Arzon march 2024
Гулчитай-тоҷикдухтаре, ки Русияро бо ишқаш тахсир кард
3384

 

Ин тоҷикдухтари нозанин ба гӯшаи хаёлаш ҳам намеовард, ки рӯзе ҳамчун актрисса дар тамоми кишшварҳои пасошӯравӣ машҳур мешавад, вале тавре ки мегӯянд, аз тақдир роҳи гурез нест...

 Сайёра Сафарӣ 21-уми марти соли 1991 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Ин зебосанами химчамиён ҳеҷ гоҳ дар дил орзуи ҳунармнад шудану дар кино нақш бозиданро надошт. Апааш баръакси Сайёра бо тамоми ҳастӣ мехост актрисса шавад, аммо...

Тасодуфи тақдирсоз
Хабари ба Душанбе омадани Мосфилмро шунида, апаи Сайёра дар қатори ҳазорҳо зебосанамони тоҷик худро номнавис кард ва рӯзи кастинг хоҳарашро низ ҳамрҳи худ бурд, то мадори дилаш гардад. Биное, ки кастинг мегузашт, пур аз духтарони зебову болаёқат буд. Сайёра ба такудави духтарҳои ба имтиҳони мосфилм омада, бефарқ нигариста, дар даҳлез мунтазири хоҳараш менишаст. Ҳамин асно режисёр ба берун баромад ва рӯ ба вай оварда гуфт: “Духтарак, навбати шумо расид, зуд дароед, ки мо корамонро тамом карда меравем!” Сайёра аввал дасту по хӯрда, чӣ гуфтанашро надонист, баъд ҳарчи бодо бод гӯён, ба толор ворид шуд.

Ғайри чашмдошт баромади вай ба ҳакамон писанд афтод. Режисёри рус аз байни садҳо духтарони довталаб маҳз Сайёраро интихоб кард.Ҳамин тавр бо тавсияи кормандони киностудияи Мосфилм Сайёра, ки орзуи журналист шуданро дошт, ба Донишкадаи санъати шаҳри Маскав дохил шуд.

Меҳмонҳои олиқадр
Дар ибтидо падару модараш ба актрисса шудани Сайёра ҳеҷ розӣ набуданд. Онҳо намехостанд духтари нозанини ноздонаашонро ба шаҳри бегона фиристанд. Танҳо пас аз он ки ҳунарпешаи театр ва кинои рус Егор Бероев бо ҳамроҳии гурӯҳӣ кории Маскав ба хонаашон меҳмонӣ омада, ояндаи дурахшон доштани Сайёраро ба волидонаш фаҳмонданд, онҳо розигӣ дода, бо дуои сафед ӯро ба Маскав гусел намуданд...

 


 

Кампири Соатой дар орзуи дидори писари ягонааш бо дили пуралам аз олам даргузашт. Писар дошта бошад ҳам, мурдаи кампирро бегонаҳо гӯру чӯб карданд. 


 

Қадамҳои аввалин
Ҳамин тариқ Сайёра донишҷӯйи Донишгоҳи олии театрии ба номи М.С Шепкина гашт. Дар овони донишҷӯйи ин гулдухтари тоҷик дар намоишҳои театрии :Девушка с обручем, восточная красавица- «Наш цирк» (2010 режисёр Владимир Сулимов), Горничная –А.П. Чехов «Чайка» (2010 режиссер Александр Коршунов), Лейди Торренс–«Орфей спускается в ад» (2011 режисёр Наталя Петрова) нақшҳои хотирмон ва ҷаззоб бозидааст.

Гулчитай аз Тоҷикистон
Фаъолияти Сайёра дар кино соли 2011 аз силсилафилмимашҳури «Гулчитай» оғоз ёфт. Ин ҳунарпешаи ҷавон дар як саҳна ҳамроҳи ҳунарпешагони шинохтаву ҳирфаие чун Ирина Розанова, Евгений Пронин, Алексей Макаров, Наталя Рудова ва дигарҳо нақш офарида, исбот намуд, ки дар кино шахси тасодуфӣ нест. Чуноне худи Сайёра баъдан нақл намудаст:

-Номзадҳо барои офаридани нақши Гулчитай бисёр буданд. Дар охир танҳо ман ва як духтари дигар мондем. Ростӣ он духтар бисёр зебо буд, вале режисёр маро интихоб намуда, гуфт, ки Гулчитайро маҳз дар чеҳраи ман дидааст. Аксарият бар он ақидаанд, ки дар замони мо духтароне чун Гулчитай вуҷуд надоранд, вале ман медонам, ки чунин духтарон ҳастанд. Ман дар Тоҷикистон тавлид ёфтаам, дар ватани ман чунин духтарони боиффату поксиришт то ҳол хеле зиёданд...”

Тоҷикдухтаре, ки бо ишқаш Русияро тасхир кард
Силсилафилми Гулчитай ба ҳадде мақбули тамошобинон гардид, ки режисёрон соли 2014 идомаи онро бо номи “Гулчитай. Ради Любвы” ба навор гирифта, пешкаши мухлисони ин зебосанами шарқӣ гардониданд. Ҳамин тариқ Сайёра Сафарӣ зебосанами тоҷик дар саросари кишварҳои пасошӯравӣ маҳбубияти хосса пайдо кард.

Вай инчуни дар филмҳои : “Десантура”, “в ожидании моря: жена», «Салам, Масква», «1001», «Без границ», «Московская борзая», «Вернуть любой ценой» нақшҳои ҷобил офаридааст.

Сайёра-зеботарин зани тоҷик дар Русия
Мувофиқи пурсиши интернет- портали Голбис Сайёра Сафарӣ дар байни намояндагони 304 миллате, ки дар Русия умр ба сар мебаранд, дар зебоӣ ҷойи 30-умро ишғол кардааст. Ин зебосанамро ҳамчун зеботарин зани тоҷик дар Русия эътироф кардаанд ва дӯст медоранд. Одатан дар бораи ишқбозиҳои занҳои зебо бисёр менависанд, вале дар бораи ҳаёти шахсии Сайёра то имрӯз ягон хабари нохуш ба табъ нарасидааст. Сабаб дар он аст, ки ҳатто дар Русия низ ин духтари тоҷик шарму ҳаёти тоҷиконаро аз даст надода, ҳаёти поку бе олоиш басар мебарад.

Сайёра борҳо дар сӯҳбатҳояш гуфтааст, ки вақти ишқбозӣ кардан надорад, чунки ӯ ҳаёташро пурра ба санъат бахшида, мудом побанди корҳои эҷодист.

Мо ба ин тоҷикдухтари нозанин, ки бо ишқи покаш Русияро тасхир кардааст, фатҳи қуллаҳои нав ба нави ҳунарро орзу дорем.

Шаҳло Ниёзова

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД