Меҳри донишро чӣ гуна дар дили кӯдакон ҷо кардан мумин аст? Кӯдакон натанҳо зоҳиран аз ҳамдигар фарқ мекунанд, балки рафтору кирдор ва шавқу ҳавасашон низ гуногун аст. Яке сарашро аз китоб набардошта, шабу рӯз мехонад ва мудом баҳои аъло мегирад, дигарӣ ба мактаб мисли меҳмон рафта меояд, саввумӣ бошад мактабгурез аст. Чаро бачаи ҳамсоя аълохону фарзанди шумо мудом баҳои 2 мегирад? Пеш аз оне, ки тамоми айбу гуноҳро ба сари бачаи бечора бор карда, ӯро танбалу ноуҳдабарою авбош меномед ва ҳақорат медиҳед, сар ба ҷайби андеша кашида, фикр кунед, ки чаро кӯдак ба омӯхтани илму дониш шавқу ҳавас надорад. Вундеркинд мехостед, вале… Иддае аз падару модарон аз фарзандони худ Вундеркинд сохтанӣ шуда, барои кӯдаке, ки ҳанӯз ба синну соли мактабӣ нарасидааст, муаллими забони инглисӣ, немисӣ, математика, мусиқӣ, расм ва боз чандин омӯзгори дигарро киро мекунанд. Кӯдаки бечора маҷбур мешавад, ки рӯз то бегоҳ сарашро набардошта фақат хонаду хонад. Падару модар мехоҳанд фарзандашон ҳарчи тезтар хондан, навиштан, бо чашмони пӯшида ҳисоб кардан, расм кашидан, рақсиданро ёд гирад ва озодона бо чанд забон гап занад ва барои ин кор мабағи зиёде сарф менамоянд. Ба назари ин тоифаи волидон чунин менамояд, ки баҳри фарзанди худ хизмати бузургеро анҷом дода, барои ояндаи дурахшони ӯ замина фароҳам меоранд, вале ин хатои маҳз аст. Албатта ҳар як падар ё модар мехоҳад, ки бо фарзанди зираку донояш дар назди хешу табор ва дӯстонаш фарх кунад, вале имкониятҳои майнаи кӯдакро ба назар гирифтан лозим аст. Вақте ки шумо ба бачаи бечора имкони шӯхию бозӣ кардан надода, ӯро маҷбур месозед, ки фақат дониш омӯзад, кӯдак руҳан хаста шуда, оҳиста-оҳиста шавқу ҳавасаш ба хондан гум мешавад. Кӯдакон бояд зина ба зина қуллаҳои донишро фатҳ намоянд. Таъриф беҳтар ё танқид? Гурӯҳи дигари волидон мудом фарзандони худро бо бачаҳои ҳамсоя қиёс мекунанд ва дар назди дигарон паст зада мегӯянд: «Бин, ҷӯраат чи хел доно аст, ту бошӣ, як барзагови тапа-тайёр!» Дар хона аз падару модар, дар мактаб аз омӯзгорон мудом танқид шунида, кӯдак бовариро ба худ аз даст медиҳад. Ҳама мегӯянд, ки вай ноӯҳдабаро, кунзеҳн ва танбал асту ҳаргиз одам намешавад. «Худо ӯро чунин галӯ офарида бошад, пас чи лозим кӯшиш кардан, вақте ки аздусар ягон мурод ҳосил намешавад»-ин андеша дар майнаи кӯдак ҷо шуда, ба тақдир тан медиҳад ва дигар китобро ба дасташ намегирад. Барои он ки дили бача аз хондан хунук нашавад, ба ҷойи мудом дар назди ҳама танқид кардан ва паст задан бештар таъриф кунед. Фазанди шумо чор мисра шеър азёд кардааст. Ба назаратон ду банд шеър кирои ситоиш надорад, вале кӯдаконро ҳатто барои комёбиҳои хурдтаринашон таъриф кардан лозим аст, то шавқманд гашта, минбаъд барои ба комёбиҳои бузургтар ноил гаштан талош намоянд. Ба умеди муаллим шав, вале буттаро маҳкам дор! Волидон тайёранд, ки дар суст будани дониши фарзандонашон кундзеҳнии кӯдак, мактаб, муаллимон, хулоса ҳамаро гунаҳкор созанд, ба ғайр аз худашон, вале каме инсоф бояд кард. Дар як синф 20-30 нафар талаба мехонанд ва муаллим фурсат намеёбад, ки бо ҳар кадоми онҳо соаҳои дароз нишаста кор кунад. Падару модарон агар ҳеҷнабошад дар рӯз як-ду соат вақти хешро ба фарзандонашон сарф намуда, дарсҳои гузаштаи омӯзгоронро ҳамроҳи бача такрор намоянд, нуран ало нӯр мешавад. Чаро бача танбалӣ мекунад? Фаҳмиши фарзанди шумо бад нест, вале танбалӣ карда намехонад? Сабаби асосии танбалии кӯдак набудани шавқу ҳавас аст. Вақте ки кас ба ин ё он кор шавқ надорад, дасту дилаш ба он пеш намеравад. Танқид кардан, дод задан, ҷазо додан дар ин ҳолат ёрӣ намерасонад. Шумо бояд роҳе пайдо карда, кӯдакро ба хондан шавқманд созед, то ки бо камоли майл китобро ба даст бигирад ва дафтарҳояшро кушода дар сари миз хобаш набарад. Мақсади хонданро ба кӯдак фаҳмонед. Бача бояд дарк кунад, ки барои чӣ ба ҷойи бо ҷӯраҳо ё дугонаҳояш давутозу бозӣ кардан вай бояд китоб хонад, математикаро ёд гирад ва забонҳои хориҷиро омӯзад. Аз хондан ба вай чӣ манфиат мерасад? Вақте ки шумо ба фарзандатон чи нақш доштани илму донишро дар ҳаёти инсон на бо суханҳои болохонадор, балки бо мисолҳои бисёр одӣ мефаҳмонед, кӯдак ба хондан шавқманд мешавад. Ба кӯдак пора надиҳед! Бархе аз падару модарон фарзандонашонро ба хондан шавқманд сохтанӣ шуда, ҷараёни омӯхтани илму донишро ба як нав бозор табдил медиҳанд. «Нағз хонӣ, ман ба ту планшет мехарам! Баҳои аъло бигирӣ, туро ба тамошо мебарам. Дарсҳоятро тайёр накунӣ, имрӯз ба ту шоколад намедиҳам…» Албатта аз як тараф хуб аст, ки бача шавқманд шуда, ба хотири чизи мехостагиашро ба даст овардан беҳтар мехонад, вале аз тарафи дигар кӯдак метавонад ба «порагирӣ» одат кунад. Имрӯз планшету шоколад ваъда мекунад, вале баъди ду-се сол фарзандатон калонтар шуда метавонад дар наздатон шарт гузорад, ки ба ман мошин харида деҳ, баъд мехонам! Он гоҳ чи кор мекунед? Беморӣ гунаҳкор Гоҳо чунин мешавад, ки бачаи аълохон якбора аз ҳамсолонаш қафо монда, дигар майли хондан намекунад. Дар чунин ҳолатҳо бояд сабаби якбора кундзеҳн гаштани кӯдакро муайян намуд. Фазандатонро ҳатман аз назорати духтур гузаронида, аз вазъи саломатиаш бохабар шавед. Эҳтимол ягон ҷояш дард мекунад ё ба ягон бемории равонӣ гирифтор шудааст. Аз сар гузаронидани стресс низ баъзан боиси суст шудани дониши бачаҳо гашта метавонад. Аксари кӯдакон бар асари пош хӯрдани оила ва аз ҳам ҷудо шудани падару модарашон ё аз сар гузаронидани ягон фоҷиаи дигар ба ин ҳолат меафтанд. Дар чунин ҳол танҳо бо маслиҳату кӯмаки табибон шумо метавонед мушкили фарзандатонро осон намоед. Бобиева Зуҳро, омузгор