаи ману ман барин занону духтарони фиребхӯрда ибрат гиранд. Ҳеҷ гоҳ ба ваъдаҳои хушку холии одамрабоён, ки биҳишти рӯи заминро ба духтарону ҷавонзанҳои сода талқин менамоянд, бовар накунед. Ҳамаи ин ваъдаҳо дурӯғу фиребанд. Амаки ман барин одамони худобехабар бо чунин ваъдаҳои осмонӣ ҳаёти бонувонро месӯзанд. Нимто нони ватан роҳати ҷон аст. Фирефтаи пулу мол гашта худро оворагӯр накунед,-мегӯяд Наргис ва меафзояд: -Хуш ба ҳоли касе, ки дар Ватан мемирад!

Дуо мекунем, ки тақдири талхи Наргис Тошеваи 38-солаи тоҷики бухорӣ дигар ба сари ягон зан наояд.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД