Тавре ки субҳи имрӯз ба сомонаи ОИЛА-ТЧ хабар доданд, як муҳоҷири тоҷик бо номи Луқмони Ҳаким дар Русия аз ошёнаи 22-юм афтида, ҷони ҷавонашро дар мулки ғурбат ба сахтӣ ба ҷонофарин супурдааст.
Ин ҳодисаи нохуш дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия рӯй додааст. Ҷавоне, ки аз ошёнаи 22-юм афтида, пора-пора шуд, зода ва сокини деҳаи Навободи шаҳри Панҷакент буда, дар Русия дар як сохтмони азим кор мекардааст.
Касоне, ки аҳли ин хонаводаро хуб мешиносанд, мегӯяд падараш Ҳаким Тоатов ошпаз буда, Луқмон ва дигар фарзандонашро бо нони ҳалол ба воя расонида буд. Ба мисли ҳазорон ҷавонмардони дигари тоҷик мардони ин оила низ ҳар сол аз паси дарёфти ризқу рӯзии аҳли хонаводаи хеш ба Русия ба мардикорӣ мерафтанд. Соли гузашта як бародарашро аз Русия “депорт” карданд ва Луқмон, ки нав аз хизмати ҳарбӣ баргашта буд, маҷбур шуд барои таъмини маишати зиндагии аҳли хонаводаашон рӯ ба мардикорӣ оварда, роҳи мулки ғурбатро пеш бигирад. Ин ҷавони меҳнаткаш дар як сохтмони азим кор мекардааст.
Мегӯянд Луқмон беш аз як сол дар Русия кор карда, дар фикри бозгашт ба Ватан афтида буд, аммо бародараш хоҳиш мекунад, ки то охири моҳ тоқат карда, музди меҳнаташро ба пуррагӣ бигирад. Мебоист аввалҳои моҳи август Луқмон ба зодгоҳаш баргардад, аммо тақдири бераҳм ба дидори падару модар ва ёру дӯстон расиданро ба ӯ насиб накард.
Ҳангоми иҷрои корҳои сохтмонӣ баногоҳ сараш чарх зада, Луқмон аз балкони ошёнаи 22 сарозер ба замин меафтад. Ин “парвоз”-и бе болу пар барои ин ҷавони меҳнатқарини тоҷик бисёр гарон афтида, дар ҷойи ҳодиса ҷон ба ҷонофарин месупорад.
Тобути хунини ин муҳоҷирбачаи ормонӣ бо кӯмаки муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ба Ватан интиқол дода шуд. Луқмони Ҳакимро дар зодгоҳаш, деҳаи Навободи шаҳри Панҷакент ба хок супориданд.