sebiston july new
ТАҶОВУЗГАРОНИ ДУХТАРЧАИ ХУРДСОЛ ДАСТГИР ГАРДИДАНД. ҲУКМИ СУДРО ИНТИЗОРЕМ!
14172

 

Ҳодисаи ваҳшатноки дар шаҳри Турсунзода бо зӯрӣ ба узви занонаи духтарчаи 4-сола бо исми Марҷона ворид кардани сабзии калоне аз ҷониби аммаю амакаш аз назари Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Рустами Эмомалӣ дур намонд.

Дар ҷаласаи корӣ бо иштироки Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳиён Шермаҳмад, Прокурори генералӣ Раҳмон Юсуф ва роҳбарони дигар сохтору мақомоти дахлдор, аз ҷумла роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Душанбе аз ҷониби Рустами Эмомалӣ дастур дода шуд, ки муроҷиати хешовандони духтарчаи 4-солаи таҷовузшуда аз шаҳри Турсунзода ва дигар ҳодисаҳои ба ин монанд, ки рӯзҳои охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуда, сару садоҳои зиёдро ба вуҷуд овардаанд, санҷида шаванд.

Иттилоъ дода шуд, ки вобаста ба ҳодисаи дар шаҳри Турсунзода содиршуда шахсони гумонбар дастгир гардида, айни замон тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ таҳти назорат идома дорад.

“Зеро содиршавии чунин амалҳои нангин ва барои мардуми мо бегона, ки хусусан, нисбат ба хурдсолону ноболиғон бо истифода аз вазъияти оҷизонаи зеҳнии онҳо содир карда мешаванд, номи неки миллат ва ҷомеаи моро доғдор месозанд ва ба саломатии насли наврас таъсири манфӣ расонида, онҳоро аз зиндагӣ ноумед мегардонанд”-бо изҳори нигаронӣ шарҳ дод Раиси Маҷлиси Миллӣ.

Дар робита бо ин Маркази матбуотии Прокуратураи генералӣ низ хабар додааст, ки ҷиноятӣ мазкурро Ҳайдарова Одина Абдулҳодиевна, соли таваллудаш 20-октябри 1995 ва Мамадҷонов Муҳаммадҷон, санаи таваллудаш 10-ноябри 1997 содир намудаанд.

Санаи 9-сентябри соли 2020 Ҳайдарова О.А. ва Мамадҷонов М.А. аз ҷониби Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгир ва вориди тавқифгоҳи нигоҳдории муваққатии РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе карда шуданд.

Ёдовар мешавем, ки якуми августи соли равон дар шаҳри Турсунзода Ҳайдарова Одина ва Мамаҷонов Муҳаммад бародарзодаи худ Мамаҷонова Марҷонаи 4-соларо бо истифода аз зӯрӣ ва эҳтимоли қасд бераҳмона таҷовуз карда, кӯдаки маъсумро қариб то дами марг расонидаанд.

Рӯзи 5-уми сентябр дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба хотири ҷалби таваҷҷӯҳи мақомдорон ба қазияи мазкур муроҷиати видеоии падарбузург ва мордарбузурги Марҷона бо пешниҳоди аризаи шикоятӣ нашр шуда, дар натиҷа рӯзи 9-сентябр гумонбарон дастгир гардидаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД