sebiston july new
Ишқи раис ва асрори хушбахтии Дилбар Умарова
6584
Ишқи раис ва асрори хушбахтии Дилбар Умарова

Ӯ баринҳоро нобиға меноманд!
Ӯ барин инсонҳо дар садсолаҳо танҳо як бор ба дунё меоянд!
Ӯ як кон аст! Кони пурганҷ ва мӯъҷизаноке, ки ҳеҷ тамомшавӣ надорад.
Кист ӯ?

Достони зиндаи санъати театр ва кинои тоҷик-Дилбар Умарова! Танҳо ба ёд овардани Натайхон аз намоишномаи “Садо аз тобут” кофист, ки то кадом андоза актрисаи олиҷаноб ва нотакрор будани Дилбар собит гардад. Ҳарчанд то имрӯз бисёриҳо бо ҳамин ном садояш мекунанд, Нетайхон ягона дастовари ӯ нест, ин фариштаи заминӣ дар саҳнаи телевизион, театр ва кинои тоҷик садҳо образҳои барҷастае офаридааст, ки ҳаргиз аз лавҳи хотири тамошобинон зудуда намегарданд.
Ӯ бо нақшҳои мондагораш аллакай номи худро дар саҳифаи таърихи санъати тоҷик абадан сабт намудааст, аммо ба ин нигоҳ накарда, то кунун ҳаёташро бидуни театр ва кино тасаввур карда наметавонад. Роҳат аз филми драммавӣ ва мусиқию мазҳакавии коргардони шинохтаи тоҷик Баҳром Сайфиддинов “Парӣ аз паси кӯҳи Қоҳ”ба шоҳкориҳои Дилбар Умарова боз як шоҳкории дигарро зам намуд. Дар ин филм Дилбар гоҳ бо ҷозибаи чашмони афсунгараш дили раисро обу адо месозаду гоҳи дигар чунон бо алам мегиряд, ки дили кас об мешавад, гоҳ мерақсад, гоҳ механдад, гоҳ мемирад, гоҳ зинда шуда, одамони ба ҷанозааш омадаро талхакаф мекунад... Хулоса, дар як нақш ин актриссаи нотакрор ба сад ранг ҷилва мекунад.

Ба хотири Ҳунарпешаи Халқии Тоҷикистон Дилбар Умароваро бо ҷашми 70-солагиаш муборакбод гуфтан мо роҳи театри Лотуҳиро пеш гирифтем ва ин маликаи саҳнаро дар ороишгоҳ-гриммеркааш пайдо намуда, назарашро дар боби санъат, зиндагии хонаводагӣ ва муносибат бо келин пурсон шудем.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД