Мудири шӯъбаи фарҳанги ноҳияи Ҳисор, оҳангсозу сарояда ва актёри бомаҳорат Парвиз Пулодӣ бисёр инсони аҷиб аст.
Суҳбати Парвиз касро ба дунёи дигар мебарад. Биёед лаҳзае дар олами андешаҳои ин марди наҷиб сайр мекунем.
Сардори «босмачиҳо»
-Парвизҷон, шумо ҳам сароянда, ҳам оҳангсоз, ҳам актёр ва ҳам коргардон ҳастед. Аз бачагӣ чунин бачаи ҳамакора будед?
-Не, замони кӯдакӣ ман чандон бачаи хуб набудам. Бисёр шӯхӣ карда ҷони муаллимонро ба лабашон мерасондам. Азбаски дар атрофам боз чандин бачаҳои мисли худам шӯхро ҷамъ карда будам, дар ғайбам маро «сардори босмачиҳо» мегуфтанд.
-Пас чи шуд, ки якбора ин қадар бачаи хуб шудед?
-Боре ҳамроҳи «банда»-ам аз назди тарабхонаи марказии ноҳия мегузаштем, ки ба гӯшамон овози форами сурудхонӣ расид. Ин овозро ман бори аввал мешунидам, ҳисси кунҷквиам боло гирифту ҳамроҳи бандаи «босмачиҳо»-и хурдакакам ба сӯи тарабхона шитофтам. Дар он ҷо гурӯҳе машқи суруд доштанд. Марди дар мобайн истода ҳар дам ба сароянда «Кароматулло ин тавр наист! Кароматулло овозатро як парда баландтар бигир! Кароматулло худатро озод гир» гӯён, садо мекард. Мо, бачаҳои шӯхӣ қишлоқиро худо дод, дар паси девор пинҳон шуда тез-тез «Кароматулло, ин тавр кун, Кароматтуло он тавр кун» гуфта мазоҳкунон ҷони ҳофизу навозандаю коргадонро ба лабашон меовардем. Ҳангоми танаффус ҷавоне, ки Кароматулло меномиданд, маро бо ишрати даст ба наздаш хонд. «Намеравам! Мезанед», гуфта худро каме қафо кашидам. «Ба худо, ки намезанам! Наздам биё, ҷӯра мешавем» гуфта, бо ангушт ишорат кард, ки биёям. Худамро мард гирифта наздаш рафтам. Дасташро дароз кард. Бо дастони чиркину кафидаам дасти сафеду мулоими Кароматуллоро дошта саломуалек кардам. Гумон доштам, ки ҳозир ба бари рӯям ягон шапотии обдор мехӯрам, вале баръакс шуд. Кароматулло аз дастам гирифта маро назди мизи ороста бурд ва пурсид, ки чӣ хӯрдан мехоҳам. Гуфтам, ки гурусна нестам. Ду дона шоколодӣ «Фароштурук»-ро ба дастам дод. Чунон шоколоди бомазза буд, ки то ҳол лаззаташ аз даҳонам нарафтааст. «Номат чист,-пурсид Кароматулло. «Парвиз»-гуфтам фарх карда, зеро ифтихор доштам, ки бо сарояндаи машҳур Кароматуллои Қурбон ҷӯра шудам. «Номи хушрӯй доштаӣ, қаду қоматат ҳам базеб будааст, ҷӯраҷон ба ту барин шоҳписар авбошӣ кардан намезабад! Акнун босмачиҳота гирифта бар, ки мо записамона тамом кунем»-гуфта Кароматулло маро гуселонд.
Вохӯрии тақдирсоз
Пас аз вохӯрӣ бо Кароматуллои Қурбон ман тамоман бачаи дигар шудам. Ба гапзанӣ ва либоспӯшии вай тақлид мекардам. Ҳамон рӯз ба аккордеоннавозии Кароматулло ҳавасам омада буд, пеши падарам шарт гузошта гуфтам: «Хоҳед, ки бачаи хуб шавам, бароям аккордеон харед! «Қасам хӯрӣ, ки бачаи боинтизом мешавӣ ва аз гуфтаи ману муаллимон намебароӣ, албатта аккондеон харида медиҳам»-ваъда доданд падарам. Қавли мардона додам, ки бачаи беҳтарин мешавам ва соҳиби аккордеон шудам.
Як табақ ош
Машқ карда, машқ карда оҳиста-оҳиста ҳофиз шудам. Акнун маро дар тамоми ноҳия мешинохтанду дар мактаб «Ситораи «№1» меномиданд. Тирмоҳ ҳангоми авҷи мавсими пахтачинӣ директори ресторан тӯй карда Кароматуллои Қурбонро овард. Ман, ки акнун яке аз хонандагони боинтизомтарин будам, аз майдони пахта рост ба тӯйхона омадам. Фартуки холишудаи пахта дар гарданам, сару гарданам ношуста байни тамошобинон рост истода мафтуни сурудхонии Кароматулло будам, ки ногоҳ чашмаш ба ман афтид. Ишора кард, ки наздаш равам. Мардум ҳайрон-ҳайрон ба мо нигариста, ҳеҷ фаҳмида наметавонистанд, ки чунин ҳофизи машҳур чаро ин бачаи сару рӯяш чиркинакро наздаш мехонад. Суруд тамом шудан пас наздаш рафтам. Кароматулло дасташро сӯям дароз кард, вале аз шарм дастонамро пинҳон кардам. Кароматулло хандида маро ба оғӯш гирифт, сипас ҳамроҳаш рӯйи кат шинонда аз соҳибони маърака хоҳиш кард, ки як табақ оши серсабзӣ биёранд. Дар як дам табақи оши пургӯшт пайдо шуд ва ман майли хестан кардам, то ба хӯрокхӯриашон хала нарасонам. Кароматулло аз дастам дошта маро зӯран дубора ба ҷоям шинонд. Шарм дошта иқрор шудам:
-Устод, дастам аз чангу хок кафида қарқ бастааст, бо ин аҳвол бо шумо ош хӯрдан аз рӯйи одоб нест!
Хандаи базебе карда, даст афшонду гуфт:-Парвизҷон, ман ҳам ту барин бачаи қишлоқиам. Давраи мактабхониам дар байни чӯякҳои пахта гузаштааст. Азоби пахтачиниро хуб медонам. Медонӣ, ки бо дастони меҳнатӣ ош хурдан чӣ кайфият дорад?!
Ҳамин тавр бисмиллоҳ гуфта, дукаса як табақ ошро холӣ кардем…
Ҷӯраи худам будааст-ку!
Тамоми сурудаҳои Кароматуллоро азёд карда, кам-кам дар тӯйҳо ҳофизӣ мекардагӣ шудам. Боре як ҳамдеҳаамон Кароматуллоро ба тӯяш овард. Соҳиби маърака, ки хеши наздикамон буд, назди Кароматулло рафта хоҳиш кард, ки ба як хешбачааш навбат диҳад, то бо ду-се суруд арӯсу домодро табрик намояд. Он замон танзим набуд ва тӯйҳо 6-7 соат давом мекарданд. Санъаткорон хурсанд мешуданд, ки агар чанд дақиқа вақти дамгирӣ пайдо шавад. Кароматулло бехабар аз он, ки ҷавони даъвогари саҳна кист, розигӣ медиҳад ва баранда маро даъват мекунад. Тарсону ларзон назди баландгӯяк рафтам, зеро то он вақт Кароматулло намедонист, ки мани «босмачӣ» ҳунари ҳофизӣ ҳам дорам. Вақте ки ба саҳна баромадам, ширин табассум карду гуфт: «Ҳофизи таърифиатон ҷӯраи худам будааст-ку! Ман бо ҷони дил дар хизмати Парвизҷон!» Устод Кароматуллои Қурбон инро гуфта аз ман пурсиданд, ки кадом сурудро хонданӣ ҳастам ва худшон сари асбоб нишастанд. Шарм дошта гуфтам, ки аккордеонатонро диҳед, худам менавозам. Кароматуллои Қурбон нобоварона ҷониби ман назар карда пурсиданд: «Дар ҳақиқат аккордеон навохта метавонӣ? Чизе нагуфта аккордеонро ба даст гирифтам ва аввал сурудҳои Аҳмад Зоҳир «Ошиқ шудаи эй дил» ва «Бевафо ёрам»-ро хонда, баъд аз репертуари худашон оғоз намудам. Устод аз ман чашм намеканданд ва ҳатто пиёлаи чойро ба лаб набурда бо ҳавас сурудхониамро гӯш мекарданд. Он шаб дар назди устод ва аҳли деҳа имтиҳон супурдам. Нигоҳи пурмеҳри Кароматулло ва ҳамдеҳагонамро дида суханҳои падарам дар гӯшам садо медоданд:
Як ҷавоне шав, ки байни халқ боло карда сар,
Бо сарафрозӣ падар гӯяд, ки ман дорам писар…
Кароматулло баъди баромадам ҳазл карда гуфт: «Ҷӯраҷон, тамоми сурудҳоямро айнан худи манн барин хондӣ,акнун ман чӣ хонам?!»
Ин сухани устод ба ман пару бол бахшиданду азм намудам, ки албатта ҳофиз мешавам. Ҳамон шаб Кароматуллои Қурбон ба ман дуо дода, таклиф карданд, ки ба маҳаллаи 46, ба тарабхонаи «Бахт» ба наздашон рафта машқ кунам. Фаъолияти эҷодии ман аз ҳамон вақт оғоз ёфт.
Ёди рӯзгори ширин…
Мактабро хатм карда, ба Масква рафтам. Ҳангоми таҳсил дар Маскав низ бо Кароматуллои Қурбон робитаи зич доштам. Устод зимистони Москваро дӯст медоштанд ва ҳамеша соли навро дар дили Русия пешвоз мегирифтанд. Боре дар Москав консерти сарояндаи машҳури ҳинд Аша Ботлӣ барпо гашт. Дар ҳама филмҳои ҳиндӣ ҳамин сароянда суруд мехонд. Ману Кароматуллои Қурбон ба меҳмонхонае, ки ин ситораи Ҳинд дар он ҷо қарор гирифта буд, рафтед. Устод Кароматулло бо забони ҳиндӣ салом доданд, Аша Ботли хурсанд шуда моро ба ҳуҷрааш таклиф кард ва овозхон буданамонро фаҳмида хоҳиш кард, ки ягон суруд хонед. Кароматуллои Курбон бо лаҳни ҳиндӣ чунон ширин суруд хонд, ки аз чашмони ин ҳунарманди шӯҳратёри Ҳиндустон ашки шодӣ рехт. Аша Ботли гаштаю баргашта аҳсанд мехонд, ки як тоҷикписар бо забони ҳиндӣ ин қадар зебо месарояд. Сӯҳбати мо он шаб хеле тӯл кашид. Он замон марзҳо баста буданд, аммо ҳунари оламгири Кароматуллои Қурбон сарҳадро шикаста тавонист.
Номбардори падар
-Замоне падаратон бо Шумо ифтихор доштанд, имрӯз Шумо бо писаратон ифтихор мекунед?
-Албатта ифтихор мекунам. Ромиз аз хурдсолӣ ба санъат меҳр дошт ва бо лаҳни кӯдакона месуруд, мехонд, пианинно менавохт. Ман ба ҳунари писарам боварӣ дорам ва умедворам, ки Ромизҷон аз шебу фарози пайроҳаи пурпечутоби эҷод натарсида, то ба охир муборизаро давом медиҳад!
-Духтаронатон санъаткор шудан хоҳад, зид намебароед?
-Ман хоҳони онам, ки тамоми духтарони тоҷик хонаду соҳибмаълумот гарданд. Духтаронам заррае ба ин касб шавқ дошта бошанд, албатта дастгириашон менамоям, вале истеъдодро фақат Худо медиҳад. Овоз худодод набошад, кори сароянда пеш намеравад.
-Шумо пайваста дар паи эҷод ҳастед, бар заммин ин хизмати мардумро карда дер ба хона меоед. Янга норозигӣ намекунанд?
-Барои марди ҳунарманд давлати ноёб ҳамсари бовафо доштан аст. Ҳамсарам барои ману писарам тамоми шароитро барои эҷод муҳайё мекунад. Маротибае хурдагирӣ накардааст.
-Худованд мӯъҷизае кунаду дубора ҷавон шавед, боз ҳамин роҳро интихоб мекунед?
-Мурдану зинда шудан имкон медошт, ман дубораю себораю садбора роҳи ҳунарро интихоб мекардам. Дар умри кӯтоҳам ба ҷойҳои зиёде сафар намудам, муҳаббат дидам, хиёнатро дидам, ба чашми одами хиёнаткор нигаристам ва ба чашмони саршори меҳри инсонеҳое, ки мурданивор дӯст медоранд, дида дӯхтам. Ҳамаи инро ба ғайри санъат кадом касб ба инсон дода метавонад?! Санъат арзиши баланд дорад ва наметавон онро ба ягон чизи дигар иваз намуд! Бисёр дидаам мардонеро, ки миллион-миллион пул доранд, вале мисли ман доро нестанд. Ганҷи бебаҳои ман, дароии ман, давлату дунёи ман муҳаббати мардум аст!