Мо се бародар дар Русия дар як сохтмон кор мекунем ва тамоми роҳбаронамон аз мардуми рус ҳастанд. Ҳар моҳ музди меҳнати худро ба хона равон мекунем, то ки падару модарамон азоб накашанд.
Яке аз ҳамсояҳоямон модари маро таъна зада гуфтааст, ки нони шуморо хӯрдан раво нест, чунки бачаҳоят пули кофиронро мефиристанду бо ҳамон пули ҳаром хӯрокворӣ мехаред. Наход, ки маблағи мефиристодаи мо ва тамоми муҳоҷирон ҳаром бошад?
Идибек, аз Русия
Посух
Ҳаргиз пуле, ки бо меҳнати ҳалол ба даст омадааст, ҳаром нест ва таънаи он зан ноҷо аст. Новобаста ба он, ки шумо музди меҳнати худро аз намояндаи кадом дину миллат ба даст меоред, он ҳалол аст. Ба ҷуз пуле, ки аз фурӯши маводи мухаддир ва ё ягон кори ҳароми дигар ба даст омадааст..
Ба дӯзах меафтам?
Се моҳ мешавад, ки ману шавҳарам дар шаҳри Екатеринбург зиндагӣ дорем. Дар як ҳуҷра ману шавҳарам, дар дигарӣ занҳои узбек ва дар ҳуҷраи сеюм чанд марди муҳоҷир зиндагӣ мекунанд. Дар чунин шароит хоҳ-нохоҳ дар назди мардҳои бегона гашту гузор карданат рост меояд. Модарам маро ҷанг карда мегӯяд, ки дар як хона бо мардҳои номаҳрам зиндагӣ карда, ман гуноҳи азим мегирам. Ба гуфти модарам барои ин корам Худованд дар он дунё маро ба оташи сӯзони дӯзах мепартофтааст. Мехоҳам донам, ки гапи модарам то куҷо асос дорад?
Сайрам, ш. Екатеринбург
Посух
Гапи модаратон ҳақ аст, вале дар ин ҷо бештар айби шавҳаратон аст, ки нафақаи шуморо таъмин карда натавониста ба ин ҳолат гирифтор кардааст. Дар вақти никоҳ мард огоҳ карда мешавад, ки ду шартро риоя кунад, аввал нафақаи занро таъмин намояд ва баъдан дар давоми зиёда аз шаш моҳ ӯро танҳо намонад. Мутаассифона, на ҳамаи мардони мусалмон ин шартҳоро риоя мекунанд. Шавҳаратон, агар дар шаш моҳ як маротиба ба назди шумо ояд, беҳтараш ба Ватан баргардед, зеро дар байни мардони бегона зиндагӣ ва гаштугузор намудани зан ҷоиз нест.