arzon replenishment
Сарваршоҳ аз ш. Маскав: Писаронат бомж шуданд, оча!
2098


Мо се бародарон баъди аз дунё гузаштани падарамон барои маишати зиндагии модару хоҳаронамонро таъмин намудан ба Русия рафтем.

Ҳамдеҳагонамон моро хуш қабул карданд. Бо кӯмаки онҳо дар як сохтмон ба кор даромадем. Маошамон баланд, аммо бригадир одами хуб набуд. Ҳар моҳ 20 фоизи маошамонро “доля” гӯён, мегирифт ва бар замми ин бо баҳонаи пули иҷора, хӯрду хӯрок ва дигар хароҷотҳо аз мо маблағи зиёд меситонд. Ҷонамон ба лаб расиду рӯзе бо ӯ барои пул ҷанҷол кардем. Ба ғазаб омада ҳарсеямонро аз кор пеш кард. Ҳаволаи бадро ба худо супурда, аз пайи коркобӣ шудем, вале дар мулки бегона касе ба додамон нарасид. Аз бепулӣ рӯзе гапамон бо бародари калониям Раҳматшоҳ гурехт. Вай маро дар ҷанҷол бо бригадир муттаҳам кардан мехост. Сари қаҳр чӣ хел бо бародарам даст ба гиребон шуданамро худам ҳам нафаҳмида мондам. Раҳматшоҳ маро дашномкунон баромада рафт. Гумон доштам, ки қаҳраш паст шавад, бармегардад, вале аз байн се рӯз гузашту аз бародарам дарак нашуд. Акаи дуюмам ба ғуд-ғуд даромад, ки беэҳтиромӣ намуда, Раҳматшоҳро ранҷондам ва худо накарда, бо вай ягон ҳодисаи нохуш рӯй диҳад, ҷавобашро дар назди модарам танҳо ман медиҳам. Асабҳоям тамоман хароб шуда дод задам:

-Маъқул набошам, шумо ҳам метавонед баромада равед!


Туро бори охир огоҳ мекунам, агар дасти ҳароматро аз падари бачаҳои ман накашӣ, туро дошта худам мӯйи саратро қоқоқоқ метарошам, шавҳардузди беҳаё, он гоҳ кали патос шуда дар кӯчаҳо шармандаю шармсор мегардӣ! 


-Садқаи ака шавӣ,-гӯён, вай ҳам қаҳр карду маро танҳо гузошта рафт. Бо андешаи он ки бародаронам одамони каппа калон ҳастанду сарҳисоби корашонро меёбанд, аз пайи кашидани аробаи зиндагии худам шудам. Бо кӯмаки як дӯстам дар фирмаи молҳои озуқаворӣ ба кор даромадам. Маоши хуб ваъда карданд. Бародаронамро ҳам ба назди худам ба кор оварданӣ шуда ба ҷустуҷӯяшон баромадам. Онҳоро дар дари як майхона дар рӯйи замин хобида дида, ҳуш аз сарам парид. Раҳматшоҳу Акобир бо либосҳои даридаю чиркин масти лояқил хобида буданду роҳгузарон бо кароҳат ба онҳо нигариста, рӯяшонро мегардонданд. Бародаронамро бо худ ба иҷорахона овардам. Ният доштам, ки баъди ҳушёр шуданашон бо онҳо дар бораи кор маслиҳат мекунам , вале баробари каме ба худ омадан ҷангу ҷанҷол бардошта, маро мурданивор заданду ҳақораткунон баромада рафтанд. Илоҷи дигар надорам, аз ҳамин хотир мехоҳам бо воситаи сомонаи Оила ба модарам ҳолу аҳволи бачаҳои майзадаашро расонам, то фардо аз ман гиребонгир нашавад.
-Бачаҳоятон бомж шудаанд очаҷон! Ман онҳоро аз роҳи бад гардонида наметавонам, агар розӣ бошед, пул мефиристам, худатон бо самолёт ба Маскав парида, онҳоро гирифта баред!
Сарваршоҳ, аз шаҳри Москва

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД