Sebiston new 2024 october
  Зуҳро бо бачаҳояш дар Русия бомж шуд
3477

 

Салом ба ҳамаи касоне, ки сомонаи «Оила»-ро мехонанд. Ман як тоҷики дур аз Ватан афтодаам.

Бо сабаби камбизоатӣ рӯ ба муҳоҷират оварда, имрўз дар шаҳри Улан-Баттори Русия кору зиндагӣ карда истодаам. Дар хонаи як марди сарватманди рус хизматгорам. Хӯҷаинам одами хуб аст, маро ҳамеша дастгирӣ мекунад, аз ӯ ягон шикоят надорам. Маро тақдири як зани дигар ба ташвиш овардааст, барои ҳамин ба «Оила» муроҷиат кардам. Зуҳро ном тоҷикзан чанд вақт боз бо чор фарзандаш дар як партовгоҳ зиндагӣ карда истодааст. Ҳоли онҳоро дида раҳми кас меояд. Бечораҳо рӯзи дароз даруни партовҳоро кофта мегарданд, то боқимондаи консерва ё як пора нони хушк ёфта хӯранд. Рӯзе аз назди партовгоҳ мегузаштам, ки ин зан гирён ба наздам омада зорӣ кард: «Кӯдакам сахт касал шудааст, таббаш бисёр баланд аст, илтимос, кӯмак кунед, ки ӯро ба беморхона барам!» Дилам аз гиряҳои зори ин зан об шуду зуд ӯро бо писарчааш ба мошин савор карда ба беморхона бурдам. Либосҳояшон бисёр чиркин буд, бо сабаби кайҳо боз дар партовгоҳ хобиданашон бӯйи бади партовгоҳ ба онҳо часпида, дили касро беҳузур мекард. Даҳону биниамро бо шарф бастам, то дилам беҳузур шуда қайъ накунам. Бовар кунед, то ба беморхона расидан мошин бӯ гирифт, вале кӯдакро аз марг наҷот додан лозим гӯён, базӯр тоқат кардам. Духтурҳо маро хуб дашном дода, писарчаи дар чирк ғӯтидаи Зуҳроро бистарӣ намуданд. Азбаски ҳоли бача бисёр вазнин буд, бояд модараш бо ӯ мемонд, вале Зуҳро «мабодо се кӯдаки дигарамро дар мусорка ягон кас накушад» гӯён, гиряву ноларо сар кард. Ночор ҳамроҳи писарчааш дар беморхона хобидам. Оҳиста-оҳиста ҳоли писарак рӯ ба беҳбудӣ ниҳод ва баъди сиҳат шуданаш саргузашти талхи модарашро ба ман нақл кард. Падараш дар болои модараш зани дигар гирифта ӯро ба хона меорад. Зуҳро ҳарчанд зорӣ мекунад, ки зани дуюмашро ба ягон ҷойи дигар барад, то ӯ набинаду насӯзад, марди бераҳм розӣ нашуда мегӯяд: «Дини ислом то 4 зан гирифтани мардро иҷозат дода аст, ҳардуятон дар ҳамин хона зиндагӣ кардан мегиред. Ман як шаб бо туву шаби дигар бо зани дуюмам мехобам. Хоҳӣ-нахоҳӣ, мурда-мурда тоқат мекунӣ!» Зуҳро аз рашку алам чаҳор фарзандашро гирифта тарки хонаи шавҳар мекунад ва аз касе пул қарз карда ба Русия меояд. Бечора занак гумон доштааст, ки дар Русия зиндагӣ осон аст ва зуд кори сердаромад ёфта шоҳона умр ба сар мебарад, вале тираш хок мехӯрад. Ягон кор наёфта чанд муддат сарсону саргардон мегардад. Пули дар даст доштааш тамом мешаваду аз ночорӣ вай гадоиро пеш мегирад. «Бисёр вақт бомжҳои дигар пули хайр кардаи мардумро аз дасти модарам бо зӯрӣ кашида мегиранд» нақл кард писарак бо оби дида. Дилам ба ҳолашон сӯхту ба дасти модараш 5000 рубли русӣ додам, ки нонпулӣ кунанд. Писарча сиҳат шуда аз беморхона баромад, вале тақдири ин зан то ҳол маро ором намегузорад. Дар ҳамин зимистони хунук онҳо сарлучу пойлуч дар партовгоҳ зиндагӣ карда истодаанд. Метарсам, ки ягон рӯз аз хунукию гуруснагӣ мемиранд. Илоҳо хонаи чунин мардони беномусе, ки зану фарзандони худро хору зор дар кӯча партофта, думболи як беваи олуфтаи дигарро мегиранд, бисӯзад! Илтимос, мактуби навиштаамро мади назар насохта, дар сомона нашр созед, то падари беору беномуси ин тифлакон, ки Насим ном доштааст, аз ҳоли ҷигарбандонаш огоҳ шавад. Шояд сари номус меояд ва ба Русия омада оилаашро соҳибӣ мекунад…

Элназар Ҳабибов, аз шаҳраки Улан- Баттор

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Сабзина 2019-10-21, 19:26
Ин хели мардакхо бояд эьзор пушиданашон даркору на ремен....
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Сабзина 2019-10-21, 19:26
Ин хели мардакхо бояд эьзор пушиданашон даркору на ремен....
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД