arzon replenishment
7 САБАБИ АЗ ЗАНИ ЗЕБО ТАРСИДАНИ МАРД
10365

 

Ҳар як мард дар кунҷи дилаш орзу дорад, ки бо зани зебое издивоҷ намояд, аммо аксари мардон ҷуръати ба хонумҳои ҷаззоб ва қашанг гап партофтану ва пешниҳоди хонадоршавӣ намуданро надоранд. Мехоҳед донед, ки чаро мард аз зани зебо метарсад? Пас мутаваҷҷеҳ бошед!

1. Мард аз ҷавоби рад шунидан метарсад

Намояндагони ҷинси зариф аз даҳони духтари баряшон писандомада ҷавоби рад шуниданро барои худ марг мешуморанд. Рафту духтар соҳибҷамол бошад, нозу нузаш бештар мешавад.

 

2. Мардҳо гумон мекунанд, ки зебосанам харидори зиёд дорад

Марди худашро эҳтиром мекарда бо чунин миқдори зиёди хушдорони духтар рақобат карда наметавонад. мард ба гўшаи хотираш ҳам намеорад, ки чунин соҳибҷамол бар замми танҳо буданаш ўро аз байни дигарон интихоб намудааст.

 

3. Тарси мутобиқ набудан

Мард метарсад, ки шояд зебо несту пули кам дорад. Мардҳо низ дар худ комплекс доранд. Баъзан мардҳо дар ин ҷода аз занҳо мегузаронанд.

 

4. Мард гумон мекунад, ки зан аллакай озод нест

Ба ақидаи мард зани зебо ҳатман ёр дорад. Гумон мекунанд, ки бонуи зебо ошиқи серпул дорад ва барои ба даст овардани дили чунин дилбар ҳатто кўшиш ҳам намекунанд.

 

5. Ошиқи зебосанам шудан баробар аст ба худкушӣ

Маҳз чунин аст ақидаи аксари мардоне, ки аз бонувони зебо ҷавоби рад шунидаанд ё гумон мекунанд, ки зани соҳибҷамол болои сарашон мебарояд. Ба ақидаи онҳо ин ишқу ошиқӣ ба ғайр аз қалби шикаста ягон фоида надорад.

 

6. Метарсад, ки нози зани зеборо бардошта наметавонад

Мард медонад, ки зебоии зан маблағро талаб мекунад. Кошонаи ҳусн, либосҳои замонавӣ, фитнес, косметика, атр, ороишоти заргарӣ – мард аз пардохт намудани маблағ барои ҳамаи ин нозу нузи зан ба даҳшат меояд.

 

7. Зани зеборо бевафо мешуморад

Мардҳои ба худ беэътимод гумон мекунанд, ки зани зебо бо истифода аз ҳусну ҷамол марди дилхоҳро соҳиб шуда метавонад. Ва ба ақидаи мард чунин ҳам мекунад, яъне мардҳоро мисоли дастпўшак иваз мекунад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД