arzon replenishment
Ҷомеаи солим аз оилаи солим ва насли солим ташаккул меёбад!
6702

 

Мусаллам аст, ки асоси ҷомеаи солимро оилаи солим ва насли солим ташкил медиҳад. Ин нуктаи муҳим дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Чумхурии Точикистон 23 январи соли 2015 таъкид гашта буд.

Дар воқеъ, оила дар ҳама давру замон ҷиҳати ташаккулёбии ҷомеа ва рушди фархангу маънавиёти миллату давлатҳо нақши созгор дорад. Зеро калиди ҳама гуна дастоварду пешравии ҷомеа, оилаҳои солиму устувор ба шумор мераванд.

Бахусус, аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои рушди оила, инчунин ташаккул ва пойдориву устувории оилаҳои ҷавон диққати махсус зоҳир менамояд. Омӯзиши паёмҳои Сарвари давлат нишон дод, ки дар баробари дигар соҳаҳои иҷтимоӣ ба масъалахои таҳкими муносибатҳои оиладорӣ, алалхусус баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии оилаҳои ҷавон таваҷҷуҳи махсус дода шуда, масъалаҳои танзими оила, дастгирӣ ва кумакпулиҳо барои оилаҳои камбизоат, беҳбудии зиндагии оилаҳои бесаробон, сарфаю сариштакорӣ дар оилаҳои ҷавон, тарбияи маънавӣ ва муҳити солим дар оила, такмили низоми қонунгузории оилавӣ, пешгирии пош хӯрдани оилаҳои нав, солимгардонӣ ва пойдории оила, одоби оиладорӣ дар мисоли оилаҳои собиқадору ботаҷриба ва дар ниҳояти кор, ташаккули ҷомеаи солим низ аз мадди назар дур намондаанд.

Як нуқтаро бояд махсус қайд кард, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 январи соли 2015 дар қаламрави кишвар «Соли оила» эълон карда шудааст. Ҳадаф аз иқдоми мазкур баррасии масъалаҳои баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, омода кардани фарзандон ба ҳаёти мустақилона ва пойдории оила, пешгирии пош хӯрдани оилаҳо ва дар маҷмӯъ, ташаккули наслу оилаи солим ва ҷомеаи солим ба ҳисоб мерафт.

Дар баробари ин, бо ибтикору дастгирии бевоситаи сарвари давлат ва роҳбарияти Ҳукумати мамлакат баҳри ташаккулёбии Низоми миллии ташаккули наслҳо, оилаҳо ва ҷомеаи солим тадбирҳои зарурии зерин амалӣ гардидаанд, аз ҷумла, бо мақсади татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба ҳифз ва таъмини ҳуқуқу манфиатҳои зан ва оила, муҳайё сохтани шароитҳои баробар барои амалӣ гардидани ҳуқуқу манфиатҳои онҳо дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи кор бо занон ва оила ташкил карда шуд.

Хамчунин, баҳри ба танзим даровардани муносибатҳои ҷамъиятӣ вобаста ба пешгирии зӯроварӣ, инчунин ҷиҳати муайянсозии вазифаҳои субъектҳои пешгирикунанда оид ба зӯроварӣ дар оила доир ба ошкор, пешгирӣ ва бартарафсозии сабаб ва шароитҳои ба он мусоидаткунанда соли 1998 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли 2013 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» қабул гардид.

Ҷиҳати пурзӯр намудани механизмҳои пешгирии зӯроварӣ дар оила, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, бахусус омилҳои зӯроварӣ дар оила, бақайдгирии огоҳкунии инфиродӣ оид ба масъалаҳои роҳ надодан ба ҳаракатҳои зиддиҷамъиятӣ, рафтору кирдорҳои ношоиста ва бадахлоқона дар оила, таъмини ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳуқуқии шаҳрвандон Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023 ба тасвиб расидааст. Дар маҷмӯъ, дар ҷумҳурӣ ҷиҳати ташаккули ҷомеаи солим, оилаи солим ва насли солим амалишавии чораҳои судманд идома ёфта истодаанд. Бо вуҷуди тадбирҳои андешидашуда, ҳанӯз ҳам дар ҳаёти ҳаррӯзаи оилаҳо мушкилиҳое ҷой доранд, ки онҳо ҳалли худро тақозо менамоянд.

Боиси зикр аст, ки оила ҳамчун як ҷузъи ҷудонашвандаи ҷомеа буда, пешбурди фаъолияти он ба тамоми ҷараёнҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангӣ таъсири мусбат ва ҳам манфии худро мерасонад. Дар баробари ин, оила ва ҳолати ахлоқии он бевосита аз омилҳои иҷтимоии муҳити зисте, ки дар ҷои зист ва ҳайати меҳнатӣ дар ҳаёти ҳаррӯза мушоҳида карда мешванд, вобаста аст. Аз ин рӯ, омилҳо ва сабабҳои пошхӯрии оилаҳо ва роҳҳои пешгириву устовор нигоҳ доштани онҳо аз таъсири ин ду гурӯҳи омилҳо вобастагӣ доранд, ки онҳоро шартан ба омилҳои муҳити ҷои зист ва омилҳои муҳити меҳнатӣ ва ё берун аз ҷои зист ҷудо кардан мумкин аст. Дар навбати худ, омилҳои мазкур метавонанд ҳамчуноне ки таъсири мусбат расонанд, таъсироти манфии худро низ ба оила дошта бошанд. Бо дарназардошти хусусиятҳои хоси фарҳангиву суннатҳои миллӣ метавон гуфт, ки тавозуни танзими омилҳои номбурда «сабр ва таҳаммулпазирӣ» мебошанд. Омӯзиш ва мушоҳидаи вазъи воқеии оилаҳо нишон медиҳад, ки дар баробари хусусиятҳои умумӣ, инчунин оила муҳимтарин ниҳоди иҷтимоии шахссозӣ, зоҳиркунандаи арзишҳои фарҳангии миллию қавмӣ ва ахлоқӣ низ мебошад.

Мутобиқи назарияи ҷомеашиносон ва равоншиносони оилавӣ, ҳар як оила якчанд марҳилаи ташаккулро аз сар мегузарад ва хангоми гузариш аз як марҳила ба дигар марҳила ба буҳронҳои оилавӣ рӯ ба рӯ мешавад, ки онҳо ҷиҳатҳои мусбат ва манфӣ доранд.

1. Марҳилаи якуми ташаккул ва буҳрони солҳои аввали зиндагӣ.

Ташаккулёбӣ: Оила ҳамчун фишанги муҳимтарини ҷомеа, дар натиҷаи якҷошавии зану шавҳар, пайдо шудани муносибатҳо нав дар зиндагӣ, мубодилаи арзишҳои маънавии якдигар, тарҳрезии нақшаҳои ояндаи зиндагӣ, ба якдигар кумак расонидан, тақсимоти одилонаи даромаду хароҷот ва уҳдадориҳои оилавӣ аз рӯзҳои аввали зиндагии якҷоя ташаккул меёбад.

Буҳрон: Бинобар надоштани таҷрибаи зарурии зиндагӣ, рӯ ба рӯ шудан ба муҳити нави зиндагӣ ва мутобиқ нашудан ба он (дар муҳлати дахлдор амалӣ нагардидани орзуҳои бачагӣ, тасаввуроти нодуруст доштан оид ба арзишҳои оиладорӣ, таъсири омилҳои муҳити меҳнати якҷоя, мутобиқ набудан ба муҳити зист ва таъсироти дигар, ки бештари онҳо ба занҳо мансубият дорад, зеро онҳо давоми 17-18 сол ва аз он зиёд дар муҳити бештари мусоид ба зиндагӣ ба камол расида, дар як муддати кутоҳ наметавонанд ба муҳити нав (оилаи шавҳар) мутобиқ шаванд), яке аз ҳамсарон норозӣ шуда, мехоҳад, ки равандҳои ҳаёти якҷоя низ, аз ҷумла ҳаёти оилавии онҳо ба ӯ бештар мусоид бошад ва онро мехоҳад тағйир диҳад.

2. Марҳилаи дуюми ташаккул ва буҳрони солҳои дар ҳаёти оилавӣ таваллуд шудани фарзандон ва ба камол расонидани онҳо.

Ташаккулёбӣ: Таваллуди кудакон ва марҳилаҳое, ки ба тарбияи онҳо вобастагӣ доранд, волидайнро водор месозад, ки ба зиндагӣ бо нигоҳи нав назар намуда, аз амалишавии нақшаҳои алоҳида ба амалишавии нақшаҳои якҷоя гузаранд ва дар баробари ташаккули шахсияти хеш, ба рушди оила ва ташаккули ҳар як аъзои он диққат зоҳир намоянд.

Буҳрон: Бинобар таваллуд ёфтани фарзандон аз никоҳи якҷоя ва ба вуҷуд омадани мушкилот дар тарбияи онҳо, вақти муносибатҳои меҳрубони байни зану шавҳар коҳиш меёбад ва масъалаҳои марбут ба тарбияи фарзанд баҳсу муноқишаҳои байниҳамдигариро ба миён меоранд, зану шавҳар зимни баррасӣ ва ҳалли бисёре аз масъалаҳои барои онҳо назаррас ба як фикр намеоянд ва ғайра, ки ин боиси буҳрони навбатии оилавӣ мегардад.

3. Марҳилаи сеюми ташаккул ва буҳрони солҳои дар ҳаёти оилавӣ пайдо шудани келину домод ва фарзандони онҳо.

Ташаккулёбӣ: Баъд аз оиладор кардани фарзандон дар муносибатҳои оилавӣ мушкилоти нав пайдо мешванд, ки аъзои оиларо уҳдадор мегардонад, ки шакли муносибатҳояшонро тағийр дода, тавассути ин муносибатҳо онро ташаккул диҳанд. Масалан, дар баробари ба фарзанди хеш панду насиҳат ва раҳнамоӣ кардани ҳаёти ӯ, муосидат ба ҳаёти келин ва ё домод ба уҳдадориҳои оилавӣ зам мешавад. Инчунин, масъулияти тарбияи фарзадони онҳо низ ба уҳдадориҳои оилавӣ илова мешавад. Волидайн ва аъзои оиларо чунин уҳдадориҳо водор месозанд, ки аз марҳилаи дуюми ташаккули зиндагӣ ба марҳилаи нави он мутобиқ шаванд.

Буҳрон: Бинобар зиёд шудани аъзои оила ва уҳдадориҳои оилавӣ, нигоҳдории ойину арзишҳои хос ба ҳар як оила ва рушди он мураккаб мегардад. Зеро имконият ва иқтидорҳои оилавӣ дар бисёр мавридҳо ба нақша гирифта намешаванд ва дар натиҷа ба мушкилоти зиёди оилавӣ оварда мерасонад.

4. Марҳилаи чоруми ташаккул ва буҳрони пиронсолии оила.

Ташаккулёбӣ: Баъд аз ба камол расидани фарзандон ва дарки масъулияти онҳо доир ба бисёр масъалаҳои оилавӣ, инчунин қави шудани решаҳои дарахти зиндагӣ оилаи комил ташаккул меёбад, ки нақши калонсолон дар ин муносибатҳои оилавӣ – раҳнамоӣ ва ҳидоят ба корҳои нек ва тарбияи насли давомдиҳандаи сазовору посдори арзишҳои гузаштагони хамин оила мебошад.

Буҳрон: Марҳилаи ба камол расидан ва мустақил шудани фарзандон дар макони хеш, волидайн ба буҳрони нав - танқиси кашидан аз меҳру муҳаббати фарзандону наберагон ва дигар аъзои оила рӯ ба рӯ мегарданд.

Боиси тазаккур аст, ки дар тамоми марҳилаҳои зинагӣ ҳар як оиларо таъсири чунин омилҳо ҳам ба таври мусбат ва манфӣ ҳамроҳӣ менамоянд, аз ҷумла муносибатҳои хешовандон, муносибатҳои вобаста ба мушкилот дар ҷои кор, муносибатҳо бо дӯстон, тағйир ёфтани вазъи молиявӣ, иваз кардани макони зист, таваллуди кӯдакон, тарбия ва ба камол расонидани онҳо, бемориҳо, марг, ҷанг, нақшаҳои оянда, тақсими даромади оила, хоҳишҳо ва андешаҳои ҳар як аъзои оила, низоъҳои оилавӣ, мушкилоти танҳоӣ, муҳаббат, саломатӣ, дахолати волидайн, наздикии маънавӣ ва фаҳмиши ҷинсӣ, мақсадҳо ва манфиатҳои зану шавҳар, фарқияти сину сол ва нақшу нуфузи ҳар як аъзои оила ва ғайраҳо.

Дар ҳаёти аксарияти оилаҳо низоъҳои оилавӣ рух медиҳанд, вале бидуни фикр ва ё шубҳа аз пайомадҳои минбаъда онҳоро пушти сар мекунанд. Бинобар беаҳамиятӣ ба дигар масъалаҳои ҳаёт, танҳо мушкилоти пайдошударо бартараф мекунанд ва нисбат ба баррасии ҳамаҷонибаи буҳронҳои оилавӣ аҳамияти ҷиддӣ намедиҳанд. Гарчанде ки ҳалли бомуваффақи буҳрони оилавӣ калиди рушди минбаъдаи оила ва омили зарурӣ барои зиндагии босамари марҳилаҳои ояндаи он мебошад. Агар ин буҳрон аз як ҷониб мушкилоти зиндагӣ бошад, аз ҷониби дигар ин таъсири хубест барои ташаккули марҳилаҳои дигари зиндагӣ. Инчунин буҳрон дар муносибат ба аъзои оила на танҳо таъсироти манфӣ дорад, балки арзишҳои пайвандкунандаи оиларо муайяну мушаххас месозад. Аз ин лиҳоз, дар марҳилаҳои буҳронии оилавӣ ҷудо шудани хамсарон эҳтимолияти хатост.

Бӯҳронҳо дар ҳаёти оилавӣ рух медиҳанд, аммо ин сабаби ноумедӣ шуда наметавонад. Оила бо хусусиятҳои хоси худаш дорои паҳлуҳои дучониба буда, дар натиҷаи паси сар намудани пастиву баландии зиндагӣ, яъне комёбу ноумед шудан ташаккул меёбад ва ё дар натиҷаи сабру таҳаммул накардан аз ин мушкилоту буҳронҳо пош мехӯрад.

Аз ин рӯ, барои бунёди оилаи солим иродаи матини ҳар як фарди оила зарур аст. Зеро мушкилот ва бӯҳронҳое, ки оила онро паси сар мекунад, на тавассути рушди худ, балки дар натиҷаи рӯйдодҳои оилавӣ, ба таври тасодуфӣ ба вуҷуд меоянд. Ин метавонад беморӣ, марги бармаҳал, дуру дароз аз ҳам ҷудо будан, талоқ, аз даст додани ҷои кор, ҳабс ва ғайра бошад.

Дар сурати доштани иродаи матин ва назари нек ба оянда, мушкилоти мавҷударо метавон бартараф кард. Ҳамзамон оилаҳо зери таъсири хавфҳои муҳити берунӣ қарор доранд, ки онро идора кардан хеле мушкил ва ё ғайриимкон аст, аз ҷумла офатҳои табиӣ, бӯҳрони сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, таваррум, бекорӣ, ҷанг ва ғайра. Дар ин сурат нақши давлат ва ниҳодҳои дахлдор ҷиҳати бартараф кардани таъсири омилҳои беруна хеле муҳим аст. Зеро буҳрони оила, пеш аз ҳама, ба вазъи демографии кишвар таъсир мерасонад. Дар ин росто, мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри бартараф кардани чунин мушкилот шаффофу муайян аст. Доир ба тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иқдомҳои минбаъдаи он ҷиҳати ташкили шароитҳои мусоид барои бунёд ва рушди оилаҳо, дар қисмати болои мақола ибрози андеша намудаем.

Барои он, ки низоъҳои оилавӣ ба вуҷуд наоянд ва ё сари вақт ҳалли худро ёбанд, бояд ҳар як оила ва аъзои он воситаҳои зерини пешгирии низоъҳоро дар ҳаёти хеш истифода намоянд.

1. Таҳаммулпазирӣ - ҳар як аъзои оила бояд кӯшиш намояд, ки якум дар муносибатҳои оилавӣ корро ба муноқиша набарад, баъдан дар сурати ба миён омадани муноқиша яке аз онҳо, бояд сабру оромӣ ва таҳаммулпазирро иҷро намояд.

 2. Бахшояндагӣ – ҳалли баҳсу мунозираҳоро ба дигар вақт нагузошта, сари вақт ва ё то давоми се рӯз тариқи якдигарфаҳмӣ ҳал намоед. Дар ҷараёни баҳс танҳо аз рӯи моҳияти он суҳбат карда, аз доираи он берун набароед. Баҳсҳоро ба гуноҳҳо табдил надода, аз баҳрашон гузаред.

3. Сулҳхохӣ - дар ин роҳ аз истифодаи калимаи «ман» даст кашида калимаҳои «мо», «аз они мо», «бо мо» ва «мову шумо» зиёдтар истифода кардан зарур аст. Ба якдигар сулҳ карданро ёд гирифтан мебояд.

4. Таърифкунӣ - агар майли маломат карданро доред, ба таври дигар амал кунед, яъне таъриф ва ё таҳсин намоед. Ин амал метавонад натиҷаҳои хуб диҳад.

5. Якдигарфаҳмӣ - ҳамгоми суҳбат, бояд ба суханҳои якдигар таваҷҷуҳ зоҳир карда, андешаҳои якдигарро дастгирӣ намоед.

 7. Меҳрубонӣ - бо суханон ва амалҳои дахлдор дар мавридҳои зарурӣ бо якдигар меҳрубонӣ намоед. Инчунин барои некӯаҳволӣ ва беҳбудии оила амалҳои хайрхоҳиро иҷро намоед.

8. Имкониятдиҳӣ – имкон диҳед, ки ҳар як аъзои оила фикри худро иброз намоянд, гарчанде ки агар шумо бо ӯ комилан розӣ набошед.

9. Эҳтиромгузорӣ -пеш аз ҳама нисбат ба якдигар, баъдан нисбат ба падару модар, бародару хоҳарон ва аҳли хешовандони якдигар меҳрубон, ғамхор ва таваҷҷуҳманд бошед ва бо онҳо муомилаи хуб намоед.

11. Шӯхиомезӣ - барои гуногунрангии зиндагӣ аз усулҳои зиндатабиатӣ ва ҳазлу шухӣ истифода намоед. Вале диққаткорона - бидуни масхара, масхарабозӣ ва таҳқир. Шодиҳои ҷонибҳоро бо ҳам мубодила ва якҷо кунед.

12. Диққатталабӣ - дар ҳалли мушкилот ва баррасии низоъҳои оилавӣ бидуни шӯхӣ ҷиддан харф занед ва дар ақидаи худ устувор ва қатъӣ бошед.

13. Худидоракунӣ - дар ҳама мавридхои муноқиша ҳеҷ гоҳ якдигарро намоишкорона таҳқир ва дар назди омма танқид накунед. Дар мавридҳои муноқиша ба эҳсосот дода нашуда, ҷисм ва забони худро идора намоед.

Аз нукоти болозикр хулоса кардан мумкин аст, ки ҷомеаи солим аз оилаи солим ва насли солим вобастагии зич дорад. Таври дигар, қайд кардан бамаврид аст асоси оилаи солимро муҳаббат ва эҳтироми якдигар, аз худ гузаштанҳо, сабру таҳаммулпазирӣ ва дигар омилҳо ташкил медиҳанд. Аз ин рӯ, ба мақсад мувофиқ аст, ки дар баробари волидайн ва оилаҳои ҷавон нақши аҳли ҷомеа, мақомоту ташкилотҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва хусусӣ дар ташаккули низоми иҷтимоӣ ва ҳимояи ҳуқуқии оилаҳо ва роҳҳои пош хӯрдани онҳо пурзур карда шавад. Дар маҷмӯъ, масъалаҳои вобаста ба ҷомеа, оила ва насли солимро дар доираи як мақола ба пуррагӣ мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор дода намешвад, дар мақолаҳои минбаъда ҳар як самти ин мақолларо ба таври мушаххас баён хоҳем кард.

 Дилороми Раҳмоналӣ судияи суди ноҳияи Рӯдакӣ

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД