Formula novemver 2024
ДАР СИНФИ 6 БА МУАЛЛИМА ОШИҚ ШУДАМ  
3215

 

Даричаи ошноӣ:
Муқимҷон Абдуфаттоев, ҳаҷвнигор, роҳбари театр – студияи «Хандинкамон»-и ш. Хуҷанд. 18 декабри соли 1974 дар шаҳри Исфара ба дунё омадааст. Техникуми саноати хӯроквории шаҳри Исфара, Донишгоҳи олии техникии саноати хӯрокворӣ ва шуъбаи ғоибонаи Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистонро хатм намудааст. Аълочии фарҳанги Тоҷикистон, дорандаи медали «Хизмати шоиста». Оиладор, соҳиби чор фарзанд.

 – Муқимҷон, чаро техникум ва Донишкадаи техникиро хатм намуда, билохира санъаткор шудед?

Меҳри санъат зӯртар баромад. Аслан, ҳанӯз ҳангоми дар синфи дувуми мактаби миёна хондан ман ҳаҷвнигор будам. Дар кружоки драммавии мактаб бо роҳбарии устод Нарзулло Каримов барои ҳаммактабиён саҳначаҳо меофаридам ва нақшҳои асосиро мебозидам.

Саҳнаҳои ҳамонвақтаатон дар ёдатон мондаанд?

– Албатта! Барои театри лухтаки мактаб афсонаҳои «Оҳуи тиллоӣ», «Донояк», «Ангуштарини тилло», «Ид дар беша»-ро ҳамроҳи ҳамсинфонам Муноҷот, Ҳакимҷон ва Субҳон ба саҳна гузошта будем. Бачаҳо бо шавқ тамошо мекарданд.

Аввалин дастовардатон ҳамчун санъаткор?

Соли 1990 дар фестивал-конкурси ҷумҳуриявии «Бӯстон», ки байни шаҳрҳои Исфараву Истаравшан гузашта буд, соҳиби даҳ хол шудам. Пас аз ин маро ба театри шаҳри Исфара ба кор гирифтанд. Ду сол дар театр ба ҳайси коргардон кор кардам. Соли 2002 бо даъвати раиси вилояти Суғд ба Театри мазҳакавӣ-мусиқии ба номи Қамоли Хуҷандӣ ба кор омада, як сол пас Театр-студияи «Хандикамон»-ро таъсис додам.

Муқимҷон, солҳост, ки муносибатҳои зану мардро ба саҳнаи ҳаҷв мекашед, аслан, зан аз нигоҳи шумо бояд чӣ гуна бошад?

Ботамкин, шармгин, зоҳирану ботинан зебо ва дасти ширин дошта бошад, яъне, пухту пазаш бомазза бошад. Бо муҳаббат, бо садоқат, пурбардор ва албатта, дар оила иқтисодчӣ, яъне сарфакор бошад.

Агар махфӣ набошад, худатон кай бори аввал ошиқ шудед?

Ҳеҷ махфӣ не. Ҳангоми дар синфи 6-ум хондан ба муаллимаи забони русиамон, ки зани хело зебо буд, ошиқ шудам. Дар синфи 7-ум бошад ба як ҳамсинфам дил бастам. Албатта, ин ишқҳо ишқҳои кӯдаконаю нобарори ман буданд.

– Ҳамсаратонро бе ошиқӣ гирифтед?

Бале, ҳамсарамро апаам Монатхон, ки дар шаҳрчаи Нефтобод зиндагӣ мекунад, ёфтанд. Ман танҳо як маротиба ӯро дида маъқул кардам, баъд тӯй шудем.

Аз ҳамсаратон розӣ ҳастед?

Албатта, розиам. Бонуи оддиву хоксор ва пурбардор аст.

Кадом хислати ҳамсаратон бароятон хушоянд нест?

– Баъзан рашки беҳуда карданаш.

Кадом хӯрокаш ба Шумо бештар маъқул аст?

Оши палови исфарагиаш.

– Дар «Соли оила» театр-студияи «Хандинкамон» чӣ нақшаҳо дорад?

То ин дам 6 видеофилми ҳаҷвӣ, зиёда аз 400 барномаҳои консертӣ, ки аз саҳначаҳои ҳаҷвӣ иборат аст, тайёр карда ба самъи тамошобинон расондем. Моҳи сентябр бахшида ба «Соли оила» як барномаи консертии дусоатинаи ҳаҷвӣ тайёр карда истодаем. Аъзои театр-студияи «Хандинкамон» Мирзо Умар, Анис Ғоибов, Қаҳрамон Ёров, Сулаймон Саидғозиев ба он хуб тайёрӣ дида истодаанд.

Таманнои Муқимҷон ба мухлисонаш?

Орзуи деринаи ман ҳамин аст, ки мардум ин қадар аз маҳаллу хешу табори худ келину домод интихоб накунанд. Агар аз дигар шаҳру вилоятҳои ҷумҳурӣ келину домод мегирифтанд, нуран ало нур шуда, маҳалгароӣ аз байн мерафт.

 

МУҚИМҶОН МАРДИ БАДҶАҲЛ АСТ, ВАЛЕ…

Даричаи ошноӣ:

Шарифахон Абдуфаттоева, дӯзанда, ҳамсари ҳаҷвнигори машҳур Муқимҷон Абдуфаттоев. 19 сентябри соли 1975 дар шаҳраки Нефтобод таваллуд шудааст. Модари 2 писару 2 духтар: Абдуҳаким, Шукрона, Шаҳноза ва Муслимҷон.

 

– Шарифахон, аз ҳамсари ҳаҷвнигор шуданатон пушаймон нестед?

Ҳеҷ гоҳ! Шавҳари ман танҳо дар саҳна ҳаҷвнигоранд, дар зиндагӣ марди ҷиддии сиёсатдоранд. Ба ҳамсару фарзандон ҳамеша боаҳамият, падари сахтгиру шавҳари беҳтаринанд. Кӯшиш мекунанд, ки дар оила ягон камбудӣ набошад.

Муқимҷон гуфтанд, ки ҳанӯз замони дар синфи шашум хондан ошиқ буданд, дар дили шумо оташи ишқ бори нахуст кай аланга зад?

Вақте ки бори аввал ҳамсари ояндаамро дидам, дарҳол маъқулам шуд. Дар рафти зиндагии 21-сола ман бештар ба Муқимҷон ошиқ шудам.

Магар ҳар рӯз як одамро дида ба вай ошиқ мондан мумкин аст?

Медонед, дар оила ишқу муҳаббати самимӣ набошад, оила устувор намемонад. Ман зани хушбахтам, ки шавҳарамро дӯст медорам. Бо дили пур гуфта метавонам, ки оилаи мо намунавист.

Кадом хислати шавҳаратон ба Шумо чандон писанд нест?

Ҷаҳли тезашон, вале боз дар як лаҳза ором мешаванд, гӯё чизе нашуда бошад.

Аксари мардҳои тоҷик дар ошпазӣ ҳамто надоранд. Кадом хӯрокро хамсари хунармандатон хуб мепазанд?

Дамламаро. Рӯзҳои истироҳат барои бачаҳоямон дамлама мепазанд.

– Шумо ҳамчун зан, модаре, ки оилаи намунавӣ доред, ба оилаҳои ҷавон дар зиндагӣ чӣ тавсия медиҳед?

Пурсабру ботаҳаммул бошанд. Ҳар як сухане, ки гуфтаниянд, аввал сад бор фикр карда, баъд ба забон биёранд. Пеш аз кореро кардан оқибаташро андеша намоянд, чунки зиндагӣ бозича нест. Як ҳарфи бемурувват теша ба решаи оила мезанад.

Тоҷинисои Азиз

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД