Sebiston new 2024 october
ТАҶОВУЗИ ДУХТАРЧАИ 7-СОЛА ДАР МУЪМИНОБОД
14.09.2020
ОИЛА
11179

 

Ҳодисаҳои даҳшатангези таҷовузи кӯдакони ноболиғ аз ҷониби афроди ахлоқан хароб ва ваҳшитабиат вақтҳои охир дар кишвари мо тез-тез ба вуқуъ пайваста, ба дарди ҷомеа табдил ёфта истодаанд.

Чанд рӯз қабл дар тамоми шабакаҳои иҷтимӣ, аз ҷумла дар сомонаи Оила. ТЧ шикояти сокини шаҳри Турсунзода Мафтуна Мамаҷонова дарҷ гашта буд, ки бо дарду алам аз мавриди зӯроварӣ ва таҷовуз қарор гирифтани духтарчаи 4-солааш шиква менамуд. Ба қавли Мафтуна хоҳаршӯю додаршӯяш ба узви занонаи духтарчаи ноболиғи ӯ бо роҳи зӯрӣ сабзии калонеро ворид намуда, кӯдакро қариб то сарҳади марг расонидаанд.

Ин қазия айни замон зери назари мири шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва Прокуратураи генералии Тоҷикистон қарор дошта, шахсони гумонбар дар содир шудани ин ҷинояти вазнин боздошт шудаанд.

Субҳи имрӯз як сокини ноҳияи Мӯминобод ба идораи сомонаи Оила. ТЧ занг зада, аз содир шудани боз як ҳодисаи нангини таҷовуз ба номуси кӯдаки ноболиғ хабар дод.

Ин манбаъ бо шарти ифшо накардани ному насабаш гуфт:

-Рӯзи 8-уми сенятбр дар деҳаи Боғи Ҳабиби ноҳияи Мӯминобод ҳодисаи нангине рӯй дод, ки аз шуниданаш ба тани кас мурғак медамад. Аминҷон ном сокини 25-солаи деҳаи Тудакафши шаҳри Кӯлоб ба номуси духтарчаи 7-солаи сокини деҳаи Боғи Ҳабиб таҷовуз намудааст.

Ба гуфти ин сокини ноҳияи Мӯминобод духтарчае, ки мавриди зӯроварии шаҳвонӣ қарор гирифтааст, фарзанди ягонаи оила буда, айни замон дар ҳолати вазнин дар бемористон қарор дорад. Кормандони мақомоти тафтишотӣ Аминҷонро ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти гӯшхароши таҷовуз ба номуси кӯдаки ноболиғ дастгир намудаанд. Дар сурати исбот шудани гуноҳаш ин ҷавони беандешаро, ки чанде пеш аз хизмати аскарӣ баргашта буд, ҷазои сангине интизор аст.

Барои аниқ кардани ҳақиқати ин гуфтаҳо кормандони сомонаи Оила. ТЧ рӯзҳои наздик ба Мӯминобод сафар хоҳанд кард.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД