formula
Шавҳарам зани доғистониро диду бачаҳояшро фаромӯш кард
2527


Ассалом! Ману шавҳарам 5-сол гашта, бо ишқу ошиқӣ хонадор шуда будем.

Зиндагиамон 12-сол хуб буд, вале имсол як зани доғистонӣ ба байнамон даромада, моро бо ҳам душман кард. Намедонам башавҳарам чи шудааст, ки на маро дидан мехоҳаду на чор фарзандашро суроғ мекунад. Аз бонк пули калон қарз гирифта ба шавҳарам дода будам. Акнну вай аз бар гардонидани пули бонк саркашӣ карда, намедиҳам мегӯяд, ба замми ин, боз 2000 ҳазор сомонӣ қарздорам. Маҷбур шудам, ки чор кӯдакамро монда ба Русия мардикорӣ биёям. Инак, 9 рӯз аст, ки дар шаҳри Маскав ҳастам. Шавҳарам дар Рязань кору зиндагӣт мекунад. Вай ҳамагӣ як бор ба ман занг зада гуфт, ки агар хоҳӣ, ки дар оянда ба кӯдакон ёрдам кунам, бо телефони зани навам конференция мекунам, ту занг зан, ман ҷавобатро телефонӣ медиҳам, то ки зани доғистониам шунавад. Ман аз тарс занг назадам. Падари фарзандонам тамоман маро суроғ намекунад. Мегӯяд, ки ман ин зани доғистониро дӯст медорам. Илтимос, маслиҳатам диҳед, ман чи кор кунам?

Ин акси чор фарзанди сарсони ман.
Бо эҳтиром:, муҳоҷирзани тоҷик И.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД