Сокини деҳаи Отчапари ноҳияи Панҷ Ҳусноро Қутбидинова аз бозиҳои номардонаи тақдир ва кирдори гӯшношуниди шавҳари гургсираташ нолон аст. Ҳусноро модари шаш фарзанд буда, қариб як сол боз дар ғурбат умр ба сар мебарад.
Ин зани тоҷикро мушкилоти оилавӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ бурдааст. Ҳамсараш Саидҷалол ба маводи нашъаовар дил баста, қарздор шуд. Азбаски ин марди танпарвар дар ягон ҷо кор намекард, имкони бар гардонидани қарзҳои гирифтаашро надошт. Билохира, кораш ба суд афтида, зиндонӣ шуд.
Ҳусноро тамоми зару зеварашро фурӯхта, ҳамсарашро аз маҳбас озод кард ва ба хотири кандани қарзҳои шавҳари наркоманаш роҳи мулки русро пеш гирифт. Ин зани бечора дар Русия бо сад ранҷу азоб меҳнат карда, тамоми маблағи ба даст овардаашро ба хона мефиристод, то фарзандонаш азоб накашанд, аммо...
Ба ҷойи худоро шукр гуфтан шавҳари номарду беномусаш даст ба амали нангине зад, ки забони кас ба гуфтанаш намегардад...
Саидҷалол мисли даррандаи ваҳшие, ки пайти муносиб меҷӯяд, аз набудани ҳамсараш истифода бурда, муддати чаҳор моҳ духтари 16-солааш Умедаро бераҳмона таҷовуз мекард. Азбаски ин марди ҷаллод ҳамеша зану фарзандонашро бо мушту лагад “адаб” медод, дар оғоз Умеда аз тарси падари ҷоҳилаш ин сирри нангинро аз ҳама пинҳон медошт, вале билохира ҳақиқат рӯйи об баромад.
Ҳусноро вақте шунид, ки шавҳари худобехабараш ба номуси духтараш дастдарозӣ кардааст, ӯро гӯё барқ зад. Ин зани ҷафокашида дар тӯли беш аз 20-соли зиндагӣ бо Саидҷалол ранҷу азоб ва фоҷиаҳои зиёдеро аз сар гузаронида буд, вале ин хабари нангин барояш бузургтарин фоҷиа гашт, зеро ин марди шайтонсират бо амали ваҳшиёнааш натанҳо ҳаёти духтари ноболиғашро барбод дод, балки номи неки тамоми аҳли авлодашро доғдор кард.
Биёед, тафсилоти ин ҳодисаи нангинро аз забони худи ҷабрдида ва пайвандонаш бишнавем.